Дар мавзӯи муҳим

Рӯҳи озурдаи қаҳрамонро кӣ шод мегардонад?

№92 (3729) 02.08.2017

МанзилҲайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов соли 1941 19 сол доштанд, ки баҳри ҳимояи хоки муқаддаси Ватан ба фронт рафтанд. ҳар ду то он дам дар колхози «Сохтмони Вахш»-и ноҳияи Октябр (ҳоло  деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш) кор мекарданд. Барои шуҷоату қаҳрамонӣ соли 1943, ҳангоме ки 21 — сола буданд, ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардиданд.

 Дар Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 16 октябри соли 1943 навишта шудааст: «Барои убури муваффақонаи дарёи Днепр дар қисмати шимолии Киев, ишғоли мавқеи мустаҳкам дар соҳили ғарбии дарёи Днепр ва барои нишон додани шуҷоату қаҳрамонӣ 201 нафар ҷанговарон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардонида шаванд. Ба онҳо, ҳамчунин ордени Ленин ва медали «Ситораи тилло» супурда шавад». Дар байни ин 201 нафар номи тоҷикписарони шуҷоъ — сержант Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов низ буд. Дар ҳуҷҷати дигари таърихӣ- тавсиянома барои гирифтани чунин унвони олӣ, ки онро командирони Ҳайдар Қосимов — подполковник Шишков ва генерал Рокоссовский навиштаанд, чунин сатрҳоро мехонем: «Ҳайдар Қосимов барои ин унвони олӣ арзанда аст».

Мутаассифона, дар майдони ҷанг Қудрат Қаюмов ҳалок шуд. То ба ҳол ҷойи дафнаш низ муайян нашудааст. Хушбахтона, Ҳайдар Қосимов сиҳату саломат ба Ватан баргашт ва ба хотири ободию пешрафти мамлакат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ садоқатмандона кор карда (аз ҷумла 10 сол раиси Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш буд), ба гирифтани дигар ордену медалҳо низ шарафёб гардид. Номи ӯ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои мардуми Иттифоқи Советӣ шинос буд. Ҷавонону наврасон қаҳрамонро пайваста  ба маҳфилу ҷамъомадҳо даъват мекарданд, аз ӯ сабақи зиндагӣ мегирифтанд. Ба Ҳайдар Қосимов аз ҳар гӯшаву канори кишвари бузургу паҳновар ва ҳатто берун аз он мактубу барқияҳо меомад. Чанд ташкилоти комсомолӣ, пионерию дружинаҳо (созмонҳои ҳамонвақтаи ҷавонону наврасон), қисмҳои ҳарбӣ ба номи ӯ гузошта шуданд. Ҳар вохӯрию мулоқот бо қаҳрамон дар тарбияи насли наврасу ҷавон нақши шоиста мегузошт. Онҳоро ба ватандӯстию матонат, далерию мардонагӣ фидокорӣ ҳидоят менамуд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷайҳун Қобилҷон Зулматов, ки он айём вазифаи котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияро ба уҳда дошт, мегӯяд: «Он солҳо насли ҷавон вохӯрию мулоқот бо фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Ҳайдар Қосимовро ифтихор медонист. Ин марди шуҷоъ ба серкории худ нигоҳ накарда, борҳо меҳмони ҷавонони ноҳия гардидааст. Шояд натиҷаи таъсири  тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ буд, ки имрӯз як гурӯҳ насли ҳамон солҳо ҷавон бо роҳбарии соҳибкори муваффақ Одилҷон Хоҷаев иқдоми шоиста нишон дода, дар деҳоти «Ваҳдати миллӣ»-и ноҳия барои абадӣ гардонидани номи 75 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ лавҳаи ёдгорӣ бунёд намуданд. Маросими кушодани он 13 майи соли равон сурат гирифт. Бисту дуюми июн дар назди лавҳа бо иштироки насли ҷавон ҷамъомади хотиравӣ бо мақсади ба ёд овардани корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо гардид.

