Модарак

№34 (4617) 07.03.2023

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Модарак кони афсона буд, ҳарфашро бе масалу мақол намезад. Модарак фаришта буд, бол дошт, парвоз мекард, ҳавои муаттари покро дӯст медошт. Модарак чодари номус бар сар, аз раҳи сарнавишт хор мечид, вале ба хориву пастӣ тан намедод…

Зиндагии модарак ғарқи дарёи ишқу маърифат буд. Насиҳат мекард, панд медод, аз ногуфтаҳо мегуфт. Сафоли модарак бӯи райҳон дошт.

МОДАРАК ВА БОҒЧА

Модарак боғчаи гул дошт, рангоранг, хушрӯву хушбӯ. Ҳар субҳ ба саломи гулҳо мерафт. Баргҳояшонро мешуст, аз рухсораашон мебӯсид, аз ҳолашон мепурсид. Гулҳо ғарқи ноз мешуданд, барои модарак мерақсиданд.

Парвонаҳо давраш мечархиданд, бо болҳои маҳину рангин пайғоми ишқро замзама мекарданд. Парандагон симфонияи зиндагиро барои ӯ менавохтанду месуруданд.

Модарак ҳам гул буд, парвона буд, паранда буд. Аммо хушбӯтар аз гулҳо, зеботар аз парвонаҳо, хушхонтар аз парандаҳо.

МОДАРАК ВА ЧАШМА

Ҳар пагоҳӣ модарак ба саломи чашма мерафт. Рӯи худро дар оинаи об медид. Чашма худро дар чашми модарак мешинохт ва қат­ра-қатра аз рӯяш метаровид.

- Ману чашмони ту дугонаем, — мегуфт чашма, — вале чаро оби онҳо шӯр аст?!

Модарак оби чашмаро рӯи каф мебардошт, мебӯсиду менӯшид ва мегуфт:

- Фаромӯш макун, ки ҳар шириние талхиву шӯрӣ ва ҳар талху шӯр шириние дорад.

Сипас, оби чашмаро ба кӯза меандохту ба хона меовард.

МОДАРАК ВА ФАРИШТАҲО

Модарак хонаро ҷорӯб мезад, кӯрпача меандохту атр мепошид ва дару равзанаро боз мегузошт. Мо, ки рӯи кати ҳавлӣ даври дастархон мешиштем, аз ин кори ӯ ҳайрон мешудему мепурсидем:

- Хона холӣ, барои кӣ кӯрпача меандозӣ?!

- Барои фариштаҳо! — посух медод ӯ.

- Кадом фариштаҳо?

- Эҳ, бачаҳои сода, — алам мекашид модарак аз бехабарии мо, — ҳар шом ба рӯи замин фариштаҳо мисли ситора мерезанд, аммо фақат ба ҷои поку тамиз фуруд меоянд. Ба хонаи норӯфта фаришта намедарояд. Аз манзиле, ки фаришта ибо кард, баракат мепарад. Дили сокинонаш сахт мешавад, ба дару деворашон сиёҳӣ мерезад.

Модарак фариштаҳоро медиду мешинохт ва рози омаданашонро медонист.

МОДАРАК ВА АСП

- Зан асп асту шӯ човандоз, — насиҳат мекард модарак духтаронашро, — аспи човандози беҳунар мелангад. Аммо аспи рисолатдор човандози заифро ҳам ба мурод мерасонад.

- Асп дев аст, — шарҳ медод модарак. Метавонад савори худро ба замин занад, ғуруру таманнояшро бишканад. Девро бо тозиёна идора карда намешавад.

Падаратон чор асп дошт, даври яккамех мечархиданду ҷилва мекарданд. Вақте соҳиби худро медиданд, аз шодӣ по мекӯфтанду мерақсиданд.

Аспи беҳтарин бол дорад, вақте савор шудӣ, парвоз мекунад. Аз чор аспи падаратон яке зарринёли болдор буд, — модарак инро мегуфту даст ба пичаҳояш мебурд, хиёлаш парешон мегашт, баъд оҳиста меафзуд: — Мӯйсафед ишқи зарринёлро ба гӯр бурду болу пари асп шикаст.

МОДАРАК ВА ОИНА

Зану оина дугонаҳои қадимӣ ҳастанд. Модарак ҳам ҳаққи оинаро пос медошт. Духтарону келинҳояшро насиҳат мекард:

- Оина каҷро каҷ, ростро рост менамояд. Худро барои шавҳаронатон оро диҳед, сурма кашед, ҳино бандед, атр занед! Нагузоред, ки дилмонда шаванд. Аммо ба оина бисёр нигоҳ накунед, ҳуснатонро медуздад, рӯятон бенур мешавад.

Модарак ҳам оинаи мо буд. Айбу ҳуснамонро медид. Рӯ турш намекард, сахт намегуфт, нарму ширин гап мезад.

- Шабҳо пеши оина наравед, худро тамошо накунед, — мегуфт ӯ. Оина дунёе дигар аст, шаб­ҳо зиёнбор мешавад. Рӯяшро пӯшеду орому осуда хобед.

Модарак валӣ буд, ғайбро медонист.

ВОРИС,

 «Садои мардум»