Кенҷа Қулов: «Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саросар ҳикмат аст»

№96 (3733) 12.08.2017

- Амаки Кенҷа на танҳо дар байни сокинони шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб, балки берун аз он ҳам соҳибиззат аст. Солҳои зиёд аст, ки ҳамчун тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов шинохта шудааст. Ӯ баҳри ободию сарсабзии шаҳраки Такоб ва маҳаллаи ба номи А. Рӯдакӣ талоши зиёд менамояд. Собиқаи 50-солаи корӣ дорад ва ҳамчун фарди фидокор дар роҳи сулҳу субот ва якпорчагии Ватан эътироф гардидааст, — мегӯяд раиси ҷамоати шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб С. Шокирова.

- Дар ҳалқаи ҷигарбандон зиндагии осуда дорам. Ба фарзандону пайвандон ва ба ҳамаи онҳое, ки дар зиндагӣ медонаму мешиносам, пайваста талқин менамоям, ки шукргузору қаноатпеша бошанд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки саропо ҳикмат асту ба некуаҳволии халқ равона шудааст, бо ҷону дил дастгирӣ намоянд,- бо қаноатмандӣ мегӯяд ӯ.

Амаки Кенҷа дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз соли 1981 вазифаи раиси Кумитаи маҳаллаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳраки Такоби ноҳияи Варзобро ба уҳда дорад. Аз он меболад, ки мардум тайи солҳои зиёд ба вай эътимод кардаанд.

- Ман аз сокинони маҳал миннатдорам, ки ба банда эҳтиром гузошта, се даъват- солҳои 2005-2010, 2010-2015 ва 2015-2020 вакили Маҷлиси вакилони Ҷамоти шаҳраки Такоб интихоб намуданд. Ин боварӣ маро водор менамояд, ки барои сокинони маҳал хизмати арзанда кунам, -иброз медорад Кенҷа  Қулов.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Такоб                      С. Шокирова зикр намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Кенҷа Қулов аз масофаи 4 км ба маҳаллаи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оби нӯшокӣ гузаронида шуд. Номбурда шарики ғаму шодии мардум буда, моҳияти қонунҳо, супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро ба мардум шарҳу эзоҳ медиҳад ва ба иҷрои саривақтии онҳо даъват менамояд.

- Хизматҳои Кенҷа Қулов, воқеан ҳам, шоистаи қадрдонӣ аст, — иброз дошт ­­  С. Шокирова.

Наргиси Муродалӣ