Паёме созгор бо набзи айём

№26 (3506) 27.02.2016

Ҳар сол Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мардуми кишвар бесаброна интизорӣ мекашанд, ки ин омил аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ доштани онро ифода менамояд. Сухан дар сари он меравад, ки ҳар сол бо бардошт аз он дар ҳама соҳа тағйироту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Ҷиҳати ҷолиби дигари Паём дар он зоҳир мегардад, ки он суҳбати ниҳоят озоду шаффофро мемонад ва бурду бохт, ҷамъбасти боз як соли сипаришударо дар бар мегирад. Ба ин монанд зиёданд паҳлуҳои таваҷҷуҳовари ин ҳуҷҷати муҳим, ки бо дарназардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ҳар як Паём аз тарафи мутахассисон бояд мавриди омӯзиш қарор гирад.

Ҳамчун як узви ҷомеа  бетарафиро барои худ раво надониста, зарур шумурдам, ки фикру мулоҳизаҳои худро доир ба муҳимияти ин ҳидоятномаи миллат рӯи коғаз оварам.

Баробари ба мутолиаи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эм­ома­­лӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтан аз нахустсатрҳои он эҳсос мегардад, ки чӣ масъулияти бузурге имрӯз ба зиммаи ҳар як шаҳрванд вогузор шудааст. Дар Паём минҷумла омадааст: «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Ба фаҳмиши ман, ҳамин чанд сатр барои инсони аҳли фаҳму бофаросат мавриди аз даст надодани зиракию ҳушёрии сиёсӣ, аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоштани амнияту осудагии кишвар, ҳимояи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, ки бо ҳазорон ранҷу машаққат, муборизаву талафоту қурбониҳо ба даст омадаанд, кофист, ки вазъиятро дарк намояд. Беҳтарин нишонаи ватандӯстии мо — тоҷикону тоҷикистониён дар ин давраи ҳассосу мураккаб нигоҳдошти вазъи муътадили сиёсии  кишвар, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳид гардидан дар атрофи Пешвои миллат мебошад. Дигар мушкилоти мавҷудаи ҷомеа батадриҷ ҳалли худро хоҳанд ёфт. Мо ҳуқуқи маънавии қурбони эҳсосоту манфиатҳои ночизи шахсӣ, гурӯҳию ҳизбӣ кардани дастовардҳоямонро надорем, зеро ин амал ҳаргиз аз тарафи халқу миллат, наслҳои оянда ва ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахшоянда буда наметавонад.

Бояд зикр намуд, ки новобаста аз он ки дар Паёми имсола ба ҳама соҳа, камбудию мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа дахл карда шудааст, аз бисёр лиҳоз он хусусияти глобалиро дар роҳи ҳалли мушкилоти умумибашарӣ касб намудааст. Боиси истиқбол мебошад, ки Тоҷикистон, сарфи назар аз кишвари хурд буданаш, дар шахсияти Президенти мамлакат дар рӯ ба рӯ бо мушкилоту фоҷиаҳои ҷаҳони муосир бетарафиро ихтиёр накарда, боҷуръатона, бо пешниҳоду масъалагузориҳои бамаврид дар ҳалли онҳо саҳм дорад. Муҳимтар аз ин, бисёре аз таклифу пешниҳод ва ташаб­бусҳои ҷониби Тоҷикистон аз тарафи СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин гувоҳи он мебошад, ки мо — тоҷикон ҳамчун як миллати қадимию  созанда истеъдоди фитрии ҳалли дилҳо мушкилу муамморо бо роҳи маслиҳату машварат дар замир дорем. Ин омил дар мисоли сулҳи тоҷикон эътирофи худро пайдо намудааст. Муътақидам, ки дар ҳаллу фасли дилхоҳ мушкилоти имрӯза низ муваффақ хоҳем шуд.

Дар ҷамъбасти андешаҳои худ гуфтан мехоҳам, ки дар Паёми навбатӣ бисёр роҳу тадбирҳои мушаххаси ислоҳу бартараф намудани камбудию  нуқсонҳо ва мушкилоти мавҷудаи ҷомеа муайян шудаанд, ки дар сурати риоя ва татбиқи онҳо иқтисодиёти кишвар бо суръати бемисл метавонад рушд ёбад. Пеш аз ҳама, эҳтиром ва риояи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, боз ҳам баланд бардоштани мақоми маориф ва илм, меҳнати содиқона, сарфаю сариштакорӣ, мутобиқат ва мусаллаҳ гардидан бо дастовардҳои муосири техникию технологӣ аз ҷумлаи талаботи мазкур мебошанд.

Дар Паёми имсола, қариб ки соҳае намондааст ба он дахл нашуда бошад ва ин худ бозгӯйи сиёсати бунёдкоронаву созандаи роҳбарияти кишвар ба хотири амалӣ сохтани мақсаду ғояҳои олии миллию давлатдорӣ мебошад.  Бо дилпурӣ ва назари нек гуфта метавонам, ки сарбаландонаву муваффақона ҳама гуна мушкилоту буҳронро сарҷамъона таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пушти сар хоҳем кард ва Тоҷикистонро ҳамрадифи мамолики пешрафта мегардонем.

Ибодулло МАҲМАДУЛЛОЕВ,  ҳуқуқшинос