Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон…

№71 (4021) 20.06.2019

Шоири бузург Ҳоқонии Шервонӣ дар миёни харобаҳои шаҳри машҳури Мадоин мегашту ашк аз чашмонаш ҷорӣ месуруд:

 Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон,

Асрори Мадоинро оинаи ибрат дон…

Гаҳ-гаҳ ба забони ашк овоз деҳ айвонро,

То бӯ, ки ба гӯши дил посух шунавӣ з-айвон.

Дандонаи ҳар қасре панде диҳадат нав-нав,

Панди сари дандона бишнав зи буни дандон…

Афсӯс мехӯрд, ки инсон бо ақли хеш месозаду билохира, онро бо ҷаҳл дар як лаҳза месӯзад. Беҳтарин офаридаҳояшро метавонад ба харобазор табдил диҳад.

Ҳодисаҳои охири Шарқи Наздикро пеши назар меораму бузургии адиби чирадаст Ҳоқонии Шервониро ёд оварда, ба ӯ аҳсан мехонам. Дар Ироқу Сурия бо дасти фарзанди Одам ҳазорон мероси арзишманд, ки ниёкон барои насли имрӯзу фардо монда буданд, несту нобуд шуд. Садҳо ҳазор одам ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар бесарпаноҳу дарбадар гардид. Сабаби ин ҳама вайронкорӣ чист? Чаро хунрезиҳои замони пешин дарси ибрат намешавад?

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мехостам аз ин боб андешаронӣ намоям, зеро маҳз ваҳдат метавонад барои амалӣ гардидани орзую омоли пешиниёну имрӯзиён шароит фароҳам орад. Зарур ва ногузир аст, ки аз тифли гаҳвора то пири ҳафтодсола ба маънои вожаи ваҳдат сарфаҳм раванд. Маънии онро дар луғат якрангӣ, ягонагӣ гуфтаанд. Бузургони гузашта дунёро «ваҳдатобод» ва «ваҳдатсаро» номидаанд. Ба ин маънӣ Мирзо Абдулқодири Бедил фармудааст:

Дар ин ваҳдатободи касратбаҳор,

Зи ҳар ҷузв айни гул аст ошкор.

Дар кишвари ҳамҷавор — Афғонистон беш аз 40 сол аст, ки хунрезию харобкорӣ давом дорад. Абарқудратҳо мардуми кишварро ба гурӯҳҳо тақсим карда, аз харобкорӣ манфиат мебардоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сардори давлат интихоб шуданашон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, «Ваҳдатро бақои миллат» гуфтанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат Пешвои арзандаи миллатанд. Роҳи тайкарда, таҷрибаи андӯхта, талошҳои пайвастаашон риштаи кандаи дӯстию рафоқатро ба ҳам пайваст.

Ҳар шахс наметавонад Пешвои миллат шавад. Одамоне ҳастанд, ки орзуи пешво шудан доранд, аммо ин мартаба бо сухани хушку холӣ, бе заҳмату фидокорӣ насиб намешавад. Онеро халқ пешво медонад, ки барои ободии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум ҷонбозӣ мекунад.

Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С. Ятимов дар мақолаи «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (дар доираи шуури муқаррарӣ)» (рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 7 апрели соли 2016,№67) оид ба ин масъала андешаҳояшро асоснок иброз доштааст: «Дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Роҳнамо ниёз доштаанд. Қисмати баркамол ва ҷавони имрӯза, ки мутаносибан-наслҳои асри гузашта ва муосир мебошанд, шоҳиди онанд, ки шахсиятҳои бузург ба хотири сохтан, аз нобудӣ эмин доштан, бақо гузоштан, ҳимоя кардан ва рушду нумӯи давлату миллат ба ин унвон ва мартабаи олӣ ноил гаштаанд».

Биноан, бояд дар атрофи Пешвои муҳтарами миллат муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳамдигарро дӯст дорем ва кишварро ҳифз намоем. Ҳамин аст маънии ваҳдати миллӣ.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»