«Имзои муҳаббат», «Пурсуков» — барномаҳои ҷолиби «Телевизиони Сафина»

№8 (3702) 20.01.2018

 SafinaTVЧанд рӯз пеш баъд аз кор, ба хона даромадан замон, чун одат телевизорро фаъол намуда, барои тамошои барномаи ҷолибе шабакаҳои телевизиониро як-як аз назар гузаронидам. Зимни интихоб дидам, ки аз «Телевизиони Сафина» барномаи наве бо номи «Имзои муҳаббат»  ҷараён дорад.  Он  диққати маро ба худ ҷалб намуд. Муаллиф Саиданвари Бобоҷонро аз тариқи дигар барномаҳои  «Телевизиони Сафина»  мешинохтам, аммо он барномаро бори аввал медидам.

Барнома ҳам аз лиҳози мазмуну муҳтаво, ҳам шакли барномасозӣ ва ороиши саҳна навгонӣ дошт.  Ба итттилои муаллифи   барнома,  он  бори ҳафтум пешниҳоди тамошобинон мегардид ва ҳар дафъа дар барнома таронаи нави ҳунарманде  рӯнамоӣ мешавад. Он рӯз дар барнома овозхон Шӯҳрат Сайнаков аз таърихи  тавлиди суруди наваш бо номи «Лоларухе» бисёр самимона ва ҷолиб нақл кард.

Шӯҳрат гуфт, ки тарона шеъри шоир Қаҳрамон Оламҷонов  аст, ки соли 2003 дар  Бадахшон муаллиф онро ба ӯ  дар коғазе навишта додааст. Вақте баранда аз ӯ пурсид, ки таронаро ба кӣ бахшидааст, Шӯҳрат гуфт, ки   биёед, ба муаллифи сатрҳо занг бизанем ва аз ӯ бипурсем.

Шӯҳрат ба Қаҳрамон Оламҷонов занг зад ва аз тариқи баландгӯяк ба ӯ суолро дод. Қаҳрамон Оламҷонов дар  ҷавоб  гуфт, ки шеърро ба ҳамсараш бахшидааст.

Сипас, Шӯҳрат Сайнаков шӯхиомез гуфт, ки ана дидед, шеъри Қаҳрамон таронаи ман шуд, инак, моли мухлисон гашт ва чун дигар иштирокдорон зери навиштаи «Имзои муҳаббат» дар декаратсияи студия имзо гузошт ва дар фарҷом сурудро пурра хонд.

Хулоса, «Имзои муҳаббат» он қадар хубу диданӣ буд, ки ман аз тамошои барномаи «Муҳорибаи ғайбдонҳо» («Битва экстрасенсов»), ки дар ҳамон вақт аз шабакаи  «ТНТ»-и Россия пахш мегардид ва пайваста онро тамошо мекардам,  даст кашидам. Баъди тамошои барнома хостам, ки ба дигар шабака гузарам. Аммо боз  як барномаи дигар, ки он ҳам нав буд, бо номи «Пурсуков» диққати маро ба худ ҷалб намуд. Дар барнома журналисти ҷавон Шаҳло Тураева  ба  тамошобинон бо се суол — «Шумо чӣ орзу доштед?», «Ба орзуятон расидед?» ва «Дар оянда чӣ орзу доред?» муроҷиат кард.  Ҳар як ҷавоби тамошобинонро Маҳмудхон Кабиров аз лиҳози илми равоншиносӣ шарҳ дода, сабабҳои ба орзуҳо расидану нарасиданашонро  тавзеҳ медод.

Банду баст ва ороиши барнома он қадар ҷолиб буд, ки бе ягон муболиға аз он чашм канда намешуд. Онро ҳам то охир тамошо карда, хастагиямро фаромӯш кардам. Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» вақтҳои охир  аз такрори барзиёди барномаҳо даст кашида, кӯшиш дорад ба бинандагон бештар барномаҳои тозаву ҷолиб пешниҳод намояд.   Барномаҳои нави ин шабакаи фарҳангӣ, аз  қабили «Шоми Душанбе», «Қадамҷо», «Сайри Тоҷикис­тон», «Пурсуков», «Имзои муҳаббат», «Тану ҷон», «Эпилог», «Санҷиш», «Нӯши ҷон», «Асолат», «Карйера»  «Ёрии таъҷилӣ» ва «Рисолати таърихӣ» дар жанрҳои гуногун  таҳияву пахш мегарданд ва дар байни тамошобинон маҳбубият пайдо кардаанд.

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба намоиши филмҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи хос медиҳад ва онҳоро пайваста пешниҳоди тамошобинон мегардонад.

Коршиносон бар он андешаанд, ки  ин шабакаи телевизионӣ имкон дорад бештар филмҳои бисёрсериягӣ ва муаллифиро ҳам ба навор гирифта, пешниҳоди тамошобинон гардонад.

Рухсораи НУР,  журналист