Пари симурғ ёри мост

№139 (4089) 19.11.2019

Аз насли Коваему адолат шиори мост,

Ҳар ҷо, ки ҳаст адл, ҳамон ҷо диёри мост.

 

Гар байрақи ватан ба фалак сар кашидааст,

Аз қадди сарви мову сари тоҷдори мост.

 

Душман ба қасди куштани мо гарчи ҷаҳд кард,

Ғофил аз ин ки, ҳар пари Симурғ ёри мост.

 

Хатлону Суғду Вахшу Бадахшону Панҷакент,

Будан канори ҳам, қадами иқтидори мост.

 

Омодаем баҳри ватан, ҷон фидо кунем,

Ободии ватан ҳадафи устувори мост.

 

Акнун, ки боғи сулҳ ҳама ҷо шукуфта аст,

Имрӯз посдорӣ аз он эътибори мост.

 

Ҳаргиз ғариб, чашму дили мо намешавад,

То Пешвои миллатамон дар канори мост.

 

Рустам АҶАМӢ