Ҷиҳоди акбар

№6 (3486) 13.01.2016

Дар дунё ҳастанд гурӯҳҳои мухталифе, ки аз эътиқоду боварии мардуми мусалмон истифода бурда, дар паноҳи дини мубини Ислом даст ба корҳое мезананд, ки на танҳо ин дини поки беолоишро бадном менамоянд, балки сабабгори марги ҳазорон нафар одамони бегуноҳ мегарданд. Агар мо аҳодиси паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммадро (дуруд ба равони покаш) аз сидқ биомӯзем, мебинем, ки мақсаду мароми ин дин ба куллӣ дигар аст. Динест, ки инсонро танҳо ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию бародарӣ, ободкорию созандагӣ ҳидоят менамояд.

Ҳанӯз бачаи мактабхон будам ва ба шунидани қиссаву ҳикояҳо аз забони калонсолон рағбати зиёд доштам. Рӯзе қатори дигар қиссаҳо шунидам, ки Расули Акрам (дуруд ба равони покаш)  вақти аз майдони ҷанг баргаштану вориди шаҳр гардидан ба ёрону асҳоби хеш рӯй оварда мегуфтаанд: «Аз ҷиҳоди асғар ба ҷиҳоди акбар баргаштем». Баъдтар донистам, ки ҷиҳод корзор асту асғар хурд ва акбар бузург. Тааҷҷуб мекардам, ки паёмбари Худо ҷангу хунрезиро «ҷиҳоди асғар» ва дар шаҳри ором кору зиндагиро «ҷиҳоди акбар» мегуфтаанд.

Баъди сипарӣ гардидани солҳо дарёфтам, ки ӯ кадом мушкилотро пеши рӯй овардаву чиро ба тобеони худ таъкид кардааст. Вожаи «ҷиҳод» бо вожаи «ҷаҳд» хешӣ дорад ва агар як маънои он корзор бошад, маънои дигараш саъю талош аст. Расули Худо (дуруд ба равони покаш) «ҷиҳоди асғар» барои он гуфтааст, ки ҳама воқеа дар пеши рӯй рух медиҳад. Яъне, ҷанговар медонад, ки дар рӯ ба рӯяш душман истодааст ва бояд бо ӯ дар набард бошад. Аммо «ҷиҳоди акбар» оғози корҳои бузургест ҷиҳати обод кардан, ҳидояти мардум ба роҳи рост, тарбияи насли наврас, пешгирии ҳар гуна рафтори номатлуб ва ғайра.

Чун ҷангу хунрезӣ поён меёбад, инсон дар рӯ ба рӯяш харобазор, мардуми ноумеду дилшикаста, ятимони бешумор, беваву бечора ва боз мушкилоти зиёдеро мебинад. Дар он соат агар ӯ шахси қобилу кордон, босаводу ҳимматбаланд набошад, ҳароина бори дигар дар кишвар бесарусомонӣ оғоз меёбаду то дерҳо тӯл мекашад. Дар ин рӯзҳои мушкил ночорию ноилоҷӣ инсонро ба роҳҳои номатлуб — ғоратгарӣ, дуздӣ, мардумфиребӣ, дурӯғгӯйӣ ва ғайра ҳидоят менамояд. Пас муҷоҳид- ҷиҳодкунанда, ҷаҳдкунанда танҳо дар он сурат ба номи худ сазовор мегардад, ки ба хотири ободии кишвару зиндагии осудаи мардум ранҷу заҳмат бикашад. Тамоми неруву тавонашро ба корҳои созандагӣ ва ободӣ сарф намояд. Ба амволу сарвати ҷомеа ва мардум дастдарозӣ накунад, ба додаи Худованд қаноат намояд.

Расули Акрам (дуруд ба равони покаш) масоили ободкорӣ, тарбияи инсон, таъмини маишати маъюбону ятимон ва дигар масоили муҳимро медиду пайравонашро ба он ҳидоят мекард, ки корҳои бузургро анҷом диҳанд, то ба манфиати ҷомеа ва давлатдории эшон бошад.

Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ба фоҷиаи бузург гирифтор шуд. Қавмбозию маҳалгаройӣ ба авҷи аъло расид. Маҳз дар чунин шароити душвор, хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омад. Агар ӯ ғами мардумро намехӯрд, агар барои якпорчагии Тоҷикистон талош намекард, бешубҳа, он бесарусомониҳо то дер давом мекарданд. Ин ҷавонмарди шариф ақли солимро пеш гирифт ва коре кард, ки имрӯз ҷаҳониён аз мактаби сулҳофарини вай, мактаби созандагию ободкориаш дарси ибрат мегиранд. Яъне, ҷиҳоди акбарро ба анҷом расонид. Ӯ дар зиндагӣ ва фаъолияти кориаш дастури Расули Акрамро (дуруд ба равони покаш) ба хотири бахту саодати мардуми Тоҷикистон бадали заҳматҳои шабонарӯзӣ сарбаландона ва дар як даврони пур аз шӯру шар дар ҳаёт татбиқ намуд.

Ҳамин тариқ,  дини мубини Ислом ва Паёмбари ӯ пайравони худро ба корҳое раҳнамоӣ менамоянд, ки на танҳо манфиати мусалмонон, балки манфиати тамоми башарият ба назар гирифта шудааст.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»