Тоқии мардонаи ироқиро кӣ эҳё кард?

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

20190413_104346Вақте аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 — 2020 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд, ҳунармандони кишвар аз пайи эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшуда гардиданд. Дар айни замон палосбофӣ, намадрезӣ, алочабофӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва амсоли инҳо аз нав барқарор шуда, такмил ёфтанд.

Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳунармандони хуҷандӣ ҳунари атласу  адрасбофиро дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷорӣ карданд ва алҳол аксар бонувони тоҷик атласу адраси зебо ба бар доранд.

Дар мисоли тоқиҳои  чоргул ва ироқӣ низ  метавон чунин изҳори назар кард. Дӯхтани тоқии зебо низ дар шаҳри Хуҷанд эҳё шуд ва алҳол яке аз тоқиҳои дӯстдоштаи ҷавондухтарон ва занони тоҷик ба шумор меравад.

Ҷавонони солҳои 50 ва 60 — уми асри гузашта дар хотир доранд, ки ҳатто хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳру  навоҳии мамлакат тоқии чорбари рангаи ироқӣ ба сар карда, дар чорабиниҳои давлатӣ, фарҳангӣ ва мактабӣ иштирок мекарданд.

Аз тамошои суратҳои таърихӣ, сабтҳои нодири телевизионӣ ва кинои ҳуҷҷатӣ мебинем, ки  аллома Бобоҷон Ғафуров дар сар гоҳ тоқии чустӣ мемемонду баъзан тоқии  чоргули ироқӣ. Ин намуди тоқиро устодон Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Бобо Ҳоҷӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода низ ба сар мегузоштанд.

Вақте тоқиҳои  гуногунранг, гулбоф ва пур аз нақшу нигори занона ба фурӯш баромад, талабгоронаш афзуданд. Сайёҳони хориҷӣ низ онҳоро  чун  армуғон харидорӣ карда, ба сар мегузоранд. Вале тоқии ироқии мардона то андозае дар канор монд.

Ин намуд тоқӣ аксари қаҳрамонҳои филми мусиқӣ — мазҳакавии «Ман бо духтаре  вохӯрдам»-ро зебу зинат додааст. Масалан, дар сари монтёр Саид (Ҷ. Саидмуродов) тоқии пур аз нақшу нигори ироқиро мебинем.

Иттифоқ афтод, ки бо кормандони МД «Тоҷикфилм» ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи имсоларо пешвоз гирем. Ҳангоми тамошои дастурхони наврӯзӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни маҳфил бештар ба марди дар сар тоқии рангаи ироқӣ, сардори шуъбаи  танзими  истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳими Зулфониён ҷалб шуд. Баъди гузаронидани ҷашн бо ӯ ҳамсуҳбат шудам.

- Ин намуд тоқиро солҳои пеш дар водии Зарафшон занон ва мардон мепӯшиданд. Ман ҳангоми талабагӣ ва то хатми мактаб тоқии ироқӣ мепӯшидам.

Мутаассифона, солҳои охир тоқиҳои зебо аз истифода баромаданд. Дигар касе онҳоро ба хотир наовард. Ягона бонуе, ки то охири умр ба ин тоқӣ вафодор монд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Муслима Боқиева буд.

Ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳатман бо ҳунармандон ва тоқидӯзҳо вохӯрда, сабабашро мепурсидам. Ҷавоб якто буд: Тарзи дӯхтани тоқии рангаи ироқиро касе дар хотир  надорад.

Соле пеш, вақте ки дар шаҳри Душанбе  намоиши ҳунарҳои халқии ҳунармандони Самарқанди бостонӣ доир гардид, тоқиҳои зиёди зебои мардона ва занонаро дидам. Аммо тоқии чорбари рангаи ироқӣ ба назар нарасид. Бо яке аз мутасаддиёни чорабинӣ суҳбат доштам, ӯ ҷавоб дод:

- Шояд дар шаҳри Самарқанд чунин тоқидӯзҳо бошанд, вале чун таваҷҷуҳ бештар ба тоқиҳои занона аст, мо тоқиҳои зарбофу гулдӯзӣ овардем. Агар дафъаи дигар гузарамон ба шаҳри Душанбе афтад, ҳатман  эродатонро ба назар мегирем.

Дар яке аз сафарҳои хизматӣ ба шаҳри Хуҷанд ба ман нишонии бонуи тоқидӯз Нурихон Ибодуллоеваро доданд. Ба деҳаи Унҷии деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров назди апаи Нурихон рафтем. Он кас ҳамроҳи шогирдон  машғули дӯхтани тоқӣ ва дигар ороишоти занона буданд. Пас аз пазироӣ мақсадамро баён кардам. Хеле хурсанд шуд, ки ба ҳунарҳои аҷдодӣ таваҷҷуҳ кардам.

- Касби асосии Нурихон Ибодуллоева  омӯзгорӣ буд. Солҳои зиёд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таълиму тарбияи шогирдон машғул гардид. Баъд аз ба нафақа баромадан касби модарро эҳё кард. Модараш беҳтарин тоқиҳои рангаи мардона ва занонаро медӯхт. Нурихони наврас ба корҳои модар кумак мерасонд ва нозукиҳои касби тоқидӯзӣ дар хотираш мондааст, — афзуд ҳамсуҳбатам.

Бо дархости Раҳими Зулфониён муаллима гуфтааст:

- Модарам, дар баробари тоқиҳои занона, тоқиҳои мардонаи ироқӣ ҳам медӯхт. Афсӯс, ки нақшааш дар ёдам намондааст. Ақаллан гулҳояшро медидам, барқарор карданаш мумкин аст.

Раҳими Зулфониён чанд сурати тоқии ироқии мардонаро, ки аз хазинаи либосҳои қаҳрамонони филмҳои бадеии «Ман бо духтаре вохӯрдам» ва «Писар бояд зан гирад»-и МД «Тоҷикфилм» нусхабардорӣ карда буд, ба муаллима нишон дод.

Баъди чанде дар шаҳри Душанбе намоиш — фурӯши дастранҷҳои ҳунармандон баргузор шуд. Нурихон Ибодуллоева ҳамроҳаш чор тоқии мардонаро овард. Пеш аз оғози намоиш як тоқии ироқиро ба Раҳими Зулфониён тақдим намуд. Се тоқии боқимонда ба зудӣ ба фурӯш рафтанд.

То ҳол номбурда зиёда аз 40 тоқии пурнақшу нигори  мардона дӯхт.

Дар пешорӯ ҷашнҳои фархунда — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20 — солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай қарор доранд. Дар робита бо ин, Нурихон ва шогирдонаш сертараддуданд.

- Кошкӣ, ҳама мисли Раҳимҷон урфу одат ва ҳунарҳои аҷдодиро дӯст  медоштанду аз пайи эҳёи онҳо мешуданд. Бо кӯшишу талошҳои ӯ тавонистем тоқии чорбари ироқии мардонаро аз нав барқарор созем, — иброз дошт Нурихон Ибодуллоева.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

 «Садои мардум»