7 ноябр - Рӯзи театри тоҷик

Симои Садриддин Айнӣ дар саҳнаи театр

№130 (3276) 06.11.2014

Имсол ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Рӯзи театри тоҷик армуғонеро омода намудаанд, ки он бо диди тоза ба 75- солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов бахшида шудааст.

Тавре директори театр, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Бобоев иброз дошт, ин армуғон -спектакли «Оинаи ду даврон», ки пасон «Гирдбод» ном гирифт, бори аввал манзури тамошобинон мешавад.

Бино ба гуфтаи номбурда, асари саҳнавӣ аз ҷониби Нурмуҳаммад Табаров навишта шуда, саркоргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов ва коргардони театр Нозим Меликов таҳияи асари навро бар уҳда доранд.

Асар аз ҳаёту рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсияти таърихӣ Садриддин Айнӣ нақл мекунад.

Нақшҳои асосии ин намоишномаро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдумӯъмин Шарифӣ мебозанд.

Дар хусуси асари фавқуззикр андешаҳои Шавкат Халиловро пурсон шудем. Мавсуф минҷумла чунин гуфт:

-Ҳарчанд дар репертуари театри мо асарҳои шоиста буданд, вале пешниҳод шуд, ки як намоишномаи навро рӯйи саҳна орем. Пӯшида нест, ки имрӯз шахсияти  Садриддин Айнӣ барои бисёриҳо, аз ҷумла насли нав, таври зарурӣ кушода нашудааст ва маҳз ҳамин нукта диққати моро ҷалб кард.

Вақте масъалаи ба- саҳнагузории намоишнома пайдо шуд, нахуст бо  драманавис, устод  Нурмуҳаммад Табаров суҳбатҳои тӯлонӣ доштем. Он кас дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод С.Айнӣ хотироти зиёд доштанд. Мо дар бораи намоишномаи театрӣ маслиҳат намудем ва устод асари «Айнӣ кист»-ро ба мо пешкаш намуданд. Минбаъд ҳамроҳ кор кардем ва намоишномаро «Оинаи ду даврон» ном гузоштем.

Барои замони асарро саҳнавӣ кардан баъзе мушкилот пайдо шуд. Бо вуҷуди он ки устод Нурмуҳаммад Табаров драматурги соҳибтаҷриба ва шинохтаанд, вале асар барои саҳнагузорӣ аз рӯйи дид ва талаботи ман чун таҳиягар он қадар қонеъкунанда набуд. Аз ин рӯ, мо як гурӯҳи кориро ташкил намудем ва асарро сарҷамъона такмил дода, саҳнавӣ намудем.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдумӯъмин Шарифӣ иброз дошт, ки барои ман офаридани симои чунин як шахсияти таърихӣ ба мисли устод Садриддин Айнӣ хеле мушкил буд. То имрӯз фикр мекардам, ки аз ҳаёту рӯзгори С.Айнӣ ба хубӣ огоҳам, вале замоне ба умқи масъала рафтам, дарк намудам, ки ҳанӯз бисёр чизҳое буданд, ки дар бораи устод хеле сатҳӣ медонистаам. Баъдан, эҳсос кардам, ки устод чӣ қадар азобу заҳматҳое кашидаанд.

Толибҷон Бобоев — директори Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар раванди суҳбат зикр намуд, ки бинои Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи  Маҳмудҷон Воҳидов, ки аз соли 1980-уми асри гузашта умуман таъмиру тармимро надида буд, аз нав таъмир шуд. Умедворам, ки минбаъд ҳунармандон дар шароити хуби корӣ фаъолият мекунанд.  Мо кӯшиш мекунем намоишномаҳоеро рӯйи саҳна оварем, ки мутобиқ ба дард ва завқи мардум бошад. Инчунин барои тарбияи наврасону ҷавонон асарҳои саҳнавии ахлоқиро таҳия менамоем.

Номбурда мушкили аслии театри мазкурро дар норасоии кадрҳои ҷавон, бахусус коргардони ҷавон, равшанидиҳандаи касбӣ, пардозгар ва рассомони саҳна арзёбӣ кард. Имрӯз дар театри мазкур 33 нафар ҳунармандон машғули коранд, ки 80 фоизашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Соли равон ду нафар ҷавонро ба кор қабул намуда, чор ҷавони дигарро ба донишгоҳҳои театрии Федератсияи Россия барои таҳсил фиристондем.

Чун дар Тоҷикистон шумораи режиссёрон сол то сол кам шуда истодаанд, мо умедворем, ки онҳо пас аз хатми донишгоҳҳо ҳатман ба Тоҷикистон омада, санъати театриро ривоҷ медиҳанд,- гуфт ҳамсуҳбатам.

Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ,  «Садои мардум»