Ҷилои тозаи ливои мо

№6 (3486) 13.01.2016

Рамзҳои давлатии мо аз ҷумлаи муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварамонро дар рӯҳияи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ тарбия менамоянд.

Мутобиқи моддаи 3-юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлатӣ мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падида нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлолияти комил расидани ҷумҳуриҳои он боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас, ба иҷрои вазифа иқдом намуд. Донишу маҳорати Сарвари тозаинтихоби кишвар ва эҳтироми ӯ ҳамчун як фарди бонангу номуси Ватан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо ниҳоят ба низоъу даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои гуногуни давлатдориамон мушарраф гардидем. Баъд аз он ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар Парчами давлатӣ партавафшон шуд, рангҳои сурху сафеду сабзаш чун бахту толеи тоҷикон ҷилои тоза гирифт ва роҳамонро ба сӯи Ваҳдати миллӣ равшан сохт.

Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон назди биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмону ташкилотҳои байналмилалие, ки кишвари мо узви онҳо аст, барафрохта ва  ҳангоми ғолибияти варзишгаронамон дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ баланд бардошта ме-шавад. Ин ҳама боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба мо насиб гаштааст.

24 ноябри соли 1992 эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчами давлатӣ барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлатӣ баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият будан дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.

Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта ва имрӯзу фардои халқ аст. Парчами давлатӣ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам партавафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягонаи мо дарак медиҳад.

БАДАЛЗОДА Фаридуни Бадал, корманди дастгоҳи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе