Қадри мардум сафар падид орад

№35 (3672) 01.04.2017

DSC_0574ё қиссаи Ҳоҷӣ пиёда

Сокини деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Устоди варзиши Иттифоқи Советӣ, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чемпиони Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод (солҳои 1964, 1965 ва 1966), майори мустафъии қӯшунҳои сарҳадӣ Абдулазиз Раҷабов, маъруф ба номи Ҳоҷӣ пиёда, чанде пеш меҳмони идораи рӯзномаи «Садои мардум» шуд.

Ӯ 69 сол дошта, пиёда се бор ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегардад. Дар бораи шахсияти ӯ миёни мардум овозаҳои зиёде паҳн шудааст.

Мавсуф дастпарвари Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №5 (солҳои 1964-1966), Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1971) ва факултети педагогика ва психологияи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (таҳсили ғоибона, 1981) мебошад. Чанд сол дар Мактаби варзиши бачагонаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мураббии гӯштини тарзи озод буд.

Солҳои 60-70-уми қарни пешин ӯро ҳамчун паҳлавони номдор дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мешинохтанд. Чун сухан аз паҳлавонӣ рафт, бо эҳтиром устодон ва дӯстони паҳлавонаш Азалшоҳ Олимов, Исмат Абдуллоев, Саидмуъмин Раҳимов, Виктор Дзагоев, Исмоил Ҳайдаралиев, Рамазон Солеҳов, Гулпочо Хайлобеков ва дигаронро ном гирифт.

- Ҳангоми мактабхонӣ бо тавсияи муаллими забон ва адабиёт китоби «Сафарнома»-и Носири Хусравро мутолиа карда, аз ҷасорат, матонату сабри мутафаккири бузурги тоҷик дар ҳайрат шудам. Зеро ӯ пиёда масофаи зиёдеро тай намуда, ба шаҳрҳои Маккаву Мадина расида, тавофи Каъба кардааст. Баъди гардишгарии ҳафтсола ӯ дар бораи мавзеи ҷуғрофии ин ё он шаҳр маълумот дода, харитаи сафарҳояшро тартиб медиҳад. Ҳамин тариқ, баъди мутолиаи китоб шуғли ҷаҳонгардӣ ҳамеша дар майнаам чарх мезад ва фурсати муносиб меҷустам. Албатта, дар даврони шӯравӣ ин кор ғайриимкон буд. Танҳо дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ман муяссар шуд, ки ба орзуям расам. Аз ин сабаб ҳамеша шукрона аз соҳибистиқлолии Ватан мекунам, — мегӯяд ӯ.

- Шавқи ҷаҳонгардӣ дар вуҷудам ҷӯш мезад. Солҳои 1990-1995 омодагӣ дидам ва ният кардам, ки сафари нахустинамро пиёда аз тамошои шаҳрҳои Маккаву Мадина ва ба ҷо овардани ҳаҷ оғоз намоям, зеро шунида будам, ки бобову бобокалонҳои мо бо аспу шутур ё пиёда ба зиёрати Каъба рафтаанд. Магар намешавад, ки мо ин анъанаи гузаштагонамонро давом диҳем.

То ба нафақа баромаданам (соли 2013) дар Қӯшунҳои сарҳадии гурӯҳи сарҳадбонони ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) кор мекардам. Аз ин рӯ, бо баъзе нозукиҳо ва ҳуҷҷатгузории сарҳадӣ шинос будам.

Ниҳоят, саёҳати якумам солҳои 2005-2006 бо хатсайри Москва – Гурҷистон – Озарбойҷон – Туркия – Сурия – Урдун ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд ва он хеле бобарор гузашт. Зеро дар он маро мири шаҳри Маккаву Мадина, узви парламенти Ар — Риёз Абдулло Довуд ал — Файз қабул ва дар ҳузури журналис­тони зиёд конфронси матбуотӣ доир намуд. Барои онҳо хеле аҷиб буд, ки ман пиёда ин қадар роҳи тӯлониро тай карда, ба Арабистони Саудӣ расидаам. Се моҳ дар он ҷо монда, бо кумаки Абдулло Довуд ал — Файз ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидам.

Ин бахти баланд ва рӯзи хушбахттарин дар ҳаёти ман субҳи 15 феврали соли 2006 ба амал омад. Ҳамроҳи 11 шайхи араб дохили Хонаи Худо шуда, он даргоҳи муқаддасро зиёрат кардам. Баъд аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ман дуюмин шахс аз Тоҷикистон будам, ки чунин хушбахтӣ насибам гардид. Аз чунин муносибат аз Абдулло Довуд ал — Файз як умр миннатдор ҳастам.

Дар бозгашт аз Каъба ҳам аз нақлиёт истифода набурдам. Сафари нахустинам 9 моҳу 12 рӯзро дар бар гирифт.

Дар маҷмӯъ, чор бор пиёда ҳаҷ кардаам. Саёҳати дуюмам соли 2012 бо хатсайри Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон – Дубай – Абу Дабӣ ва Арабистони Саудӣ 6 моҳу 15 рӯз идома ёфт.

