Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва сабки ҳиндӣ

№151 (4101) 17.12.2019

Хусайни КангуртиСабки «ҳиндӣ», ки ба номи «шеъри тарз», «тарзи тоза» ёд мешавад, аз асри XVI шурӯъ, аммо аз нимаи дувуми он маъмул гардид. Назирӣ, Урфӣ, Зуҳурӣ, Толиб, Қудсӣ, Шифоӣ, Масеҳи Кошонӣ аз бунёдгузорони он ба ҳисоб мераванд. Аксари донишмандон оғози сабки ҳиндиро аз эҷодиёти Бобо Фиғонӣ, ки аз мактаби вуқӯъ намояндагӣ мекунад, медонанд. Ин байти машҳур аз Соиб аст, ки дар авҷи сабки ҳиндӣ қарор дорад:

Аз оташиндамон ба Фиғонӣ кун иқтидо,

Соиб, агар татаббӯи девони кас кунӣ.

Бояд донист, ки сабки ҳиндӣ на дар Ҳинд, тавре ки бархе аз ноогоҳон мепиндоранд ва менависанд, балки дар Хуросону Эрон ба вуҷуд омадааст. Лиҳозо, сабки «ҳиндӣ» номидани он як иштибоҳ аст, ки бояд ислоҳ шавад. Шоирони ин сабк онро «тарзи тоза», «шеъри тарз» номидаанд. Чунончи, Соиб мегӯяд:

Ба тарзи тоза қасам ёд мекунам, Соиб,

Ки ҷои Толиби Омул дар Исфаҳон пайдост.

Муҳимтарин вижагии сабки ҳиндӣ мазмунофаринӣ маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, шоирони ин сабк камтар ба лафз алоқамандӣ зоҳир мекарданд.

Аксар бузургону сутургони ин сабк шоирони ғазалгӯянд ва дар ҳамин навъи шеърӣ иштиҳор доранд.

Дигар аз вижагиҳои ин сабк, ки ба нозукхаёливу диққати маънӣ, овардани маонии тозаву шигифтангезу ғариб иртибот мегирад, корбурди тамсил аст. Шоир дар ғазали ин сабк дар мисраи аввал мазмун ва маъниеро баён менамояд, ки асосан ақлист, аммо дар мисраи сонӣ барои тасдиқи он мисоле маҳсус (модӣ) меорад ва ба ин тартиб фикру андешаи худро тасдиқ ва таъйид менамояд.

Вақте шеъри Бедил дар асри XVIII ба Мовароуннаҳр омад, дар Эрон бозгашти адабӣ ба вуқӯъ пайваст. Хулоса, баъди асри XVIII адабиёти Мовароуннаҳр зери таъсири осори Бедил қарор гирифт ва шоирон дар асорати тақлиди осори Бедил афтоданд. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ низ аз пайравони мактаби Бедил аст ва хусусан, дар ғазалу маснавии «Комде ва Мадан» ба ӯ пайравӣ намудааст. Агарчӣ ӯ мӯътақиди ӯст, аммо дар осори ӯ ғарқ намешавад. Аммо ин тарзи пайравиро дар Турғал, ки яке аз муқаллидони мутаассиби ӯст, мушоҳида наменамоем. Туғрал он қадар масҳури Бедил аст, ки аксари ғазалҳои худро на танҳо рӯи тарҳҳои ӯ менависад, балки дар поёни онҳо каломи ӯро тазмин мекунад.

Аммо Ҳоҷӣ Ҳусайн бо он ки ба Бедил пайравӣ менамуд, сабки худро ҳифз кард, худшиносии адабӣ, ғурури ҳунарии хешро нигаҳ медорад, дам ба дам мисраъҳои ӯро тазмин намекунад, баҳудаву беҳуда аз ӯ ном намебарад. Танҳо ду маротиба, аммо бамавқеъ аз ӯ ёд мекунад, бе он ки муболиға карда бошад, аз рӯи эҳтиром ва боварие, ки ба ӯ ва осораш дорад, бо як тавозӯъ ва хоксорӣ.

Ҳоҷӣ Ҳусайн дар нимаи дувуми асри XIX ва аввали асри ХХ зиндагию эҷод кардааст. Тибқи ахбори муҳаққиқон, ӯ сафари ҳаҷ кардаву муддате дар кишварҳои араб рӯзгор гузаронида, Фаронсаву Ҳинду Эронро ҳам мебинад. Албатта, ин сафарҳо дар тафаккури ӯ бетаъсир намемонад, аммо, бо ин ҳама осори шоир нишон медиҳад, ки ӯ бо сабабҳои айнию зеҳнӣ имкони ҳамовозӣ бо воқеоти даврро надоштааст. Аз ин хотир, мо таъсири Бедилро дар осори вай мушоҳида менамоем. Хусусан дар ғазалиёт ва достони «Комде ва Мадан»-и ӯ. Инро мо на танҳо аз лобалои осори ӯ, балки аз тамҷиде, ки вай дар як ғазалаш кардааст ва ин абёти вай дар достони «Комде ва Мадан» бармало боздид менамоем:

 

Муҷаррадтози шаҳристони таҷрид,

Қаландармашраби иқлими тавҳид…

Вилоят аз зуҳураш софанвор,

Бузургӣ аз ҳузураш ҷилваосор.

