Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

№173 (3474) 18.12.2015

Дар ин шабу рӯз, ки офати табиӣ ба сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон зарари зиёди моддӣ ва маънавӣ расонид, сокинони касбу кори гуногун бетараф нестанд. Тамоми сокинони Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустин кумаки худро ба зарардидагон дареғ надоштанд.

Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти муҳоҷират ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии «Театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятӣ ба номи А. Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев яке аз аввалинҳо шуда, дар назди сокинони офатзада бо намоишномаи «Девори нанг» ҳунарнамоӣ карданд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо 130 нафар кӯдакону наврасон аз водии Бартанг барои таҳсил ва зиндагӣ ба Мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон оварда шуданд.

- Мо ният доштем, ки то фаро расидани Соли нав ба ноҳияи Рӯшон сафари ҳунарӣ карда, ба василаи ҳунар хастагиву маъюсиро аз дили наврасон барорем. Баромади нахустини мо дар Мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон оғоз гардид. Дар толори консертии мактаб — интернат ба 130 нафар наврас аз водии Бартанг ва дигар тарбиятгирандагон, дар маҷмӯъ 500 нафар, намоишномаи «Девори нанг»-ро нишон додем, — гуфт зимни суҳбати телефонӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев.

Ҳайати эҷодии театр ният доранд, ки ба зарардидагони офат, ки дар деҳаҳои Шуҷанд, Баррӯшон ва дигар деҳаҳои ноҳияи Рӯшон муваққатан ҷой гирифтаанд, намоишномаро пешкаш намоянд.

Т. ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум»