Покистониҳо дар Наврӯз ду ид доранд

№36 -37 (4142 - 4143) 21.03.2020

PAKISTAN6@2xМардуми Покистон низ чун дигар сокинони Машриқзамин аз омадани баҳор хушнуд мешаванд. Зеро «арӯси сол» ба ҳар хонадон сафо меорад. Наврӯзро дар баъзе қисматҳои Покистоне, ки 200 миллион сокин дорад, бо номи  аслиаш ва дар бархе аз қисматҳо ҳамчун «Ҷашни Васант» («Ҷашни Баҳорон») таҷлил мекунанд. Дар минтақаҳои  шимолу шарқии Покистон, ба монанди  Кашмири Озод, Хунза, Балуҷистон Гилгит ва Балтистон Наврӯзро  мисли тоҷикон ҷашн мегиранд. Дар баробари тайёр кардани  сумалак ва дигар ғизоҳои наврӯзӣ дар ин ҷо мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бузкашӣ, чавгонбозӣ, аспдавонӣ ва ғайра баргузор мешавад.

Соли 2009 дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб бо пешниҳоди 12 кишвар (Афғонистон, Ироқ, Озорбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон ва Ҳиндустон) ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ба мероси башарии фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ  дохил шуд.

19 феврали соли 2010 Маҷлиси умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки  тибқи он ҷашни Наврӯз бо тамоми  арзишҳояш эҳё гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шуд. Дар ҷашни Наврӯзи соли 2012- ум 6 ҳунарпешаи покистонӣ бо даъвати ҷониби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада, маҳфили ҳунарии наврӯзиро боз ҳам рангинтар карда буданд. Имсол низ дар оғози фасли баҳор тайи се рӯз дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали ҳунари  Покистон доир шуд.

Соли 2019 дар шаҳри Исломобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Улвӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид, ки дар он сафирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ин чорабинӣ, ки ду рӯз идома ёфт, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб, сурат, филмҳои бадеӣ ва наътхонӣ доир гардид.

Дар кишвари мо 23 мартро ҳамчун Рӯзи  таъсисёбии Покистон таҷлил мекунанд. Соли 1940 дар ин рӯз дар шаҳри Лоҳур Эъломияи Покистон қабул шуда, пас аз 7 сол боиси таъсиси давлати  алоҳидаи  мусулмонон дар нимҷазираи Ҳинд гашт.

Субҳи 23 март дар шаҳри Исломобод ба ифтихори ҷашни миллӣ 31 гулоташ (салют) зада мешавад. Ба ин муносибат дар пойтахти Покистон  паради низомӣ мегузарад.

Намоишгоҳҳои ҳунарию маҳсулоти арзони озуқаворӣ доир шуда он рӯз истироҳатӣ аст.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба халқи ин кишвари ба мо дӯст осмони софу беғубор, тандурустӣ, хонаободӣ ва пешрафту  комёбиҳоро таманно мекунам. Дӯстии Покистону Тоҷикистон поянда бод!

Имрон ҲАЙДАР,  сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон