Якдилӣ, ҳамватанӣ мехоҳам

№76 - 77 (4182 - 4183) 27.06.2020

Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе қадам мезанаму чаман-чаман гулҳои шукуфтаро ба ҷилва мебинам. Ҳар гуле рангеву ҷамоле дорад. Онҳо паҳлуи ҳам ноз мефурӯшанд, яке аз дигаре зеботар аст. Гулҳои рангоранг бо ҳам аҷаб улфате доранд, даст ба дасти ҳам дода мерақсанд, дар канори якдигар таронаи ишқу хушбахтиро месароянд. Ваҳдати онҳо ба хиёбон зиё мебахшад, мушоҳидонро мафтун месозад.

Мо — одамон низ мисли чамани гулҳои рангоранг ҳастем, бо боварҳои гуногун, андешаҳои мухталиф, шеваи хоси зиндагӣ, аммо муттаҳиду сарҷамъ атрофи ваҳдати миллӣ. Тоҷикистон барои мо хонаи ваҳдат аст, хонаи ишқ, хонаи салом, хонаи меҳрубонӣ. Вожаҳои ваҳдату Тоҷикистон он қадар ба ҳам наздик шудаанд, ки як маъноро ифода менамоянд.

Шоирон паёмоварони хуршеди маъниҳо ҳастанд. Дар шеъри шоирони тоҷик дар замони истиқлолият вожаи ваҳдат ҳамрадифи Тоҷикистон бори маънии армонҳои миллиро мебардорад ва бо ҳар вожаи дигар сабз мегардаду хостаҳои миллиро ифода месозад. Ин мавзӯъ дар ашъори Гулназар, Фарзона, Низом Қосим, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Камол Насрулло, Зиё Абдулло, Аскар Ҳаким, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Озарахш, Рустами Ваҳоб, Давлати Раҳмониён, Озар… бозтоби хосе дорад.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким пайванди азалиро дар шеъри «Тоҷикистон» бо обу хоки Ватан таъкид мекунад ва Тоҷикистонро ба ҷои ҷону дил ва чашм қарор медиҳад. Яъне, мани шоир, ки ҳамон мани миллат аст, бо сарзамини аҷдодияш яке мешавад, чун ҷону тан бо обу хоки Ватан меомезад, нафас мекашад, зиндагӣ мекунад. Ӯ бидуни корбурди вожаи «ваҳдат» маънои онро дар мисра-мисраи шеъраш баён менамояд.

Бодҳо дар пуштаҳо аз меҳри ман хонад суруд,

Мавҷҳо дар рӯдҳо аз ишқи ман хонад ғазал.

Офтоб дар қуллаҳо аз сидқи ман гӯяд дуруд,

Тоҷикистон, баҳри ту, ишқи азизи бебадал.

Бодҳо, мавҷи рӯдҳо, офтоб аз забони шоир сухан мегӯянд, дар фазои ягонагӣ ваҳдати вуҷуди шоирро бо Ватан месозанд ва ишқи бебадали ӯро нисбат ба Тоҷикистон ифода мекунанд. Ҳамин ишқ шуълаи хоҳиши шоирро ба ниёиш мубаддал мегардонад ва аз ҳарорати дили ӯ пайғом овардааст:

Сабз бошӣ, хоки тоҷик, ҳамҷавори осмон,

То зиям андар канорат ҳамканори осмон.

Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот Ваҳдатро тулӯи тоҷи заррини ориёӣ дар мазҳари миллат медонад. Ваҳдат ҳамон тахти баланд аст, ки аз бахти баланд гувоҳӣ медиҳад. Сарбезаҳои хирмани «Шашмақом» вақте ба дӯли осиёби «Фалак» донарез мешавад ва оҳанги «Лалайик» вуҷуди бонувонро лабрез месозад, Ваҳдат дар фазои Ватан таниновар мегардад. Шоир садои дили инсонҳоро, ки аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон баланд мегардад ба ҳам пайванд медиҳад ва дар ин пайванд гулшукуфти тоҷиконаи чеҳраҳоро дар дарахти миллат ба тамошо мешинад. Ӯ озарахши тоҷикии гавҳари чашмонро аз тоҷу тахти миллат медонад. Ин тасвирҳои зебои хиёлангези шоир вуҷуди хонандаро таҳрик медиҳад ва нури шукӯҳу ҷалоли Ваҳдатро ба дилҳо мерезад. Вай таъкид кардааст:

Ваҳдат аст, ки хулоса мешавем 

дар «Ман» — и миллат

ва якпорча мешавем

бо Меҳани миллат!

Каломи шоир ҳарфи хушк нест, шиорпартоии берӯҳ нест, балки он зеҳнро таҳрик медиҳад, маъноро ба вуҷуди хонанда мерезад ва дилҳоро аз дарун рӯшан мекунад.

Сухани хушк ба диле асар надорад. Шоирони асил низ аз суханпардозиҳои беҳуда, шиорзаниҳои дилбазан парҳез мекунанд. Онҳо маъниҳои баландро бозгӯ месозанд ва ба калом боли парвоз медиҳанд. Шоири тавоно Озар Салим аз шинохти Ватан ин гуна гуфтааст:

Ба лабат номи Ватан чист? Ватанро, Озар,

Ба дили хеш Ватан дода, Ватан бояд гуфт.

Алимуҳаммад Муродӣ, ки шоири маъниҳои бикр аст, бо назар ва андешаи хос аз ваҳдат гуфтааст. Ӯ вожаи «ваҳдат»-ро намеситояд, балки ба мафҳум ва маънии он фурӯ меравад ва рози онро ошкор месозад:

Ман зи гул гулдаҳанӣ мехоҳам,

З-одамӣ хушсуханӣ мехоҳам.

Аз ҳама зодаи ин хоку Ватан,

Якдилӣ, ҳамватанӣ мехоҳам.

Абдувоҳиди Зевар шоири навандеш ҳамнавои рӯди Уреҷ, ҳамдостони Дашти Боло, ҳамрози Сои Нова то ба Душанбе меояд ва мушоҳидаҳояшро шеър мекунад. Ӯ Ватанро дар зиндагии ширину талхи одамон кашф месозад. Ватан барои ӯ ҳамон биҳиштест, ки мисли модар мушфиқ аст. Аммо ин хулосаи зебои шоир шоистаи таҳсин аст:

Ба номи ту бошад ба дунёи дил,

Фурӯзон чароғи рафиқии мо.

Агар рафиқ ба маънии дӯсту ҳамдаму ҳамнишин аст, пас мани шоир низ баробари Ватан қадру арзиш дорад. Агар ин арзиш аз байн биравад, бинои улфату ягонагӣ аз ҳам мепошад.

Ба мавзӯи ваҳдат рӯ овардани шоирон амри табиӣ ва зурурати таърихист. Ҳоло нисбат ба ҳар рӯзи дигар ба тақвияти Ваҳдати миллӣ, худшиносиву хештандорӣ ниёз дорем. Барои боз намудани даричаи фардои дурахшон ваҳдат қудрат ва тавон мебахшад.

ВОРИС, «Садои мардум»