Аз таърихи як сурат

Кӣ «Зани Панҷобӣ»-ро рӯҳ бахшид?

№105 (4211) 29.08.2020

IMG_0004Дар арафаи Соли нави 2005 ба аёдати Артисткаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, ҳунарпешаи театру кино Нозукмоҳ Шомансурова рафта, таърихи иҷрои нақши Робия аз филми ҳунарии «Қисмати шоир»-ро пурсон шудем. Ҳангоми тамошои суратҳо, ки лаҳзаҳои ҷудогонаро аз спектаклу филмҳои  бадеӣ инъикос кардаанд, чашмам ба расми ғайриодӣ афтод, ки бо ҳуруфоти форсӣ ва кириллӣ чунин навиштаҷот дошт: «Нависандаи ҳинд Балвант Гарги — муаллифи спектакли «Зане аз Панҷоб» (ё «Зани панҷобӣ»). Дар нақши Кесро — Н. Шомансурова. Шаҳри Москва, Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Шепкин, соли 1958».

Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту таърихи суратро пурсидам.

- Мо, ҷавондухтарон ва писарони тоҷик Ҷаҳон Саидмуродов, Бахталӣ Сабзалиев, Анвар Тӯраев, Саодат Ҷӯраева, Оиша Турсунова,  Шамуэл Муллоҷонов, Султон Сафаров, Валиҷон Ҷӯраев, Қурбонмамад Шодмонбеков, Сайфӣ Мерганов, Дилором Ҷӯрабоева, Неъмат Ноёбов, Зубайдулло Холов, М. Муродова, Д. Ваҳҳобов ва чанд нафари  дигар солҳои 1954 — 1958 дар факултети актёрии Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Шепкини шаҳри Москва таҳсил карда будем. Устодон пешниҳод карданд, ки чанд  пйесаву спектаклро бо қувваи хатм­кунандагони тоҷик ба саҳна гузорем. Шамсӣ Қиёмов солҳои 1957 — 1958 дар курсҳои сенариянависони назди Омӯзишгоҳи олии театри ба номи М. С. Шепкини шаҳри Москва мехонду чун педагоги маҳорати актёрӣ ба  мо — донишҷӯёни студияи тоҷикӣ дарсу машғулиятҳо мегузаронид. Спектакли «Даъвати ҳаёт»-и драмнавис Феликс Тошмуҳаммадовро бо кумаки ӯ саҳнавӣ гардонидем.

Нақшҳои асосиро  Шарофат — Саодат Ҷӯраева, Иброҳим — Бахталӣ Сабзалиев, Карим — Сайфӣ Мерганов, Мамлакат — Дилором Ҷӯрабоева, Фирӯз — Султон Сафаров иҷро карданд.

Асари дигаре, ки ҳамроҳи Шамсӣ Қиёмов интихоб кардем, пйесаи нависандаи шинохтаи Ҳиндустон Балвант Гарги — «Зани панҷобӣ» буд. Балвант ҳамон сол бо гурӯҳи артистони шинохтаи ҳинд ба Иттифоқи Советӣ ташриф оварда, бо  коллективи театр ва муассисаҳои фарҳангиву донишкадаҳои шаҳри Москва мулоқот дошт. Инчунин, ба омӯзишгоҳи мо омада, пйесаашро дар иҷрои донишҷӯёни тоҷик тамошо карда, хеле хурсанд шуд. Ман дар он нақши Кесроро иҷро кардам.

- Ҳамчунин, ба мо — донишҷӯён як нусхаи  матни пйесаро бо чунин соядаст  тақдим кард: «Ба донишҷӯёни омӯзишгоҳ, ки асари маро ҷону рӯҳ бахшидаанд».

Балвант Гарги пешниҳод намуд, ки донишҷӯёни тоҷик, ки дар пйесаи зикршуда нақш офаридаанд, ба Ҳиндустон меҳмон шаванд. Ин пешниҳодро бо хушнудӣ пазируфтем. Аммо азбас­ки аз ҳисоби мо, 20 хатмкунандаи омӯзишгоҳи олии театрӣ моҳи августи соли 1958 дар назди Театри Лоҳутӣ бояд Театри ҷавонон ташкил мешуд, дигар фурсат намонд, ки ба  Ҳиндустон сафар кунем.

Тибқи анъанаи тоҷикон ба меҳмон ҷомаи беқасаб пӯшонида, барояш палави тоҷикӣ пухтем.

Соли 1958 дар назди Театри овозадори Лоҳутӣ театри нав — Театри ҷавонони Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Соли аввал ба репертуар спектакли «Даъвати ҳаёт»- и Ф. Тошмуҳаммадов ва пйесаи «Зани панҷобӣ»- и Балвант Гарги дохил буданд.

Мутаассифона, фаъолияти Театри ҷавонон дер давом накард. Аз шарикдарсонам ман, Ҷаҳон Саидмуродов, Бахталӣ Сабзалиев, Зубайдулло Холов дар Театри Лоҳутӣ мондем. Анвар Тӯраев, Шамуэл Муллоҷонов, Валиҷон Ҷӯраев ба киностудияи «Тоҷикфилм», Оиша (Соро) Турсунова ва Саодат Ҷӯраеваро ба радио ва телевизион фиристониданд.  Қурбонмамад Шодмонбеков солҳои зиёд дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи М. Назаров ва Хонаи маданияти шаҳри Хоруғ фаъолият дошт. Султон Сафаров илмро интихоб намуд ва солҳои зиёд ба ҳайси ҷонишини вазири маданияти РСС Тоҷикистон кор кард.

Дар сурати таърихие, ки зикр шуд, аз рост  муаллифи пйесаи «Зани панҷобӣ» нависанда ва драматурги Ҳиндустон Балвант Гарги, Қурбонмамад Шодмонбеков ва ман аккосӣ шудаем, — гуфт дар хотимаи мулоқот Нозукмоҳ Шомансурова.

Ин сурат таърихи зиёда аз 60-сола дорад. Дар бадали солҳо бештар нафарони зикршуда аз дунё гузаштаанд. Се нафар — коргардони шинохта Анвар Тӯраев дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Бахталӣ Сабзалиев дар шаҳри Душанбе ва Қурбонмамад Шодмонбеков дар шаҳри Хоруғ давлати пирӣ меронанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»