Махсусиятҳои наврӯзи Хуҷанд

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

0517752_bНаврӯз ба аввалин рӯзи моҳи фарвардин рост меояд, ки шабу рӯз баробар мешаванд. Он мутобиқ ба 21-22-юми моҳи март ва рӯзи якуми бурҷи ҳамал ба ҳисоб рафта, он рӯзро дар Осиёи Миёна, аз ҷумла вилояти Суғд «Офтобтарозу» ва «Ҷуфтбаророн» меноманд. Рӯзи «Ҷуфтбаророн» занон бо умеду орзуҳо дастурхони пурнозу неъмат мекушоянд, чалпак мепазанд ва онро ба шохи гов мебанданд. Сипас, бо дуои неки пирони рӯзгор ва зери садои карнаю дойра говҳоро ба саҳро ронда, ба замин тухмӣ мепошанд. Садои дойра ва суруди «Суманак дар ҷӯш» то хурӯсҷеғ ба гӯш мерасад.

Дар ин рӯз мардум ба аёдати хешу табор, пирони маҳалла ва беморон мераванд. Фарзандонро ҳамроҳ мегиранд, то дар назди калонсолон нишастанро омӯзанд, аз одоби таомхӯрӣ, муошират, суҳбат ва ғайра бархӯрдор гарданд.

Муаллифи ин сатрҳо Наврӯзи солҳои 50-уми асри ХХ-ро хуб дар хотир дорам. Дар рӯзҳои аввали арафа, се рӯз пеш аз ид, мо — духтарон ҳамроҳи модарам кӯрпаву болишт, қолинҳоро ба берун бароварда меафшондем. Доғи либосҳои зимистонаро бо атр ё воситаи дигар тоза карда, ба кисаҳо барги чормағз ё тамоку мемондем ва сипас ба сандуқҳо ҷой мекардем. Зарфҳоро аз нав ­шуста, ба ҷояш мегузоштем. Либосҳоро шуста, бо дарзмоли ангиштӣ ҳамвор мекардем.

Писарон шохҳои хушкидаи дарахтонро мебуриданд, заминро побел мекарданд.

Рӯзи дигар саршӯӣ мекардем ва модаркалонам кокулони ману хоҳарамро майдабофӣ карда, ба нӯгашон пахтапилтаи сафед метофтанд. Шабона ба дастамон ҳинои хушкидаро ба чой тар карда, мебастанд, ба абрӯвон ӯсма мекашидем. Арӯсон бошанд, ба чашм сурма мекашиданд.

Аҳли маҳалла куҳнакола, зарфҳои шикастаро ба сари кӯча бароварда, бар ивази онҳо ангуштарину гӯшвор, ҳуштаки гилини нақшину сурнайчаи рангкардаи тунукагин ё тӯбчаҳои бо коғази ҷилодор печонидашуда мегирифтем.

Шоира Фарзона ин лаҳзаҳоро чунин тасвир кардааст:

Як замон аз кӯчаи мо,

Тунду зебову мутантан мегузашт аспу ароба.

Аз танини ғавҳояш кӯча пур мешуд,

Шишаҳо наҷвокунон овоз медоданд,

Гӯшагирон пардаҳоро мекушоданд.

Рӯзи арафаи охирин занону духтарон барои ороиши хони наврӯзӣ ба пухтупаз машғул мешуданд. Аз алафу ҳулбаҳои дубаргаю себарга самбӯса мепухтанд, ҳалвои бедуду кунҷидӣ, кулча, нонҳои равғанини сияҳдонаву кунҷитдор, норину шириниҳои дигар тайёр мекарданд. Оши палави наврӯзиро дар шаби ид барвақттар мепухтанд, то ба ҳамсояҳо ва хешу та­бор фиристанд.

Рӯзи ид, саҳарии барвақт, модарам моро аз хоб бедор мекарданд ва либосҳои нав мепӯшидем. Фарзандонро қатор карда, ба дастамон собуни хушбӯ, рӯйпоккун, калӯши наву рӯймоли зебои гулдор дода, якҷоя ба дидорбинии модаркалонамон мерафтем. Дар ҳузури модаркалон мо ангуштарӣ ё гӯшворҳои заррину нуқрагиро, ки болои хони наврӯзӣ гузошта мешуд, мебӯсидем, то ки тамоми сол сарват насибамон бошад. Баъдан, ба берун рафта, ба кӯҳ таъзим мекардем, то ки чун он пойдору сарбаланду устувор ва қавииродаю матин бошем.

Хурсандиовар аст, ки ин анъанаҳои На­врӯзи дилафрӯз, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷаҳонӣ гардидааст, ҳоло ҳам моҳият гум ­накардаанд.

Кибриёхон АТОЕВА,

дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон