Мушку анбар

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

Замину осмон Наврӯз дорад.

Табиат ҷомаи гулдӯз дорад,

Зи рашки Тоҷикистони шукуфон

Фалак дар синаи худ сӯз дорад.

Сафобахшандаи олам хуш омад,

Ҷилорахшандаи олам хуш омад.

Бағал бикшо ба истиқболи Наврӯз,

Гули чун хандаи олам хуш омад.

Баҳорон қасд гирад аз зимистон,

Ки то осуда бошад насли инсон.

Заминро гарм созад, нарм созад,

Ки ризқи мову ту гардад фаровон.

Баҳорон накҳати кӯи ту дорад,

Гуле дар сурати рӯйи ту дорад.

Ба мисли моҳ дидам чеҳраи гул,

Хате аз тоқи абрӯи ту дорад.

Азизон, хони наврӯзӣ муборак,

Ҳама ин неъмату рӯзӣ муборак.

Тамоми сокинони кишварамро

Дилангезию фирӯзӣ муборак.

Ҷӯрабек МУЪМИН,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон