Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№70 (3371) 21.05.2015

Маҳмудзода Маҳкам Аъзам

 Худоёрзода Бахтиёр Тавар

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Бори аввал дар Кодекси нави оила меъёрҳо ва институтҳои нав – аҳдномаи никоҳ, ҳуқуқи кӯдакон дар оила, созишнома оид ба пардохти алимент ворид карда шудаанд. Новобаста аз мавқеи баъзе гурӯҳҳои динӣ, ки бисёрникоҳиро қонунӣ дидан мехостанд ва ин зуҳуротро тақозои шароити нави иҷтимоӣ ва воситаи ба эътидол овардани ҷомеа маънидод менамуданд, дар Кодекси нав якканикоҳӣ муқаррар гардида, принсипи конститутсионии баробарии иттифоқи зану мард дар асоси якканикоҳӣ ба ҳукми тасдиқ дароварда шуд.

Бори нахуст дар Кодекси оила анъанаи миллии мардуми муқимӣ вобаста ба доштани насаб (м. 58) ба эътибор гирифта шуда, бо назардошти хусусиятҳои миллӣ синни никоҳӣ – 18-солагӣ муқаррар гардид. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад, ки синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад (қ. 2 ва 3 м. 13). Дар моддаи 14 панҷ ҳолате номбар мешавад, ки монеаи ақди никоҳ мегарданд: байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар ақди никоҳи дигари бақайдгирифташуда қарор дошта бошад; байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай, байни фарзандқабулкунандагон ва фарзандхондшудагон; байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш ғайри қобили амал эътироф кардааст; байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст. Бори аввал дар қонунгузории оила институти муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда (м. 15) ҷорӣ мегардад. Принсипи таъмини ҳимояи афзалиятноки ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, яъне кӯшиши эътирофи кӯдак ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ (боби 14) аҳамияти ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак ӯ метавонад барои дифои ҳуқуқҳояш ба мақомоти васояту парасторӣ ва ё суд баробари расидан ба синни 14-солагӣ муроҷиат намояд (м. 57).

Меъёрҳое пурқувват шудаанд, ки ба масъалаи маҳрум кардани ҳуқуқҳои падариву модарӣ дахл доранд (м. 69-70). Созишнома оид ба пардохти алимент (м. 100-105) ва индексатсияи андозаи алимент (м. 106), инчунин ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент (м. 86) меъёрҳои ҳуқуқии тамоман нав маҳсуб мешаванд.

Кодекси нави оила ду низоми фарқкунанда – қонунӣ ва шартномавиро барои амволи ҳамсарон муайян карда, ба ҳамсарон имкон муҳайё мекунад, ки худашон яке аз ин низомҳоро интихоб карда, муносибатҳои амволиашонро муқаррар намоянд. Моҳиятан меъёри нави ҳуқуқӣ — аҳдномаи никоҳ пешбинӣ шудааст, ки мавзӯи хос – амволи ҳамсаронро дар бар мегирад (м. 40-45). Ба ин навгонии ҳуқуқӣ боби алоҳида (боби 8) бахшида шудааст ва он проблемаҳои ҳалталаби муносибатҳои амволии ҳамсаронро дар шароити кунунӣ инъикос мекунад.

Бо назардошти рушди қонунгузории оилавӣ, Қонун аз 29 апрели соли 2006 таҳти №183 ва Қонун аз 20 марти соли 2008 таҳти №382 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо барои пойдорӣ ва устувории оилаҳо равона карда шудаанд.

Қисми 2 моддаи 3 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки меъёрҳои ҳуқуқии оилавие, ки дар дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд, бояд ба Конститутсия ва Кодекси оила мутобиқ бошад. Ин чунин маъноро дорад, ки ҳамаи санадҳои дигари ҳуқуқӣ, ки марбут ба оила қабул мешаванд, ба талаботи Конститутсия ва Кодекси оила мухолиф набошанд. Чунин муқаррарот аз он шаҳодат медиҳад, ки Конститутсия ва Кодекси оила сарчашмаҳои асосии танзими муносибатҳои оилавӣ ба ҳисоб меравад.

