Мунодии сулҳу оромӣ

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

Наврӯз ҷашни бостонӣ буда, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Онро бо номҳои «Иди сари сол» ва «Иди соли нав» низ ҷашн мегирифтанд.

Тибқи ривоятҳо, шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ бори нахуст низоми баробар шудани шабу рӯз ва нав шудани солро дарёфт, ки он ба якуми моҳи Фарвардин (мутобиқ ба 21-22 март) рост меояд. Наврӯз ба маънои рӯзи наву тоза, рӯзи нахустин ва аввалин рӯзи соли нав, чун ҷашни пирӯзии хирад ва ҷилои нури он аст. Ин ид оғози фасли шукуфтани гулҳову рӯидани сабзаву гиёҳҳоро ба кишоварзон мужда медиҳад.

Дар бораи таърихи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз адибону муаррихони маъруф, аз қабили Муҳаммади Табарӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон маълумоти зиёд додаанд. Чунончи, мутафаккири маъруф Абӯрайҳони Берунӣ навиштааст, ки шоҳони Сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Ҳар рӯзи ҷашн пазироии мардум аз рӯи ҷоҳу касбу корашон (деҳқонон, рӯҳониён, пешаварон, сипоҳиён, ашроф) табақабандӣ мешуд. Ӯ Наврӯзро нахустин рӯзи Фарвардинмоҳ гуфтааст.

Ҳаким Умари Хайём дар «Нав­рӯзнома» — аш овардааст: «Фарвардинмоҳ моҳест, ки оғози рустани наботот (рӯидани гиёҳон) дар вай бошад. Ва ин моҳ ба бурҷи Ҳамал рост ояд, ки сар то сари вай офтоб андар ин бурҷ бошад… Чун бидонистанд, ки офтоб ду давр бувад: яке он ки ҳар 365 рӯзу рубъе аз шабонарӯз (6 соат) ба аввалин дақиқаи Ҳамал боз ояд. Ва ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бар ин дақиқа метавон омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад. Ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оид овард».

Ин ҷашни бостонӣ аз қаъри асрҳо, насл ба насл бо ҳама одобу арконаш то ба замони мо омада расид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин таъкид намудаанд: «Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро ба сӯи рӯзгори обод, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда роҳнамоӣ мекунад. Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад».

Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бо такя ба осори муаррихони маъруф, ба монанди «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём иди Наврӯзро чун ҷашни мардумии форсизабонон ёдовар шуда, гуфтааст, ки он бинобар иди кишоварзону мардумӣ будан ҳатто дар байни миллатҳои ғайрифорсу тоҷик низ мавриди пазироӣ қарор гирифтааст. Алалхусус, мардуми туркзабон ҷашни ниёкони моро ба номи аслиаш қабул карда, онро ҷузъе аз фарҳанги худ мешуморанд.

Дар иҷлосияи 64 — уми Созмони Милали Муттаҳид аз 18 феврали соли 2010 бо дарназардошти пешниҳодҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар давлатҳо ҷашни Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ қабул шуда, ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардид.

Вобаста ба ин 21 июли соли 2010 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот дароварда шуда, ба ҷои ибораи «Ҷашни Наврӯз», «Иди байналмилалии Наврӯз» ворид гардид, ки он ҳар сол 21 — 24 март ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Наврӯз таҳия ва тасдиқ шудааст.

Воқеан, Пешвои миллат ҷиҳати бошукӯҳу оммавӣ гаштани ҷашни Наврӯз дар кишвар саҳми бузург гузоштанд. Дар марҳилаи аввали сарвариашон (марти соли 1993), дар ҳоле ки аксар мардуми кишвар бар асари кашмакашҳои сиёсиву ҷанги дохилӣ аз зиндагӣ навмед шуданд, ҷашни Наврӯзро муборакбод гуфта, дар дилҳои хаста шуълаи умед афрӯхтанд:

«Ин рӯзи саид ба ҳамаи шумо муборак бошад! Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад».

Дар наврӯзи соли 1994 Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфти зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад».

Ҳамин тавр, сол то сол манзалату шаъну шукӯҳи Наврӯз дар диёри бостониамон баландтар гардид. Ҳанӯз аз даҳаи аввали моҳи март дар шабакаҳои радиою телевизион барномаҳои вобаста ба он оғоз меёбанд. Инчунин, дар рӯзномаю маҷаллаҳо вобаста ба таърихи ҷашнгирии Наврӯзи оламафрӯз мақолаҳо ба табъ мерасанд. Дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор шуда, деҳқонони мамлакат киштукорро оғоз менамоянд.

Таманнои онро дорем, ки аз баракати Наврӯзи хуҷастапай дар кишвар доимо тинҷиву осудагӣ, меҳру муҳаббат ва фаровонию арзонӣ ҳукмфармо бошад.

Файзулло ҚОСИМӢ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон