Китоби нав

Обёре, ки ба хуни қаламаш об диҳад

№8 (4270) 21.01.2021

«Фарзандони миллат чандон, ки китобхон бошанд, миллат ҳамон қадар неруманд аст».

(А. УПИТ)

ТАкдир Кам нестанд аҳли қалам, ки ба навиштани асари ҷид­дитар ҷуръат намекунанд. Ҳамин тариқ фаъолиятро ҷамъбаст карда, ба нафақа мебароянд. Ҳол он ки агар шахс касби интихобнамударо дӯст дорад, то нафаси вопасин аз он ҷудо шуда наметавонад.

Хайруллоҳи Раҷабиён аз ҷумлаи чунин инсонҳо маҳсуб меёбад. Хатмкардаи Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бо ихтисоси муҳандис – обёрикунанда буда, то ба имрӯз дар соҳа садоқатмандона фаъолият дорад. Азбаски аз хурдӣ ба касби рӯзноманигорӣ ва ҳунари нависандагӣ муҳаббати зиёд дошт, тавонист, ки ба дараҷаи адиби пурмаҳсул камол ёбад. Дар навиштани мақолаҳо, асарҳои бадеӣ ва тарҷума ба қавле устухон надорад. Асосан ба навиштани қиссаю ҳикояҳо рағбат дорад. Муаллифи чандин китоби бадеӣ ва тарҷумаҳо мебошад. Дар замоне ки аксарият бо тақозои гирудорҳои зиндагӣ аз китоб дур шудаанд, ӯ тавонист, ки ҳаводорони зиёд пайдо кунад.

Китоби наваш, ки бо номи «Тамасхури тақдир» нашр гардид, аз ҳикояву қиссаҳои воқеӣ ва мушоҳидаҳо, тарҷума, латифаҳо ва маълумотномаҳо иборат мебошад. Бурду бохт, неку бад, тазоду мунозира, бархӯрдҳои ҳаёти воқеии ҳозираро дар бар мегиранд. Беандешагию такаббур, худхоҳӣ, риёкорию фосиқӣ барин хислатҳои манфиро маҳкум карда, хонандаро аз оқибатҳои ногувори онҳо огоҳ менамояд. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи хонандаро ба фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз қабили одамгарӣ, имону инсоф, муҳаббат ба ҳамдигар, дӯстию рафоқат, дас­ту дил пок доштан ҷалб мекунад. Нависанда  бо аламу афсӯс ва аз муҳити моломоли бемеҳрию сангдилӣ, ҳирсу тамаъ, дурӯғу фиреб дар ҷомеа нақл мекунад. Ҷаҳолату таассуб ва бегонапарас­тиро мазаммат карда, хонандаро ба ҳифзу нигоҳдории асолати миллӣ, расму оини нек, муҳаббат ба Ватан, созандагию ободкорӣ ва суботу осоиштагӣ даъват менамояд.

Нигорандагӣ кори саҳлу сода набуда, аз шахс донишу таҷриба, бурдборию меҳнатдӯстиро тақозо дорад. Хайруллоҳи Раҷабиён муҳандис – обёрикунандаест, ки бо диди зебо ва хуни қалам замини дилҳоро шодоб месозад.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

 «Садои мардум»