«Муҳити аъзам»-у дарёи «Ирфон»,

«Тилисми ҳайрат»-у эъҷози девон.

Саҳобе дар баҳористони маънӣ,

Гулистони хирад, бӯстони маънӣ.

Сипеҳри назму гардуни дироят,

Амири кишвари насру ҳикоят.

Валии арши мазмун, волии дил,

Шаҳи курсии маънӣ, яъне Бедил.

Ногуфта намонад, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн дар шеъру шоирӣ танҳо ба Бедил пайравӣ накардааст, балки ба Ҳофиз низ иродат дошт. Дар ҷое мегӯяд:

 Ҳофиз аз даври Қамар ноладу Ҳоҷӣзи Зуҳал,

Кош будем ба як гӯшаи бедавронӣ.

Лиҳозо, мо дар байни ғазалҳои шоир ба ғазалҳои ҳофизона низ рӯ ба рӯ мешавем. Бо ин ҳама, ғазалиёти Ҳоҷӣ асосан ҳиндиёна аст, на ба равияи бозгашти адабӣ, ки дар Эрону Ҳинд ва хеле заифона дар  Мовароуннаҳр (ба масал дар осори Шоҳин, ки асосан ба сабки шоирони хуросониву ироқӣ сухан мегуфт) ба вуқӯъ пайваста буд. Ба ин маънӣ, вижагиҳои сабки ҳиндӣ, ба вижа услуби Бедилро, ки дар Мовароуннаҳр сабки ҳоким буда, дар осори ӯ ба вузуҳ дида метавонем. Масалан, мазмунофаринию тамсилгароӣ, ки муҳимтарин вижагии сабки ҳиндӣ аст. Ҳоҷӣ низ мисли шоирони сабки ҳиндӣ дар мисраи нахуст матлабро матраҳ менамояд, баъд дар мисраи дувум онро бо овардани шоҳид, яъне тамсил тасдиқ мекунад. Ҳоло чанд намуна аз тамсилҳои шоирро дар ин замина ба хониш мегирем:

 Маҷӯ осори некон аз сиришти зишти бадаслон,

Ки ҳар нофе набахшад накҳати нофи хитоиро.

                                                ***

Хислати ҳар кас ба қадри дастгоҳи ҳиммат аст,

Рӯз нур оварду зулматро парешон кард шаб.

                                                ***

Аз суҳбати золимнафасон фитна барояд,

Оташ ҷаҳад аз теғ, чу гирад ба фасон  баҳс.

Албатта, дар осори Ҳоҷӣ Ҳусайн на танҳо тамсил мазмунофаринӣ, балки хаёлбандӣ, ҳисомезӣ, вобастагии ададӣ, ташхис, лутфу назокати баён, дерёбӣ, печидагӣ, корбурди зиёди ташбеҳу кинояву истиораву маҷоз, муъҷазӣ, такрори мазмун ва амсоли инро, ки аз вижагиҳои муҳими сабки ҳиндианд, низ мушоҳида менамоем. Аммо муҳимтарин хасоиси сабки ҳиндӣ дар шеъри Ҳоҷӣ мазмунофаринию тамсилгароӣ аст, ки намунаҳое аз онро дар боло овардем. Ҳатто баъзе аз ғазалҳои шоир саропо бо тамсил тазйин ёфтаанд. Мисли ин ғазал, ки аксари абёти онро тамсил ташкил медиҳад:

 Муқими хонаро роҳат расад музди нишастанҳо,

Расад дар кулбаи оина сурат бе давиданҳо…

Ба чашми танги мардум аз заифӣ метавон рафтан,

Ки ғайри риштаро раҳ нест дар суфори сӯзанҳо…

Табиист, ки тамоми ашъори Ҳоҷӣ ҳиндиёна нест, хусусан қитъаву рубоӣ, мухаммасҳои ӯ содаву равонанд. Маълум мешавад, ки ӯ ба осори адибони сабкҳои пешин-хуросониву ироқӣ низ назар доштааст. Хусусан, ғазалҳои ҳофизонаро дар девони ӯ зиёд дучор мешавем. Ҳамчунин, овардани номҳои Фирдавсӣ, Заҳир, Низомӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар осораш далели он аст, ки ӯ, агарчӣ асосан дар сабки ҳиндӣ шеър мегӯяд ва пайраву муътақиди Бедил аст, аз осори шоирони сабкҳои пешин низ бебаҳра набуд. Инро аз ин мухаммаси ӯ:

Дамида лола ҳар саҳар ба тарфи кӯҳсорҳо,

Бар ӯ фиканда сунбула зи зулфи хеш торҳо.

