«Таҳияи консепсияи нави наврӯз ногузир аст»,

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

- мегӯяд доктори илмҳои фалсафа, профессор Саъдулло Раҳимов

С.РАХИМОВ1- Бо қарори Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Наврӯз мақоми байналмилалиро касб кард. Ҷомеаи ҷаҳониро чӣ ниёз ва зарурат ба ғоя ва ҳадафҳои бунёдии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аст?

- Ҳанӯз аз гузаштаи хеле дур, аз замоне ки ин маросим шакл мегирифт, масъалаи пос доштан, эҳтиёт кардани обу оташу ҳавою замин аз арзиш ва тарғиботи бунёдии он дониста мешуд. Парастиши инсон, рӯҳияи одаму одамият аз ҳадафҳои калидии Наврӯз буда, то кунун мондааст. Аммо шояд савол ба миён ояд, ки агар ин тавр бошад, пас чаро Наврӯз то ин дам мақоми умумибашариро касб накард ва акнун пазируфта мешавад?

Дар ҷавоб аввал чунин андешаҳо пеш меоянд: то кунун ҷаҳон яклухту якдил набуд. Ҷаҳонро ҳисси худнамоӣ ва худбинии кишварҳои абарқудрат, ҳисси шовинистӣ ва натсионализм, ҳисси экстремизми динӣ ва муборизаи идеологияҳои ба ҳам зид пора-пора намуда буданд.

Магар ҳоло аз ин монеаҳо раҳо ёфтаем? Не, албатта! Вале алҳол ҷаҳон ба марзе расидааст, ки агар боз ҳам барои амбитсияҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва нажодӣ пофишорӣ кунем, аз аспи хусумату худбинӣ нафароем, ногузир ҳама мағлуб хоҳем шуд, чунки дар лаби варта истодаем.

Башарият ҳоло дар фазои зиддиятҳои шадиду сангин қарор дорад. Аз дастовардҳои илмию техникӣ инсонҳо на фақат бурд карданд, сифат ва мазмуни маишаташонро беҳтар сохтанд, балки фоҷиа ва фалокатҳоро низ ба вуҷуд оварданд. Истифодаи бераҳмонаву беандоза ва ғаразноки захираҳои табиӣ ва неруи инсонӣ табиати Заминро ба вартаи нестӣ ва инсониятро ба маризиҳои марговари нав рӯ ба рӯ кардааст. Пандемия мисоли равшани он мебошад.

Васвасаи мусаллаҳшавӣ, ҷамъ овардани яроқи ядроӣ, кимиёӣ, биологӣ ва амсоли ин таҳдиди дар як лаҳза несту нобуд кардани сайёра ва инсонро мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳеҷ технология ё омори ба истилоҳ, комили назоратӣ пурра кафолати аз ин гуна хатар эмин монданро дода наметавонад. Борҳо шудааст, ки техникаву технологияи навину муъҷизанамо аз зери назорати инсон баромада, ба сараш фалокатҳои сангин овардааст. Ба ин фоҷиаи Чернобил, Истгоҳи барқии атомии Ҷопон, суқути ҳавопаймову ракетаҳо, ғарқшавии киштиҳои ядроии зеру рӯи обӣ, садамаи қатораву автомобилҳо далолат медиҳанд. Дар паҳлуи он ҷангҳо, инқилобҳои иҷтимоию сиёсӣ, шумораи зиёди амалиёти эктремистӣ-террористӣ, истеъмоли маводи мухаддир, тазодҳои сиёсиву динӣ, идеологӣ — босуботии ҳаёти инсонҳоро сахт коста кардаанд.

Илова бар ин, инсон дониста ё надониста беист ва баъзан ваҳшиёна табиату заминро истисмор мекунад, технологияи барқароршавӣ ва мувозинати мавҷудияти табиии набототу ҳайвонот ва низомҳои геологиро риоя намекунад. Натиҷаи фалокатҳои номбаршуда ин аст, ки мувозинати экологӣ вайрон шуда, шумора ва ҳаҷми фалокатҳои табиӣ зиёд мешавад. Баҳрҳо, рустаниҳо, ҳайвонот, фарҳангҳои асили гузашта дар натиҷаи амалиёти ваҳшиёна бебоз­гашт аз байн мераванд.

Ҳамин вазъияти ташвишовар равони инсонро низ тағйир додааст. Ӯ дигар он оптимизми пешинаро надорад. Дилаш пур аз изтироб аст. Агар кишварҳои сайёра, қавму миллатҳо, дину ҳизбҳои сиёсӣ амбитсияҳои худбиниро як сӯ гузошта, барои ҳалли ин проблемаҳои сарбастаи глобалӣ ба ҳам наоянд, ­фоҷиаи умумисайёравӣ ногузир хоҳад шуд.