Қисми дуюми моддаи 3 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба роҳ монда мешавад. Қонуни мазкур 29 апрели соли 2006 қабул гардида, аз 12 боб ва 87 модда иборат мебошад.

Қисми 4 моддаи 3 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ барои иҷрои талаботи ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои оилавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани санадҳои ҳуқуқиро пешбинӣ кардааст. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани масъалаҳои дар моддаҳои 82 (Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо барои кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад), 145 (Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) қарор диҳад), 149 (Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ), 155 қ. 6 (Андоза ва тартиби ба васӣ (парастор) барои таъминоти кӯдаки таҳти парасторӣ қарордошта додани маблағи ҳар моҳа) дохил карда шудааст. Аз рӯи талаботи қисми 2 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» санади меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар шакли «Қарор» қабул карда мешавад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои талаботи моддаи 149 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои худ аз 11 марти соли 2000 Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, аз 1 октябри соли 2004 «Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромадҳое, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент рӯёнида мешавад ва Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад» тасдиқ кард.

Моддаи 4. Истифодаи қонунҳои гражданӣ дар муносибатҳои оилавӣ

Қонунҳои гражданӣ дар танзими муносибатҳои шахсии ғайриамволӣ ва амволии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунҳои оила танзим нагардида бошанд.

Кодекси оила имкон медиҳад, ки дар муносибатҳои оилавӣ қонунгузории гражданӣ бемаҳдуд истифода гардад. Асос барои чунин истифодаи қонунҳои гражданӣ он аст, ки дар қонунгузории оила меъёрҳои батанзимдарорандаи муносибатҳои байни аъзои оила мавҷуд нест ва баръакс Кодекси гражданӣ чунин меъёрҳоро дорост. Ғайр аз ин, зарур аст, ки татбиқи меъёрҳои қонунгузории гражданӣ ба моҳияти муносибатҳои оилавӣ халал ворид насозад. Ин гуна маҳдудият аз он бармеояд, ки муносибатҳои оилавӣ дар қиёс бо муносибатҳои гражданӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Масалан, муносибатҳои оилавӣ, чун қоида, ройгон буда, берун аз соҳаи муносибатҳои бозорӣ қарор доранд, аз ин рӯ, нисбат ба онҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории гражданӣ, ки муносибатҳои иқтисодиро (пулакиро) танзим мекунанд, бо моҳияти муносибатҳои оилавӣ зид мебароянд. Чунончӣ, ҳангоми сари вақт напардохтани алимент ба шахси алиментгиранда ҷуброни зарар расонида мешавад, дар қонунгузории оилавӣ бошад, мафҳуми зарар (зиён) дида намешавад. Аз ин рӯ, ба моддаи 15 (қ. 2) Кодекси гражданӣ муроҷиат кардан зарур меафтад, ки дар он мафҳуми зиён шарҳ дода мешавад: «Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида масраф намояд, аз даст рафтан ё хароб гардидани амволи ӯ (зиёни воқеӣ), инчунин даромади бадастнаомадае, ки ин шахс, агар ҳуқуқаш вайрон намегардид, дар шароити муқаррарии аҳдҳои гражданӣ метавонист ба даст оварад». Аммо татбиқи муқаррароти қонунгузории гражданӣ оид ба ҷуброни пурраи зарар (фоидаи аздастрафта низ) ба табиати уҳдадории алиментдиҳӣ моҳиятан хилоф аст, зеро пардохти алимент барои рӯзгузаронии шахси алимент қабулкунанда зарур аст, на барои аз он даромаду фоида гирифтан, аз ин рӯ, барои шахсе, ки ҳуқуқи алимент гирифтан дорад, дар натиҷаи ба таъхир афтидани муҳлати супоридани алимент даромадаш ҷуброн карда намешавад.

 (Давом дорад)