Сафари сеюмам, ки ба соли 2013 мувофиқ омад, тавассути Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Шри — Ланка, Дубай ва аз он ҷо ба Арабистони Саудӣ сурат гирифт ва 7 моҳу 10 рӯз давом кард.

- Ҷаҳонгардии чорумам, ки 7 моҳ давом дошт, чандон бобарор набуд. Ман бо хатсайри Тоҷикистон — Қирғизистон — Қазоқистон — Федератсияи Россия -Исроил -  Туркия — Гурҷистон — Озарбойҷон — Эрон ҳаракат кардам, вале аз сарҳади Халиҷи Форс маро бозпас гардониданд. Азбаски муносибатҳои дипломатии давлати Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон хуб нест ва дар шиносномаи ман раводиди (визаи) Исроил бо муҳр сабт ёфта буд, аз сарҳади Эрон гузаштан намонданд. Ин даъфа ба ман муяссар нашуд, ки ҳаҷ кунам, — гуфт Абдулазиз Раҷабов.

Кӯлбори сафариашро аз назар гузаронидам. Борхалтааш 5-6 кг вазн дошт. Дар дохили он ҳуҷҷатҳо, доруворӣ, либосҳои тозаи варзишӣ, таҷҳизот барои беҳдошт, шасти моҳигирӣ, рӯзнома — дафтари қайду хотираҳо, рахти сафарӣ, тахмин 30-35 байрақ ва харитаи кишварҳое, ки аз дохили онҳо гузаштааст, маҳфузанд. Асояш чӯбини нӯгаш оҳанин аст. Бо он  ҳар рӯз то 40-45 километр роҳ паймуда, вақти истироҳат агар дар наздикиҳо масҷид мебудааст, дар он ҳатман намоз хонда, шабро ҳамон ҷо мегузарондааст.

Ба Абдулазиз муяссар шудааст, ки бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмадинажод, мири шаҳри Маккаву Мадина Абдулло Довуд ал — Файз, ситораи кинои Ҳиндустон Амитабх Баччан, раиси Маркази байналхалқии фарҳангии собиқ зодагони Россия ва Осиёи Марказӣ Михаил Кимёгаров, узви Конгресси яҳудиёни Бухоро ва ИДМ Яъқуб Петрович Левиев ва дигарҳо мулоқот дошта бошад. Ӯ дар бораи ҳар яке аз ин вохӯриҳо бо ҳарорат ҳарф мезанад.

Хостем аз муносибат бо ситораи кинои Болливуд Амитабх Баччан қисса кунад.

Зимни яке аз сафарҳо (соли 2013), ки дар шаҳри Коломбои Шри — Ланка қарор доштам, аз рӯи харита Ҳиндустон ба назар наздиктар метофт. Хостам масофаро тез тай кунам, то аз маросими ҳаҷ дер намонам.

Вақте ба Ҳиндустон, ба шаҳри Мумбай расидам, ният кардам, ки бо ҳунарманди шинохта Амитабх Баччан вохӯрам. Дар ин сафар маро ҳамдиёрам Раҷабалӣ Сулаймонов, аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳамроҳӣ мекард. Аз ронандагони таксӣ суроғаи ҳунармандро пурсидем. Муҳаммад Алӣ ном форс — розӣ шуд, ки моро то хонаи Амитабх Баччан барад. Мо хеле роҳро бо мошин тай карда, назди бинои боҳашамате қарор гирифтем. Посбонҳо наздамон омаданд. Муҳаммад Алӣ моро ба хизматгузорони ситораи кино муаррифӣ кард.

Посбонҳо сертараддуд шуда, бо телефон гуфтугӯ карда, пас ба мо рӯ оварда, гуфтанд:

- Амитабх Баччан чанд рӯз боз дар шаҳри Деҳлӣ дар яке аз филмҳои нави ҳунарӣ нақши асосиро бозида истодааст. Баъди чор рӯз бармегардад, вале хоҳиш кард, ки меҳмонҳои тоҷик интизораш бошанд.

Пас яке аз посбонҳояш моро ба меҳмонхона бурда, ба хизматгорзан чизе гуфт. Як рӯз дар меҳмонхона мондем, се вақт хӯроки болаззат барои мо пешкаш мекарданд. Мо ҳайрон мондем, ки дар чунин меҳмонхонаи боҳашамат зиста, хӯроки шоҳона истеъмол мекунем, вале ҳисобаш чанд доллар мешавад, маълум набуд. Афсӯс, ки забони англисӣ ва ҳиндиро намедонистем. Бинобар ин, аз ҷавонон хоҳиш дорам, ки ҳар чӣ бештар забон омӯзанд, ба варзиш машғул шаванд. Беҳуда нагуфтаанд: «Забон донӣ, ҷаҳон донӣ».

