Сарбози Ватан

№24 (4130) 22.02.2020

  14085547440_6648858cb4_oПари Симурғ бувад шаҳпари парвози Ватан,

Артиши ишқ бувад лочину шаҳбози Ватан.

 

Сипари марзи Ватан ояти мардонагӣ аст,

Поси ин хонаву дар номуси сарбози Ватан.

 

Ҳар замон шуъла занад меҳри ватанхоҳии мо,

Дар дили ошиқи мо гулхани эъҷози Ватан.

 

Дар раҳи нанги Ватан саф бикашем аз дилу ҷон,

Ғайри мо кист дигар ҳамдаму ҳамрози Ватан?

 

Рустами сафдари ӯем ба ҳангоми набард,

Мо ҳама баҳри дифоъ афсари ҷонбози Ватан.

 

Чун Ватан модару модар Ватани хушбахтист,

Нест моро ба ҷаҳон хиттае анбози Ватан.

ВОРИС