Ба сарву ножувон нигар ба самти ҷӯйборҳо,

Ба ҳар чӣ гар назар фитад, гул аст дар канорҳо,

Чӣ хуш, ки умр бигзарад ба ёригулъизорҳо…

ки дар пайравии ин мусаммати машҳури шоири маъруфи равияи бозгашти адабӣ дар асри XIX Эрон-Қоонӣ навиштааст, мушоҳида менамоем.

Агарчӣ Ҳоҷӣ дар сабки куҳан сухан мегӯяд ва ба қавли яке аз муҳаққиқони осори ӯ, дар гурӯҳи шоироне дохил мешавад, «ки аз воқеаҳои иҷтимоии давр дар канор буданд», аммо осори ӯ дорои афкори пешқадамонаву инсонсоз ва дастурдиҳандаву таълимӣ мебошад, ки барои тарбияи шаҳрвандони кишвар, ба вижа насли наврас, дар рӯҳи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар замони истиқлол метавонад хидмат намояд. Мисли ин намунаҳо, ки фалсафаи кору кӯшиш, ҷаҳду орзуву умед, ваҳдат, ҳамдилӣ, талошро тарғиб мекунанд ва барои инсони асри муосир чун обу ҳаво заруранд:

Мурдасифат хоб чанд, хезу хурӯше бикун,

Шиша мукаддар манеҳ, ғофили зангори ӯст.

                                                ***

 Пурсиши мардуми афтодаи бемори асир,

Хислату неку савоб аст, ту худ медонӣ!

                                                ***

Зи ғафлатозмоиҳо нашуд роҳи касе равшан,

Шабошаб ҳамчу шабнам хез, то файзи саҳар резӣ.

Инро ҳам бояд гуфт, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн аз шоирони сабки ҳиндӣ  танҳо ба Бедил пайравӣ накардааст. Таъсири осори Урфӣ, Калим, Соиб, Нозим ва дигар адибони сутурги ин сабкро низ дар осори ӯ равшан мушоҳида менамоем. Ин намунаҳои андак низ метавонанд гуфтаҳои моро тасдиқ намоянд:

Урфӣ:

Гар нахли вафо бар надиҳад, чашми таре ҳаст,

То реша дар об аст, уммеди самаре ҳаст.

Ҳоҷӣ:

Аз дил натавон решаи уммед буридан,

Ин реша дар ин боғ аҷаб шахрасан омад.

Калим:

Дахли беҷо надиҳад ғайри хиҷолат асаре,

Тири каҷ боиси расвоии тирандоз аст.

Ҳоҷӣ:

Набинад ҷуз хиҷолат ҳарзампаймо,

Чу дар шеъри акобир дахли беҷо.

Нозим:

Ҷаҳонгирони маъниро макун нисбат ба Искандар,

Ба як мисраъ ду оламро мусаххар метавон кардан.

Ҳоҷӣ:

Ба шамшери забон марди суханвар

Кунад олам мусаххар чун Сикандар.

Соиб:

Ҳар кӣ по каҷ мегузорад, мо дили худ мехӯрем,

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.

Ҳоҷӣ:

Хотири беғубори ман мазҳари инфиол шуд,

Бар сари ҳар кӣ ғам расид, аз дили ман кашид сар.

Мутаассифона, ҳам «Асарҳои мунтахаб» (1962) ва ҳам «Куллиёт» (1998)-и шоир пур аз хато мебошанд. Хусусан гуногунхонӣ, тасҳифи матн, вожагону таркибот ва ғайра осори шоирро осебпазир кардаанд. Зарур аст, ки ашъори ӯро на танҳо аз назари матншиносӣ, балки аз паҳлуҳои гуногун, хусусан аз назари сабкшиносӣ, таърихи адабиёт, суннату навоварӣ, таъсирпазирӣ, таъсиргузорӣ, мавриди таҳлил қарор бидиҳанд, муҳимтар аз ҳама, матни интиқодии осори шоирро фароҳам созанд ва дар ихтиёри хонандагон гузоранд.

Хушбахтона, соли равон куллиёти Хоҷӣ Ҳусайн бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз тариқи нашриёти «Адиб» чоп шуд, ки гоми устувор дар шинохти ӯ ба ҳисоб меравад. Ба қавли шоир:

Ба қадри кӯшишу андеша хотир файз меёбад,

Ба фикри хуш машав қонеъ, ки хуштар метавон кардан.

Ҷамолиддин САИДЗОДА