Такрор бошад ҳам, лозим ба таъкид аст, ки идеяи ба ҳам омадан дар масъалаи пос доштану эҳтиёт кардани обу оташу ҳавою замин, эҳтиром гузоштан ба мавзеи зисти инсон, ба худи инсон, ба набототу ҳайвонот мундариҷаи бунёдии Наврӯз аст. Мутаассифона, ғарбгароӣ ё шарқгароиҳо ба мардуми ҷаҳон имкон намедиҳанд, ки идеяҳои созандаву оптимистонаи Наврӯзро бипазиранд ва ба ҳам оянд ва саъй кунанд, то ҳама неруи созандаги­ашонро ба ҳалли муаммоҳои сарбастаи умумиҷаҳонӣ равона созанд.

- Пас, барои арзишҳои аслию воқеии Наврӯзро шинохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва амалигардонии ҳадафҳои он чӣ бояд кард?

- Табиист, ки аз дидгоҳи умумибашарӣ ва ҳам аз рӯи ҷаҳонбинии имрӯза, бо дарназардошти дастовардҳои илмӣ ба арзишҳои бунёдии Наврӯз агар назар кунем, мебинем, ки онҳоро таҷдиди назар бояд кард. Ин арзишҳоро мазмуни нав дода, мушаххасу илмӣ бояд кард, онҳоро аз ғубори асотирӣ, архаизм, чанги таърихи куҳангашта тоза карда, ба Созмони Милали Муттаҳид консепсияи нави Наврӯз, консепсияе, ки қобили қабули ҷаҳониён бошад, пешниҳод кунем. Аз ин ваҷҳ табиист, ки Наврӯз минбаъд набояд дидгоҳ ва фарҳанги танҳо як нажоду минтақа бошад. Он метавонад ва бояд минбаъд маросим ё беҳтараш, ҷашнвораи умедбахшу созандаи одамони сайёра гардад. Наврӯзи нави умумибашарӣ бояд на фақат шиору ҳидоят кунад, балки барои амал, корҳои созандагӣ – дифои флора ва фаунаи сайёра, экология, экологияи на фақат табиат, балки экологияи фарҳанги одамият барномаи дақиқ бошад. Мебояд барои маҳви гуруснагӣ, бесаводӣ, бемориҳои сирояткунанда ба ваҳдат оем. Ҷангҳоро дар сайёра қатъ кунем. Яроқҳои ядроию кимёиву биологӣ ва амсоли онро нобуд созем. Мисли шоҳзодаи кӯчаки Экзюперӣ ҳар субҳ гулҳоямонро об диҳем, сайёраамонро рӯбу­чин намуда, ҳусни тоза бахшем.

Ин гуфтаҳо гӯё гӯишҳои мутантани шарқиро мемонанд ва бӯи утопизми суннатиро доранд. Дуруст аст, вале чораи дигар нест. Бояд ба оянда нигоҳи нек дошта бошем. Консепсияи наву воқеӣ ва илмии Наврӯзро бо маслиҳати якдигар таҳия кунем ва ба ҷаҳониён пешниҳод намоем.

Аммо ин мақом худ ба худ имкон намедиҳад, ки Наврӯз бо расму оин ва суннатҳои қадими қавмиаш якбора ҳамчун моли аҳли башар шинох­таву пазируфта шавад. Эълони Наврӯз ҳамчун ҷашнвораи умумибашарӣ, алъон фақат таманниёт ва эълом аст. Барои воқеан умумибашарӣ шудани он мебояд хидмати зиёд кард. Пеш аз ҳама, ин масъулият бар дӯши мо — меросбарони бевосита ва созмондиҳандагони он меистад. Дар ин раванд арзиш, мундариҷа ва шакли расму русум ва идеяи Наврӯз ҳамчун падидаи мураккабу мукаммали фарҳангӣ мебояд дубора аз дидгоҳи имрӯзу фардои аҳли башар таҷдиди назар гардад. Зиёда аз ин Наврӯз бояд на фақат маросими бошукӯҳ, балки ҳамчун маҷмӯи консепсияи нави фарҳангӣ, ҳамчун барномаи ваҳдати кишварҳо ва мардуми ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи умумисайёравӣ гардад. Ногуфта намонад, Наврӯзе, ки мо ҷашн мегирифтему мегирем, аз оғоз мағз андар мағзаш чунин арзишҳои бунёдиро дошту дорад.

Аммо, агар муқарризини ин идея намехоҳанд, ки Наврӯз барномаи бозсозии ҷаҳон бошад, бигузор консепсияи дигареро бо унвони дигар пешниҳод намоянд. Вале масъалаи наҷоти ҷаҳон дар он мебояд ҳамон бошад, ки оид ба он дар боло гуфтем. Аммо дар баробари ин чӣ ҳоҷат ба барномаи нав бо номи дигар, дар сурате, ки Наврӯзи абадзиндаи бостонӣ ин идеяҳоро дар худ ғунҷондааст?!

- Агар ба таҳияи барномаи амалии Наврӯзи умумибашарӣ шурӯъ намоем, чӣ чизҳои воқеиву мушаххасро бояд пешниҳод кард, то қобили қабули ҷаҳониён буда тавонад?

