Меҳргон – иди шукронаи офтобу заҳмати марди деҳқон

№126 (4076) 22.10.2019

zeleniy_rynokМеҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод аст, ки маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии кишвар аз нав эҳё гардид ва тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  рӯзҳои ид» ҷашни миллӣ эътироф шуд.

Меҳргон аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози «-гон» сохта шудааст. Пасванди «-гон» дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад. Ба ибораи дигар, Меҳргон «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода  намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаш­тагон, инчунин, ҳаммаънои Офтоб омадааст. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқа дорад. Дар замони  қадим  Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав  ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоят, таҳаммул ва дар асри сеюми қабл аз Меҳргон ҳамчун Худои Офтоб шинохта мешуд. Митроро дар Эрони қадим ба сифати наҷотбахш байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри якуми то Меҳргон ва асри дуюми Меҳргон) пайдо мешавад. Дар Арманистони қадим ин калима ба шакли Меҳр — Худои Офтоб, чароғи Осмон  ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар шаҳри Гарни (асри якуми Меҳргон) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар шаҳри Ван бунёд гардид. Номҳои армании Мигран, Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад.

Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он вожаҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ доштааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монивӣ Митро ном дорад. Ориёиҳо ва баъдтар бохтарию суғдиҳо   ғолибони солро дар моҳи боғиёдиш  қадрдонӣ мекардаанд. Калимаи «боғиёдиш» дар забони суғдӣ исми моҳ будааст, яъне  дар моҳи бағ, моҳи иди Митро – Худои Офтоб ба шарафи пешсафу ғолибони давр ид меоростаанд. Калимаи «бағ» дар порсии  қадим ба маънои худоён ва баъдтар бо тағйири шакл ба Митро табдил ёфтааст. Барои тасдиқи ин фикр муҳаққиқон овардаанд, ки моҳи бобулии «Ташрӣ» — моҳи Шамс, яъне Офтоб будааст. Чунон ки моҳи тақвими зардуштии «адвор» ҳамон меҳрмоҳро мегуфтаанд ва дар арманҳо номи моҳе, ки муодил (ҳамноми) ин моҳ аст, Маҳкон  ном дорад. Дар форсии қадим моҳи иди бағ (ё ба суғдӣ фағ) низ маънои Меҳр – Офтобро доштааст. Як чизи дигар аз таърихи забон ва адабиёт маълум аст, ки рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳро низ «меҳр» мегуфтаанд ва гӯё ин рӯзи фариштаи  зардуштӣ  Фурӯғ будааст. Калимаи фурӯғ ҳам маънои равшанӣ, Офтоб ва меҳрро дорад. Иди  Меҳргон рӯзи шонздаҳуми  меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн гирифта мешуд.

Меҳргон мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайра ба ягон дин тааллуқ надорад.  Эронинажодон дар  қадим танҳо ду фасл доштаанд: тобистон (hama) ва зимис­тон (zayana). Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон буд. Баъдтар дигар фаслҳо пайдо гаштанду дар асоси тақвимҳо ҳар чоряки сол фасли алоҳидаро ташкил кард. Меҳргон иди ҷамъбас­ти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилғундорӣ будааст. Дар моҳи меҳр Офтоб ба бурҷи Мизон  қарор мегирад.  Ба бурҷи Мизон даромадан ва то аз он баромадани Офтоб як моҳро (аз 23.09. то 23.10) ташкил медиҳад.  Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар  санаи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябри тақвими маъмулӣ ҷашн  гирифта  мешавад.

Ҳамин нуқтаро дарк ва ба илми дақиқ такя намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 октябрро рӯзи Иди Меҳргон эълон намуданд. Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда, гуфта будааст: «Ин ид барои умуми мардум аст».

Дар яке аз ривоятҳо омадааст, ки пас аз солҳои тӯлонӣ (ҳазор сол) ҳукмронӣ кардани Заҳҳоки Биюросб (Заҳҳоки Морон) халқ ба дод омада, ба муқобили ӯ бармехезанд ва  вориси тоҷу тахти сулолаи  қадимаи Пешдодиён Фаридунро ба сари ҳокимият мехонанд.  Шӯришгаронро Коваи оҳангар сарварӣ мекард, ки аз дасти Заҳҳок ҷабри бисёре дида буд. Заҳҳок ҳабдаҳ писари ӯро ба  қатл расонида, мағзи сари онҳоро ба морон хӯрондааст. Коваи оҳангар пешдомани чарминашро ливо карда, мардумро барои нобуд сохтани Заҳҳок мебарад. Заҳҳок аз ҳамлаи мардуми озодихоҳу адолатҷӯ мағлуб мегардад. Халқ Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд маҳбас карда, Фаридунро ба тахти меросии аҷдодон мешинонад. Аз ҳамон вақт таъбири «дирафши ковиёнӣ» пайдо гаштааст.

