Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№74(3375) 29.05.2015

(Идома аз шумораҳои гузашта)

 

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

Моддаи 8. Ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ

1. Ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ ҳимоя карда мешаванд.

2. Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ бо усулҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс сурат мегирад.

Моддаи мазкур усулҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқҳои оилавиро пешбинӣ кардааст, ки муҳимтарини онҳо тибқи моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи судӣ мебошад. Ҳамчунин мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро уҳдадории асосии давлат эътироф кардааст, ки ин нукта ба соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандон пурра дахл дорад. Меъёрҳои конститутсионӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандон дар моддаҳои дигари дахлдори Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», Барномаи давлатии «Роҳҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занону мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010» аз 8 августи соли 2001, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29 апрели соли 2006 возеҳу равшан инъикос ёфтаанд. Дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, маҳз ба ҳимояи судӣ бештар таваҷҷӯҳ шудааст. Чунончӣ, дар моддаи 14 Муоҳидаи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ оварда мешавад, ки «ҳар кас ҳангоми баррасии ҳуқуқу уҳдадориҳояш дар ягон мурофиаи гражданӣ ба таҳқиқи озод ва одилонаи парвандааш дар суди мустақилу салоҳиятнок ва беғараз, ки дар асоси қонун таъсис шудааст, ҳуқуқ дорад». Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ асосан ба воситаи мақомоти суд амалӣ карда мешавад. Омори судӣ гувоҳӣ медиҳад, ки асосан мақомоти суд миқдори хеле калони парвандаҳоро оид ба қатъи ақди никоҳ баррасӣ мекунанд. Ин парвандаҳо мувофиқи муқаррароти Кодекси мурофиаи гражданӣ мустақиман аз ҷониби судя, танҳо ва дар зинаҳои кассатсионӣ, назоратӣ дар ҳайати дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Танҳо дар тӯли даҳ соли охир 31210 ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ барҳам хӯрдааст, ки дар он оилаҳои кӯдакони ноболиғ тарбия меёфтанд. Бояд гуфт, ки масъалаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконе, ки берун аз ақди никоҳ таваллуд шуда, бе парастории падару модар мондаанд, ба танзими ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд. Масоили номбурда ба муҳим будани ҳимояи кӯдакон ва дигар аъзои оила дар шароити кунунӣ далолат мекунад. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ сарҳади татбиқи ҳуқуқҳои оилавиро равшан муайян менамоянд. Кодекси нави оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 40 моддаро пешбинӣ кардааст, ки дар онҳо бевосита ё худ ягон паҳлуи роҳу усулҳои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ нишон дода мешавад. Татбиқи ҳуқуқҳои оилавӣ набояд манфиати дигар шаҳрвандон ва ё аъзои дигари оиларо халалдор созад. Ҳуқуқҳои никоҳию оилавӣ ҳамон вақте бо қонун ҳимоя мешаванд, ки агар мувофиқ бо таъиноти ин ҳуқуқҳо амалӣ гарданд.

Қонунгузории оилавӣ номгӯйи воситаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавиро пешниҳод намекунад. Ин воситаву усулҳо дар меъёрҳое нишон дода шудаанд, ки ин ё он муносибатҳои оилавиро ба танзим медароранд. Масалан, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои никоҳӣ воситаҳои зерини ҳимояи ҳуқуқ, аз қабили қатъи муносибатҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳо оид ба аҳдномаи никоҳ – қатъ ё тағйир додани муносибатҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ӯҳдадориҳои алиментӣ – ситонидани ҷарима ва ҷуброни зарарро пешбинӣ мекунанд. Таҳлили моддаи 12 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳама воситаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои гражданӣ, ки дар ин модда номбар шудаанд, барои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ низ ба кор мераванд. Ин воситаҳо – эътирофи ҳуқуқ, барқарор намудани ҳолате, ки то ҳуқуқшиканӣ ҷой дошт, пешгирӣ намудани амалҳое, ки боиси ҳуқуқшиканӣ ё ба вуҷуд овардани таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ мегарданд, беэътибор эътироф шудани аҳди баҳснок ва татбиқи оқибатҳои он, беэътибор эътироф шудани санади мақомоти давлатӣ ё мақомоти маҳаллӣ, худмуҳофизатии ҳуқуқ, маҷбуркунӣ ба иҷрои уҳдадорӣ дар шакли асл, ҷуброни зарар, ситонидани ҷарима, ҷуброни зарари маънавӣ, қатъ ё тағйир додани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ғайра мебошанд. Хотирнишон бояд кард, ки воситаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ, чун қоида, дар санксияҳои меъёрҳои оилавию ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд. Зимни таҳлили санксияҳои оилавию ҳуқуқӣ мо ҷонибдори ақидаи он муҳаққиқоне ҳастем, ки санксияҳои ҳуқуқиро ба ду навъ – чораҳои масъулияти ҳуқуқӣ ва чораҳои ҳимояи ҳуқуқҳои субъективӣ ҷудо мекунанд. Ба тадбирҳои масъулияти оилавию ҳуқуқӣ – қарори суд оид ба маҳрум намудани ҳуқуқи падариву модарӣ ва ғайра дохил мешаванд. Ба тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқҳои субъективии оилавӣ – қарори суд оид ба қатъи ақди никоҳ, оид ба тақсими амвол аз рӯи ҳуқуқи моликияти умумӣ, оид ба муқаррар кардани падарӣ ва ситонидани алимент мансуб мебошанд. Ба тадбирҳои масъулияти ҳуқуқӣ ва тадбирҳои ҳимоя ҷудо кардани санксияҳои оилавию ҳуқуқӣ на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки бештар ҷанбаи амалӣ доранд. Ҷое, ки имкон дорад, ҳар ду категорияҳои ҳуқуқӣ дар як вақт татбиқ шуда метавонанд. Масъулияти оилавию ҳуқуқӣ дар доираи муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ амалӣ карда мешаванд. Мисли дигар навъи муносибатҳои ҳуқуқӣ масъулияти оилавию ҳуқуқӣ мутобиқ бо меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ бо мазмуни объективиаш, дар асоси фактҳои ҳуқуқӣ, миёни субъектҳои мушаххас ба вуҷуд омада, мундариҷаи муайянеро доро мешаванд. Асос ва факти ҳуқуқии ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҳуқуқии масъулият дар ҳуқуқи оилавӣ кирдори гунаҳкоронаи узви оила мебошад, ки бо роҳи поймолкунии номатлуби муносибатҳои ҳуқуқии регулятивии дохилиоилавӣ муқаррароти меъёрҳои қонунгузории оилаву ақди никоҳро вайрон кардааст.

Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ дар марҳилаҳои зерини ҳаёти оилавӣ амалӣ мегарданд: 1. Давраи тоникоҳӣ, вақте ки усулҳои асосии бастани ақди никоҳ ба кор андохта мешаванд. 2. Дар давраи ҳаёти якҷояи ҳамсарон, яъне вақте сухан аз ҳимояи ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволии ҳамсарон меравад. 3. Дар ҷараёни баррасии парвандаҳо оид ба қатъи ақди никоҳ. 4. Дар ҷараёни баррасии парвандаҳо вобаста ба тарбияи фарзандон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо. 5. Ҳангоми дар суд баррасӣ шудани парвандаҳо оид ба фарзандхонӣ. 6. Ҳангоми ҳалли масъалаи васояту парасторӣ ва дигар шаклҳои қабули кӯдакон ба тарбия. Ҳар як давраи номбаршуда дар ҳаёти оилавӣ хусусиятҳои худро дорад. Аз ин рӯ, дар Кодекси мазкур навгониҳое пешбинӣ шудаанд, ки ба ҳалли дурусти низоъҳои оилавӣ ва баҳсҳои аъзои оила мусоидат мекунанд. Донистани онҳо на танҳо барои аъзои оила, дигар иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, балки барои ҳимоятгар низ зарур аст. Махсусан шарҳи се давраи асосии ҳаёти оилавиро дар ин маврид овардан лозим аст, ки татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддиву мурофиавӣ ба ҳалли низоъҳои оилавӣ мусоидат хоҳанд кард.

Давраи тоникоҳӣ. Дар тафовут аз дигар Кодексҳои оилавии мамолики ИДМ Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳоеро пешбинӣ кардааст, ки ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамсарон нигаронида шудаанд. Масалан, меъёрҳое, ки бастани никоҳро миёни шахсоне манъ мекунад, ки яке аз онҳо бинобар суиистифода кардани нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шудаанд; муоинаи тиббии бепули шахсони издивоҷкунанда; бо тартиби судӣ баррасӣ шудани масъалаҳои вобаста ба кам кардани синни никоҳӣ; маҳдуд кардани муҳлати қайди ақди никоҳ, оид ба қайди ақди никоҳ бе муайян кардани муҳлати якмоҳаи интизорӣ ва ғайра.

Давраи ҳаёти якҷояи ҳамсарон. Навгонии дигар – институти аҳдномаи никоҳ, масъулияти ҳамсарон аз рӯи уҳдадориҳост. Хусусияти муҳими аҳдномаи никоҳ он аст, ки ин ҳуҷҷат қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амали шаҳрвандон, ҳуқуқи онҳоро дар масъалаи муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, танзими муносибатҳои шахсии ғайри-амволиро маҳдуд намекунад.

Давраи барҳам хӯрдани оила. Қатъи ақди никоҳ барои ҷомеа хавфи ҷиддӣ дорад. Аз ин рӯ, нигаҳдорӣ ва устувории оилаҳо вазифаи асосии мақомоти суду прокуратура ва адвокатура ба ҳисоб меравад. Бо мақсади нигаҳдории оилаҳо Кодекси оила меъёрҳои боздорандаи талоқ ва дар айни замон меъёрҳоеро низ пешбинӣ кардааст, ки ҳуқуқи ҳамсаронро ба талоқ маҳдуд намесозанд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ ташкили судҳои оилавӣ ва ҳимоятгари оилавӣ зарур мебошад.

 (Давом дорад)