- Дар Муғулистон, хусусан дар пойтахти он Улан-Батор, суннате ҳаст, ки ҳар ҳафта як рӯзи ғайрикорӣ дар шаҳр рӯзи бе мошин эълон мешавад. Мардум дар кӯчаҳои шаҳр бе мошин сайругашт мекунанд.

Оё имкон дорад, ки ба ҳамин монанд барномаҳои мушаххас оид ба экология, тамокукашӣ ё афви маҳбусон, рӯзи дарахтшинонӣ ва обод кардани боғу гулгаштҳо, моҳи март моҳи оташбаси ҳама гуна ҷанг, рӯзи ҳашар, рӯзи оши хайрия ба ҳама гуруснагону бенавоён, рӯзи маҳви камбизотӣ, рӯзи ба истифода додани сохтмони нав, корхонаи нав бо технологияи муфиди экологӣ ва амсоли ин чорабиниҳоро ба барномаи Наврӯзи умумибашарӣ пешниҳод намоем?!

Вобаста ба ин саволи дигар ба миён меояд: Фарз кардем, ки мову шумо консепсияро ба СММ пешниҳод кардем ва ин ташкилоти бонуфуз аз минбари худаш онро эълом намуд. Оё дар асл ин даъватҳо сад фоиз ҳам набошад, то андозае дар кишварҳо риояву амалӣ мешаванд ё не?

Ин масъала низ аз масъалаҳои сарбаста аст.

- Чӣ кор бояд кард, то ин ки консепсияи нави Наврӯз ҳамчун барномаи қадамҳои аввалини наҷоти башар пазируфта шавад ва идеяҳои Наврӯз ба ҳайси императив (дастурҳои бебаҳс барои амал) шинохта ва амалӣ гарданд?

- Мутаассифона, ба ин савол посухи мусбат додан муҳол аст. Бешак, ҳизбҳои сиёсӣ дар тафаккури кунунии плюралистӣ чунин қудрати муттаҳидкунандаро надоранд. Дар ҳамин асос, ба ақидаи мо, ҳизбҳои сиёсӣ низ дар кори ба ҳам овардани аҳли башар ёрӣ расонида наметавонанд.

Алъон неруи воқеию шинохташуда Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Ногуфта намонад, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихӣ кишварҳои абарқудрат ё неруҳои зишткор ба мисли «Толибон», фашистони навбаромад, экстремисту террористон муроҷиату даъвати Созмони Милали Муттаҳидро напазируфта, аз амали зишт худдорӣ намекунанд. Вале дар мавридҳои бештар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои сайёра саҳми босазо мегузорад. Аз ин рӯ, месазад, ки умеди бештар ба ин созмон бибандем ва консепсияи нави фарҳанги Наврӯзро маҳз ба он пешниҳод намоем.

Масъалаи дигар дар ҷиддият ва сифати пешниҳодҳо ва ҳам механизмҳои амалӣ гардондани онҳо мебошад. Омили асосӣ дар ин раванд такя ба дастоварҳои илмӣ ва ҳам плюрализми фарҳангиест, ки ҷавҳараш ба инсондӯстӣ ва созандагӣ мусоидат мекунад. Вале омили аз ҳама муҳим диди нав аст, диде, ки мутобиқи набзи ҷаҳон бошад.

- Дар таҳияи консепсияи нави Наврӯз бояд кадом кишварҳо ё миллатҳо иқдом намоянд?

- Табиист, ки дар ин раванд қадами аввал ва ибратбахшро мебояд барандагони суннатҳои ин ҷашнвора, яъне мардуми форсигӯ ва ҳама он кишварҳое, ки анъанавӣ вориди ҳавзаи Наврӯзӣ ҳастанд, бигузоранд.

 Маҳз онҳо бояд хонаашонро ба пешвози Наврӯз тамиз кунанд, масъалаҳои ҳалношударо баррасӣ ва ҳал намоянд. Маҳз минтақае, ки дар он ҳар сол Наврӯзи хуҷастапай қадам мегузорад, ба ҳам ваҳдат кунанд, аз даъвою хусуматҳои иқтисодиву сиёсӣ ба якдигар даст кашанд, ба ҳам сулҳ кунанд, якдигарро бибахшанд, олами сангдилиро бишкананд ва меҳру созандагиро дубора омилу эзиди муошират бишносанд. Минаҳои дар марзҳо бударо бардоранду нобуд кунанд. Якҷоя муқобили камбизоатӣ, маризиҳои сирояткунанда, масоили экологӣ, терроризму амсоли он зиштиҳо мубориза баранд.

Маҳз минтақае, ки он ҷо Наврӯз меояд, бо ҳам барномаҳои умумӣ доир карда, ба ҳамдигар оғӯши хешигариву ҳамсоягарӣ бикшоянд.

Хушнудем, аз он ки ҳамин гуна ташаббуси нав­рӯзиро кишвари мо зоҳир карда истодааст. Консертҳои муштарак, фестивалҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, ташрифи меҳмонони кишварҳои ҳамсоя суннати хуби Тоҷикистони азиз гаштааст.

- Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»