Дар гузашта зимни гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд дошт. Рӯзи аввали идро «Меҳргони омма» меномидаанд, ки шаш рӯз давом меёфт. Рӯзи охири онро, ки Ромрӯз ном гирифт, Меҳргони хоса мегуфтаанд. Ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ мегузаронидаанд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштаанд ва метавонистанд маст шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ то   ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшидаанд. Аз даврони Фаридун анъана шуда буд, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфа мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб буд, бар сар мениҳод. Овардаанд, ки шаҳрбон (шаҳрдор, ҳоким)–и Арманистон дар ҷашни Меҳргон 20000 той ба расми армуғон ба дарбори Ҳахоманишиён ҳадя фиристод. Шоҳони Сосонӣ Ардашери Бобакон ва Хусрави Анӯшервон он рӯз ба мардум ҳадя медодаанд. Абӯрайҳони Берунӣ чандин анъанаи иди Меҳргонро махсус  қайд намудааст. Аз нақли ӯ маълум мешавад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае ҷорӣ будааст. Онро ӯ чунин ба  қалам медиҳад: «Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб бо овози баланд мегуфтааст: — Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шаётину шаррҳоро бандубаст кунед ва онҳоро аз рӯйи Замин дафъ намоед!». Аз рӯйи гуфти  Салмони Форс, Худованд барои зинати бандагон ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон офаридааст. Аз ин рӯ, ин ду айём дар фазл ҳамчун сангҳои пурбаҳои ёқуту забарҷад ҳастанд.  Овардаанд, ки Худо Заминро дар ҳамин рӯз офарид ва ба  ҷондорҳо  ҷон ато карду муқарри (соҳиби) арвоҳ гардонид. Мардум бовар доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор хӯрад ва ё гулоб бӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешавад.  Агар шоҳону сарварон рӯзи иди Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёну хидматгузорон ба сарулибос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Давраҳое ҳам будааст, ки бо амри шоҳон байни иди Меҳргони омма ва Меҳргони  хоса чанд рӯз ид мекардаанд. Ин навоварӣ  дар давраи Ҳурмуз – писари Шопури Сосонӣ  ҷорӣ шудааст. Баъдтар Меҳргонро  як моҳи пурра ҷашн мегирифтанд. Анъанае низ роиҷ буд, ки чун дар маъракаи иди Наврӯз ҳар гуна намоишҳои идонаро, ки албатта, рамзи хос доштанд, байни дарбориён ва халқ меоростаанд. Рӯзи Меҳргон дастурхоне аз матои сурх (арғувонӣ) мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд. Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Гоҳо навъи нонро ба дувоздаҳ ҳам мерасонидаанд: аз  қабили найшакар (ё шакар), турунҷ (мевае аз ҷинси лимӯ ва афлесун), себ, биҳӣ, анор, унабӣ (ҷигда), ангури сафед ва меваҳои гуногуни нав хушк кардашуда. Инчунин, рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ (навъе аз сарв) мегузоштаанд. Ҳар ғизои болои хон рамзи хос дошт. Дар атрофи дастурхон суханони некро оид ба файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарз менавиштаанд. Ба шоҳони Сосонӣ рӯйи лаълии калони заррин шакар, ҷавзи ҳиндӣ, хурмои тоза, чормағзи ҳиндӣ ё норгил  ва дар ҷомҳои тиллоӣ шири навдӯшида ва машрубот пешкаш менамудаанд.   Анъанае низ буд, ки одамон дар рӯзи Меҳргон ба тани худ равғани бон (зайтун) молида, ба наздикон гулоб мепошидаанд, то тамоми сол саломат бошанд.

Ҷашни Меҳргон дар қадим, махсусан, дар аҳди Сосониён, хеле тараққӣ карда, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб, дар давраи давлатдории Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халқ маъруф гашт.  Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ шаклан тағйир ёфт. Тирамоҳон дар бисёр ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, маъракаҳо бо номи «Иди ҳосилот» гузаронида мешуданд. Ҳоло ҷашни Меҳргон, ки қонунан эҳё гардидааст  ва андеша дорем, ки зимни таҷлили он ташкили намоиши дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, қадрдонӣ намудани пешқадамони истеҳсолот, барпо намудани озмунҳои гуногуни соҳавӣ, фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ мувофиқи матлаб мебошад.

Султонмуроди ОДИНА, адиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»