Тавре баромадкунандагон зикр карданд, аз 300 ҳазор фиристодаи Тоҷикис­тон ба майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 54 нафар ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардидаанд.

Дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ Ҳайдар Қосимов маҷбур шуд, ки ба ноҳияи Ҷайҳун фирорӣ шавад. Ӯ дар ин ҷо дар хонаи хешовандаш Абдурасул Абдуллоев муваққатан сукунат ихтиёр кард. Чун вазъият дар ноҳия низ муташанниҷ гардид, дӯстонаш ба ӯ тавсия доданд, ки ба хоки Афғонистон панаҳ барад. Вале ӯ бо қатъият гуфт:  «Ман барои ин сарзамин ва ободию озодии он сина сипар намудаам ва онро хеле дӯст медорам. Аз ин рӯ, аз ин марзу бум ба ҷое намеравам».

17 январи соли 1993 аз ҷониби як гурӯҳи нохалаф дар шаҳраки Дӯс­тии ноҳияи Ҷайҳун бо зарби латукӯб кушта шуд. Наздикону пайвандонаш ӯро дар мазори деҳаи Рӯдакии деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун ба хок супориданд. Бо иқдоми бобои Абдурасул дар сари мазори ӯ болои чӯби кандакоришуда сурати қаҳрамон гузошта шудааст.

Имрӯз  бобои Абдурасул дар қайди ҳаёт нест. Се сол пеш ӯ зиндагиро падруд гуфт. Навиштаҳои санги болои мазори қаҳрамон низ хира шудаанд ва бо душворӣ хонда мешаванд.

Ноободии манзили охирати Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов охири моҳи январи соли равон дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ҷайҳун Аминзода Фотеҳи Файзулло аз ҷониби рӯзноманигорон мавриди пурсиш қарор гирифт. Раис ваъда дод, ки масъаларо ҳал менамояд. Ҳатто ба муовини худ ва дигар шахсони масъул супориш дод, ки барои ободу зебо гардонидани манзили охирати қаҳрамон чораандешӣ намоянд. Инак, шаш моҳ аз ваъдаи раис сипарӣ гардид, вале барои ободонии мазори қаҳрамон коре ба сомон расонида нашудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба ифтихори Рӯзи ғалаба (9 майи соли 2017) таъкид карданд: «Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад».

Ҳоло донистан мехоҳем, ки муҳтарам Аминзода Фотеҳи Файзулло ин вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии худро кай адо мекарда бошад?

Барои абадӣ гардонидани хотираи қаҳрамон дар зодгоҳаш ноҳияи Вахш низ метавон корҳои шоистаеро ба сомон расонид. Аз ҷумла, ба хотири ӯ дар назди бинои Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод», ки Ҳайдар Қосимов қариб 10 сол роҳбариашро ба уҳда дошт, лавҳаи ёдгорие гузош­тан мумкин аст. Дар ин лавҳа, ҳамчунин номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Қудрат Қаюмовро низ сабт мебояд кард, зеро номбурда аз ҳамин ҷамоат ба фронт рафта буд. Дар маркази шаҳраки «Вахш»-и ноҳияи Вахш низ ба хотири қаҳрамонон метавон кӯчаеро номгузорӣ намуд.

Ин ду қаҳрамон соли 1941 аз саҳни комиссариати ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа ба фронт рафта буданд. Агар барои пос доштани хотираи онҳо дар ин шаҳр низ ду кӯчаро ба номашон номгузорӣ мекарданд, шоистаи таҳсин мебуд.

Хавфи хатари фашизм ба ивази ҷонбозиҳои чунин бузургмардон  аз миён бардошта шуд. Вале ҳоло зуҳуроти номатлуби дигаре, аз қабили терроризму экстремизм пеш омадааст. Моро лозим меояд, ки ба муқобили он аз тамоми воситаву имконият истифода барем. Аз ҷумла ба воситаи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи корнамоию қаҳрамонии Ҳайдар Қосимову Қудрат Қаюмов барин падарони шуҳратманд.

 Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»