Хурофот. Аз он ҳазар бояд кард

№126 (4076) 22.10.2019

Хурофот дар китобҳои луғат сафсатта, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос тафсир шудааст. Маҳз хурофот сабаб шуда, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусулмонӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифтааст ва  рӯзе  нест, ки ба он иттилои нав илова нашавад.

Шоҳиди он ҳастем, ки  давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусулмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қудрату тавоноӣ табдил ёфтаанд. Ҳаводиси солҳои охири Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ далели возеҳи оқибатҳои манфии афзоиши сатҳи ифротгаройии динӣ ва хурофотпарастӣ мебошанд. Аксар маврид маҳз зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии «ҳадафрас» шудани тасмимоти беруна  аст.

Дар мамлакати мо  давлат баҳри такомули афкори динӣ ва масоили марбут ба он дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ кардааст, ки ба талаботи ҷомеа созгоранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки  бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин, баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳаб, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон қабул шудааст, далели бебаҳси ин гуфта мебошад. Аз далелу арқоми таърихӣ бармеояд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ  тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ  ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.

Ин арзишҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баръакс, онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат бояд бахшид. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд.

Мо бояд фаромӯш накунем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав – таври густурда тарғиб намудани арзишҳои динӣ  маъмул гардида буд. Кор то ба ҷое расида буд, ки як олими дониши мукаммал дошта дар радифи ба ном «муллои чаласавод» қадру манзалат надошт.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки ҳамрадиф бо арзишҳои миллӣ арзишҳои  динии худро эҳё намоем. Натиҷа ин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, аз ҷумла, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон, шаҳодати гуфтаҳои болост. Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели  гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабӣ мебошад.

Ҳоло вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии мост, ки аз хурофот ҳазар кунем, тафаккури насли ҷавонро аз олудашавӣ бо ифротгаройӣ ҳифз намоем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои миллӣ  истифода барем.

Маърифат ДУШАНБИЕВА, омӯзгори МТМУ №77-и шаҳри Душанбе