Рӯйдодҳои муҳими соли 2015

№1 (3481) 01.01.2016

1. 23 январи соли 2015 — Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Якуми марти соли 2015 — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид

3. 27 марти соли 2015 — интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд

4. 12 апрели соли 2015 — суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея

5. 8 майи соли 2015 — иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

6. 9 майи соли 2015 — иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба 70 — солагии Ғалаба бар фашизм дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия

7. 15 майи соли 2015 — суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози корҳои сохтмони нақб дар масири роҳи оҳани Ваҳдат- Ёвон

8. 4 июни соли 2015 — ҳамоиши вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон

9. 9 -11 июни соли 2015 — баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005- 2015) дар шаҳри Душанбе

10. 13 июли соли 2015 — суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон

11. 31 августи соли 2015 — иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози тантанаҳои ҷашни 700 — солагии  Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб

12. 2 сентябри соли 2015 — сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

13. 15 сентябри соли 2015 — баргузории Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе

14. 27 сентябри соли 2015 — суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи Саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди  татбиқи амалӣ  ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об»

15. 28 сентябри соли 2015 — суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим»

16. 29 сентябри соли 2015 — суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

17. 14 октябри соли 2015 — суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор»

18. 24 октябри соли 2015 — нахустин сафари расмии Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон

19. 27 октябри соли 2015 — оғози тантанаҳои идонаи 3000- солагии Ҳисор. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнӣ ва ифтитоҳи иншооти сершумор

20. 5 ноябри соли 2015 — Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

21. 11-13 ноябри соли 2015 — сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

22. 30 ноябри соли 2015 — суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи 21-уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

23. 21 декабри соли 2015 — иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия.

Таҳияи  Муҳаммад ЗОКИР,  «Садои мардум»