Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

ФАСЛИ III. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ЗАНУ ШАВҲАР

БОБИ 6. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВҲАР

Моддаи 32.     Баробарии зану шавҳар дар оила

1. Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳали будубош озод аст.

2. Масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълу­мотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарии зану шавҳар ҳал менамоянд.

3. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кумаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некуаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд.

Дар оила байни ҳамсарон муносибатҳои шахсӣ ва молу­мулкӣ пайдо мешаванд. Онҳо бештар бо меъёрҳои ахлоқӣ танзим мешаванд. Вале муносибатҳое низ ҳастанд, ки онҳоро танҳо ҳуқуқ танзим менамояд.

Муносибатҳои ҳуқуқии шахсӣ чунин муносибатҳое мебошанд, ки дар асоси аз тарафи ҳамсарон ҳангоми бастан ё бекоркунии ақди никоҳ, ҳаллу фасли якҷояи масъалаҳои ҳаёти оилавӣ, интихоби озодонаи машғулият, касб ва ҷои истиқомат, розигӣ додан ба фарзандхонӣ, ҳалли масъалаҳои бекоркунии ақди никоҳ ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

Ҳуқуқҳои шахсӣ ба шахсияти ҳамсарон алоқаманд буда, ҷудонопазир мебошанд. Аҳдҳое, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқи ҳамсарон равона карда шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.

Ҳуқуқҳои шахсӣ аз лаҳзаи бастани ақди никоҳ ба вуҷуд омада, ҳангоми вафот қатъ мешаванд. Онҳоро бо созиши тарафҳо қатъ кардан ё тағйир додан мумкин нест. Ин ҳуқуқҳо бояд ба талаботи қонун зид набошанд.

Ҳамсароне, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсии худро бо риоя намудани меъёрҳои ахлоқӣ дар ҷараёни оиладорӣ хуб дарк менамоянд, оилаҳои хушбахтро ба вуҷуд меоранд.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсии ҳамсарон асосан инҳоянд:

а) ҳуқуқи интихоби машғулият ва касбу ҳунар. Масъалаҳо оид ба интихоби машғулият ва касбу ихтисосро ҳамсарон бо розигии ҳамдигар ҳал мекунанд. Ҳамсарро барои даст кашидан аз ихтисоси омӯхтааш ё кораш маҷбур кардан мумкин нест. Ҳангоми ҳалли ин масъалаҳо зану шавҳар бояд манфиатҳои фарзандон ва дигар аъзои оиларо ба назар гиранд, зеро ин яке аз сабабҳои пойдорӣ ва мустаҳкам намудани оилаҳо ба шумор меравад;

б) ҳуқуқи интихоби ҷои истиқомат. Зану шавҳар дар интихоби ҷои истиқомат низ озод мебошанд. Ин чунин маънӣ дорад: уҳдадории ҳуқуқие вуҷуд надорад, ки дар сурати ҷои истиқоматро дигар кардани яке аз ҳамсарон нафари дуюм ҳам ҳатман аз паси ӯ равад. Бешубҳа, оила дар сурате вазифаи иҷтимоии худро дар ҷамъият самарабахш адо карда метавонад, ки зану шавҳар якҷоя зиндагӣ кунанд. Кори хоҷагиро якҷоя пеш баранд ва фарзандонро якҷоя тарбия намоянд. Бинобар ин, бисёр корҳое ба ҷо оварда мешаванд, ки зану шавҳар якҷоя зиндагӣ кунанд. Масалан, ба зану шавҳари ҷавон, ки донишкадаю донишгоҳҳои олиро хатм кардаанд, дар корхонаҳо ва муассисаҳои воқеи як шаҳр бо кор таъмин карда мешаванд.

Қонун кафолати ҳар яке аз ҳамсаронро ба озодии интихоби ҷои истиқомат муқаррар намуда, ҳамзамон омилҳои зиндагонии якҷояи онҳоро низ ба инобат мегирад. Ҷои шубҳа нест, ки оила вазифаи иҷтимоии худро танҳо ҳангоми зиндагии якҷояи ҳамсарон, тарбияи якҷояи фарзандон метавонад самаранок иҷро намояд. Ҷои истиқомати фарзандони ноболиғ аз рӯи ҷои истиқомати падару модарони онҳо муайян карда мешавад.

Қонун оид ба манзил ҳангоми додани манзил ба яке аз ҳамсарон ҳуқуқи ҳамаи аъзои оиларо ба ин манзил пешбинӣ менамояд.

Мувофиқи моддаҳои 128-129 Кодекси манзили ҶТ ҳамсарон аз ҳуқуқи аз шартномаи иҷораи манзил ба миён меомада баробар истифода мебаранд. Қатъи назар аз масоҳати манзил иҷорагир ҳуқуқ дорад, ки ба хонаи истиқоматиаш ҳамсарашро ҷой кунад.

Қонунгузорӣ оид ба меҳнат ҳангоми ба кори дигар гузаро­нидан ва ба ҷои дигар фиристодани яке аз ҳамсарон ба ҳамаи аъзои оила додани ёрдампулиҳоро муқаррар менамояд. Дар ин ҳолат собиқаи кории онҳо нигоҳ дошта мешавад (м. 119 Кодекси меҳнати ҶТ);

в) ҳуқуқҳо оид ба ҳалли масъалаҳои ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзандон. Ҳуқуқи зану шавҳар дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти оилавӣ ба шумори ҳуқуқҳое дохил мешаванд, ки онҳо ҳар рӯз дар оила амалӣ мегарданд. Дар ин ҷо бисёр тарафҳои ҳаёти шахсии зану шавҳар дар назар дошта мешавад: тарбияи фарзандон, пеш бурдани кори хоҷагӣ ва ғайра. Ҳуқуқи иштирок дар ҳалли масъалаҳои тарбияи фарзандон асосан дар шаклҳои зерин ба амал бароварда мешаванд: тарбияи ҳарҷонибаи фарзандон, муқаррар кардани ном ва насаби фарзандон, ҷои истиқомати фарзанди ноболиғро муайян кардан ва ғайра. Фарзандон омили мустаҳкамкунандаи ҳар оила мебошанд. Бинобар ин тарбияи дурусти онҳо дар оила муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам оварда, чун омили муҳими мустаҳкам кардани оила хизмат менамояд. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модаронро барои тарбияи фарзандон қонун муҳофизат мекунад. Масалан, падару модарон ҳуқуқ доранд фарзандонашонро аз ҳар гуна шахсоне, ки бе ҳеҷ гуна асоси қонунӣ онҳоро дастгир намудаанд, талаб карда гиранд. Тибқи моддаи 69 КО ҶТ ҳуқуқи падару модарӣ бархилофи манфиатҳои фарзандон ба амал бароварда шуданаш мумкин нест;

г) бояд қайд намуд, ки ба ҳуқуқҳои шахсии ҳамсарон ҳуқуқ ба талоқ, ҳуқуқи додани розигӣ ҳангоми фарзандқабулкунӣ аз тарафи ҳамсари дигар ва ғайра низ дохил мешаванд, ки тафсири онҳо дар моддаҳои минбаъдаи Кодекс инъикос ёфтаанд.

(Давом дорад)