Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№172 (3473) 16.12.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 79.  Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои во­баста бо тарбияи кӯдакон

1. Иҷрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иҷрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парасторӣ ба амал бароварда мешавад.

2. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтани кӯ­дакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парасторӣ ва шахсе (шахсоне), ки кӯдак ба ӯ дода мешавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти милитсия ба амал бароварда мешавад.

3. Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд муваққатан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.

4. Агар падар ё модар (шахси дигар, ки кӯдак таҳти парас­тории ӯ қарор дорад) барои амалӣ кардани ҳалномаи суд монеагӣ намояд, нисбати ӯ чораҳое, ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ пенбинӣ гардидаанд, татбиқ карда мешаванд.

Ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани онҳо аз ҷо­ниби иҷрочии суд иҷро карда мешавад. Аз рӯи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суд­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м. 129) барои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ вобаста ба тарбияи кӯдак дар назди судҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ иҷрочиёни суд амал менамоянд. Азбаски иҷрои санадҳои судии вобаста ба баҳсҳои номбурда бевосита ба кӯдак дахл дорад, қонунгузор иштироки мақомоти васояту парасториро ҳатмӣ шуморидааст. Лекин ҳалномаро дар асоси иҷроварақа иҷрочии суд дар ҳузури мақомоти номбурда иҷро менамояд.

Ҳангоми иҷрои ҳалномаи суд вобаста ба тарбияи кӯдак ҳимояи манфиатҳои ӯ талаб менамояд, ки иҷрои ҳалнома сари вақт, моҳирона ташкил карда шавад. Дар ин маврид иҷрочии суд аз рӯи талаботҳои КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амал ме­намояд.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» (м. 8) иҷрочии ҳамон суде, ки шахси ҷавобгар дар ҳудуди воқеии он зиндагӣ дорад, ҳалномаро иҷро менамояд. Иҷрои ҳалномаҳои вобаста ба тарбияи кӯдак аз рӯи қоидаҳои муқарраркардаи моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», ки ҷавобгарро барои содир кардани рафтори муайян уҳдадор менамояд, анҷом дода мешавад. Ҷавобгар ба таври расмӣ дар бораи оқибатҳои иҷро накардани ҳалнома таъкид карда мешавад. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадории содир намудани амали муайян қонуни зикршударо (м.77) татбиқи ҷаримаро нисбати ҷавобгар пешбинӣ кардааст.

Қисми 2 моддаи 79 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус ба иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтан ва ба шахси (шахсони) дигар додани кӯдак диққат додааст. Дар ин маврид мақомоти васояту парасториро нозири муҳофизати кӯдакони шуъбаи маорифи халқи ноҳия (шаҳр) намояндагӣ мекунад. Нозир доир ба баҳсҳои аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, баргардонидани кӯдак ба падару модар (яке аз онҳо), васӣ, парастор ҳангоми баррасии он дар суд санади санҷиш омода месозад. Барои ҳамин ҳам ӯ то иҷрои ҳалнома бо шароити оилаи кӯдак шинос ва бо ӯ дар иртибот буда, тарзи зиндагии кӯдак ва падару модари ӯро хуб медонад. Дар иҷрои ҳалнома иштироки ҳатмии чунин нозир мувофиқи мақсад аст, чунки бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани масъалаи гирифтани кӯдак имконияти ҳақиқӣ дорад. Ҳангоми иҷрои ҳалнома иштирокчиёни он бояд эҳтиёткорона аз рӯи талаботи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намоянд, то ки ба манфиатҳои кӯдак зарар расонида нашавад. Дар рафти иҷро нисбати кӯдак зӯроварӣ, таҳдид кардан аз тарафи иштирокчиёни иҷрои ҳалнома манъ аст ва дар пешгирии чунин воқеаҳо намояндаи мақоми васояту парасторӣ бояд саҳмгузор бошад.

Дар таҷриба иҷрои ҳалномаҳо доир ба баҳсҳои номбурда на ҳама вақт бемуноқиша мегузаранд. Дар баъзе мавридҳо падару модар (яке аз онҳо) барои иҷрои ҳалнома монеа шуда, ба гирифтани кӯдак халал мерасонанд. Дар мавриди душвор шудани вазъият ҳангоми иҷрои ҳалнома зарурати иштироки кормандони мақомоти милиса пайдо мегардад. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иштирокро пешбинӣ кардааст. Таҷрибаи иҷрои ҳалномаҳо нишон медиҳад, ки дар ин маврид одатан нозири қитъавӣ ва нозир оид ба корҳои ноболиғони ШКД шаҳру ноҳияҳо иштирок менамоянд.

Ҳалнома ҳамон вақт ба иҷро расида эътироф мегардад, ки кӯдак бевосита ба шахсони (шахси) дар ҳалнома нишондода супорида шавад. Дар ин бора иҷрочии суд санад тартиб медиҳад, ки онро иштирокчиёни иҷрои ҳалнома имзо мегузоранд.

Иҷрои ҳалномаҳои суд оиди ба дигар кас додани кӯдак хеле мураккаб аст. Аз ин сабаб қисми 3 моддаи 79 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, аввалин маротиба чораи паст намудани шиддати низоъ оид ба иҷрои ҳалнома вобаста ба каси дигар додани кӯдакро андешидааст. Агар бинобар расонидани зарар ба манфиати кӯдак иҷрои ҳалнома аз имкон берун бошад, иҷрочии суд дар ин бора санад тартиб медиҳад. Дар асоси ин санад судя дар маҷлиси судӣ таъинот дар бораи муваққатан ҷойгир намудани кӯдак вобаста аз вазъи саломатӣ, синну солаш кӯдакро дар муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоӣ, хонаи кӯдакон ва дигар муассисаҳои кӯдакона таъинот мебарорад. Чунин чораи муваққатӣ ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона карда шуда, ӯро аз таҳдиди зарари рӯҳӣ эмин нигоҳ медорад ва барои дар оянда бе ягон низоъ иҷро кардани ҳалнома шароит фароҳам меорад.

(Давом дорад)