Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз

№105 (3899) 28.08.2018

DSC09140Кандакорӣ дар чӯб аз қадимтарин ҳунари мардумӣ маҳсуб шуда, дар осорхона ва меъмориҳои таърихӣ, чойхонаву тарабхонаҳои миллӣ бо офаридаҳои сеҳрангези устоҳои асили ин ҳунар дучор омадан мумкин аст, ки ба давраҳои гуногуни таърих тааллуқ доранд.

Нахустин бозёфти ҳафриётӣ, ки маҳсули дасти кандакорон аст, бути Шигир мебошад, ки ба даврони мезолит, асри VIII-и пеш аз милод тааллуқ дорад. Метавон гуфт, ки кандакорӣ мисли дунё қадимист ва мисли инсоният дар дунё паҳн гаштааст.

Устоҳои тоҷик дар гузашта асосан чӯби арча, санавбар, чанор, тут, чормағзро ба кор бурда, биноҳоро оро медоданд, ашёи рӯзгор — мизу курсӣ, кӯзаву ҷому косаву табақҳо, кафш, қолабҳои гуногун барои нусхапартоиву нақшу нигори матоъҳои пахтагӣ ва ашёҳои дигар месохтанд.

Солҳои 30 — юми асри гузашта бо бунёди биноҳои боҳашамати давлатӣ, қасрҳои фарҳангӣ ва тарабхонаву чойхонаҳо фаъолияти ҳунармандон тавсеа ёфт. Кандакорӣ аз ҳунар бештар ба санъат наздиктар гардиду дар ороиш додани бозору марказҳои савдо зиёд истифода мешуд.

Screenshot_20180815-213757Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳ ба ин ҳунар дучанд афзуда, якчанд коллеҷу литсей ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро ҳар сол даҳҳо ҷавон бо ихтисоси устои кандакор хатм менамоянд. Дар байни ин муассисаҳои таълимӣ Литсеи сохтмони шаҳри Душанбе (собиқ ЛКТ №30) дар пешрафти ҳунари кандакорӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми назаррас дорад. Он дорои устохонае мебошад, ки дар кишвар назир надорад. Устохона дар бинои 2 — юми литсей ҷойгир буда, бо кумаки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ташкил шуда, бо тамоми асбобу таҷҳизоти техникиву компютерии замонавӣ  муҷаҳҳаз аст.

Аксари устодони ҳунари кандакорӣ, аз ҷумла кормандони литсей бародарон усто Мурод ва усто Файзалӣ Умаровҳо, Муҳаммад Раҷабов парвардаи ин боргоҳи ҳунар мебошанд.

- Якумин устоди мо шодравон усто Наҷмиддин буданд. Сипас, аз Борис Ефимович, усто Саид, усто Зоҳир нозукиҳои касби кандакориро омӯхтем, — мегӯяд усто Файзалӣ. — Барои мо ин касб авлодӣ нест. Пас аз хатми мактаб ба литсей дохил шуда, онро аз бар намудем.

Инак, 20 сол мешавад, ки номбурда паҳлуи бародараш усто Мурод дар ин муассисаи таълимии касбӣ фаъолият дорад ва шогирдони зиёдро ҳунар омӯзондааст.

- Солҳои 1995-2005 таваҷҷуҳ ба кандакорӣ коста гардида буд, — мегӯяд усто Файзалӣ. — Бархе ақида доштанд, ки минбаъд дар ин соҳа шогирдонро тарбия карда наметавонем. Хушбахтона, боз талабот ба ҳунар зиёд гашту он рушду тараққӣ намуд. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 ба рушди он такони ҷиддӣ бахшид.

- Имрӯз шавқу таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин касб зиёд шудааст, — мегӯяд устои дигари таълимӣ — истеҳсолии литсей Муҳаммад Раҷабов, ки 26 сол дораду соли 2008 аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба литсей омадааст. — Айни ҳол дар литсей ду гурӯҳи — кандакорӣ дар чӯб ва ду гурӯҳи  гаҷкорӣ мавҷуд аст. Дар устохонаи махсуси литсей мо ба шогирдон кандакорӣ дар чӯбро ба воситаи компютер меомӯзонем. Имрӯз бисёр нақшҳое, ки дар асбобу ашёи рӯзгор, аз ҷумла сандуқ ва тирезаву дару дарвозаҳо дучор меоед, кандакории компютерист. Тақозои замон аст, ки шогирдон бо компютер кор карданро омӯзанд. Барои устое, ки бо компютер ошност, кофист, ки нақши эҷодкардаашро ба он ворид намояд ва компютер кандакориро анҷом медиҳад. Бегуфтугӯ, тарзи бобоии кандакорӣ — кандакории дастӣ аз лиҳози сифат беҳамто аст.

Солҳои охир талабот ба ин касб зиёд гардида, шогирдони литсей дар баробари устоҳои пуртаҷриба дар бунёду оро додани иншооти фарҳангиву тиҷоратӣ иштирок намудаанд. Маҳсули ҳунари хонандагони литсейро, аз ҷумла дар «Кохи Наврӯз», «Наврӯзгоҳ» ва чойхонаи машҳуре, ки дар шаҳри Данғара бунёд ёфтааст, дидан мумкин аст.

- Дар литсей аз тамоми ҷумҳурӣ шогирдон касб меомӯзанд. Имрӯз, ки теъдоди ҳаводорони нақшу нигори миллӣ афзудааст, шогирдон имкон доранд дар зодгоҳи худ ҷои кор пайдо созанд ё мустақилона фаъолият намоянд, — мегӯяд усто Файзалӣ Умаров. Илова бар ин, онҳо метавонанд берун аз ҷумҳурӣ — дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ аз ҳунари хеш истифода баранд. Соли 2015 усто Ҳасан Ҷумъаев ҳамроҳи писараш Фирдавс бо даъвати шахсии Оғохони IV ва нахуствазири Канада Онтарио Кэтлин Уинн дар бунёди Маркази бузурги исмоилия дар ин кишвар ширкат варзид.

- Кӯшиш менамоем, ки нозукиҳои касбро ба шогирдон омӯзем, то ин ки кандакорӣ маъруфияти бештар касб намуда, дар раванди эъмори иншоот зиёдтар истифода гардад, — мегӯяд усто Муҳаммад Раҷабов.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»