«Маҳкуми бегуноҳ» — сафобахши рӯҳу тавонбахши равон

№36-37 (3880-3831) 20.03.2018

IMG копияКитоби «Маҳкуми бегуноҳ» (номи аслиаш «Худо ҳақро мебинад, лекин зуд кашф намекунад») асари нависандаи оламшумули рус Лев Николае­вич Толстой мебошад, ки бо эҳтимоми раиси «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон», донишманди хушсалақаи тоҷик Шодӣ Шокирзода ба табъ расид. Дӯстдорони адаб медонанд, ки яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон – романи «Ҷанг ва сулҳ» ва асарҳои сершумори арзишманди дигар аз афкори сеҳрофари ин адиби тавоно таровидаанд. Бидуни шак, ҳар асари  навиштаи ин адиби номдор ҷаззобу таъсирбахш аст. Бинобар ин, хондани осори ӯ барои ҳар инсон аз манфиат холӣ нест.

Китоби «Маҳкуми бегуноҳ» аз муқаддимаи муфассалу пурмуҳтавои мураттиб ва чор боб иборат мебошад. Боби аввал 5 ҳикояи нависандаро дар бар мегирад. Мутолиаи боби дуюми асар  барои хонандагони ҷавон судманд аст, зеро дар он афсона, масал, ривоят,  иншо ва ҳикояҳо барои бачаҳо матраҳ гардидааст. Боби сеюм бошад, ба хотирот ва номаҳои нависанда  бахшида шудааст. Дар боби чорум, ки «Ҳикматномаи Толстой» номгузорӣ шудааст, ҳикматҳои нависанда ва порае аз китоби «Маҳдудаи матолиби хонданӣ» ҷой дода шудааст.

Хонанда метавонад дар муқаддимаи мураттиб маълумоти ҷолиби роҷеъ ба шарҳи ҳол, муносибати хонаводагӣ, вижагиҳои ахлоқӣ ва фаъолияти эҷодии нависанда пайдо намояд.

Бо овардани сужаҳои мухтасар ва шарҳҳои кӯтоҳ мураттиб хонандаро водор менамояд, ки пайи дарёфти матлаби асарҳои Лев Толстой шавад.

Романи «Анна Каренина» — тимсоли зане зебо аз табақаи ашрофон аст, ки ба ҳамсару фарзандонаш хиёнат мекунад. Аз номи асар чунин тасаввур мешавад, ки Анна Каренина шахсияти (персонаж)-и аввали китоб аст, аммо муҳтавои ниме аз достон ба муаллиф дахл мекунад. Он дидгоҳи ахлоқиву мазҳабии нависандаро бозгӯйӣ менамояд. Қобили зикр аст, ки ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» тасмим гирифтааст, ки нашри силсилаи «Шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон»-ро роҳандозӣ кунад.

Хулоса, китоби «Маҳкуми бегуноҳ» сафобахши рӯҳу тавонбахши равони ҳаводорони каломи бадеъ ва дигар ёрони сухан хоҳад буд.

 Абдухолиқи Мирзозода, «Садои мардум»