Зарур шуморидем, ки ба Муҳаммад Алӣ занг занем. Ӯ баъди чанд фурсат омад ва ба мо фаҳмонд, ки вақте посбонҳо ба Амитабх Баччан занг зада, омадани шуморо хабар доданд, ӯ гуфтааст, ки сайёҳонро то омадани ман меҳмондорӣ кунед. Ҷойи хобу хӯрок барои шумо бепул аст. Маблағашро меҳмондорҳо пардохт мекунанд. Нархи як шабонарӯз барои як нафар 162 доллар аст.

Ба ростӣ, аз ин ҳимматбаландии Амитабх Баччан сарамон ба осмон расид. Аз Муҳаммад Алӣ хоҳиш кардем, ки ба хид­матгорзан гӯяд, ки мо саросемаем, ба зиёрати ҳаҷ равонем. Ташаккури моро ба ҷаноби Баччан расонад. Мо аз лутфу марҳаматаш хеле сипосгузорем.

Он зан бо забони ҳиндӣ ба посбонҳо чизе гуфт. Посбонҳо, ба фикрам, ба Амитабх Баччан занг заданд ва сабаби рафтанамонро гуфтанд. Ба фикрам, ҳунарманди маҳбуб супориш дод, ки ҳамаи мушкили моро ҳал кунанд.

Ман изҳор намудам, ки раводид ба Арабистон надорем. Посбонҳо ва хизматгорони Баччан ба мо ҳам раводид (виза) гирифтанду ҳам ду билети тайёра то шаҳри Дубай хариданд. Мо аз хурсандӣ дар куртаамон намеғунҷидем.

Ба хидматгузоронаш гуфтем, ки миннатдории моро ба ҷаноби Баччан расонанд. Мардуми санъатдӯсти тоҷик ҳамеша пазмони дидори ӯ ҳастанд ва омаданашро бесаброна интизорӣ мекашанд.

Дар баробари ин, хидматгузоронаш боз гуфтанд:

- Ҷаноби Амитабх Баччан гуфт, ки ташаккури ӯро ба мардуми Тоҷикистон расонед, зеро то ҳанӯз маро дӯст медоранд ва мухлисӣ мекунанд…

- Инак, аз он лаҳзаҳои хотирмон расо се сол гузашт, аммо ҳимматбаландии ҳунарманди маҳбуб Амитабх Баччанро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, — мегӯяд Абдулазиз Раҷабов.

Соли 2016 бо кумаки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомиддин Сатторов ва узви Конгресси яҳудиёни Бухорои Федератсияи Россия ва ИДМ Яъқуб Левиев чун меҳмон 12 рӯз дар давлати Исроил қарор доштам. Дар шаҳри Тел-Авиви Исроил маро хеле хуб истиқбол гирифта, меҳмондорӣ карданд. Махсусан, пазироии раиси Маркази фарҳангии байналмилалии зодагони Россия ва Осиёи Марказӣ, узви Иттифоқи нависандагони Исроил Михаил Кимёгаров маро хеле болидахотир кард. Ӯ яке аз хешони наздики режиссёри бузурги тоҷик Борис Кимёгаров мебошад. Михаил Кимёгаров дар маҳфили 30-солагии садамаи НБО-и «Чернобил», ки дар тарабхонаи «Яҳудиёни Бухоро» ҷамъ омада буданд, маро чун сайёҳ ва ҷаҳонгарди тоҷик муаррифӣ намуд. Аҳли толор ба ифтихорам қарсак заданд.

Кимёгаров ҳамсабақи солҳои донишҷӯии генерал-полковник Саидамир Зуҳуров будааст ва хоҳиш намуд, ки саломи гарму ҷӯшонашро ба ҳамсабақаш ва мардуми тоҷик расонам.

Ҳамсуҳбатам ба ман бастаи рӯзномаҳоро, ки дар борааш чун ҷаҳонгарди тоҷик маълумот дода, аксашро бо шахсиятҳои шинохтаи дунё чоп кардаанд, нишон дод. Дар байни онҳо «Азия плюс» (аз 21 январи соли 2000, № 34 (344), «Урдун» (22 июни соли 2006), «Пайки олимпӣ» (аз 28 декабри соли 2006), рӯзномаҳои Арабистон «Ар — Риёз» (10 феврали соли 2006), «Дубай» (22 сентябри соли 2012, № 12179), «Маккаи Мукаррама»-и Арабистони Саудӣ (соли 2012), «Ахбор»-и Абу Дабии шаҳри Дубай, ҳафтаномаи «Фараж» (16 майи соли 2012, №20 (285), «Азия плюс» (25 июли соли 2013), «Народная газета» (28 май соли 2014, № 22 (1994), «Ҷавонони Тоҷикистон» (5 марти соли 2015, № 10 (9384), «Олимпӣ»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон (29-31 июли соли 2016), «Замон»-и Туркия, «Садои мардум» (11 январи соли 2014, № 5 (3151), «Садои дил» (16 майи соли 2016, №20 (456), «Фабула»-и Қирғизистон (17 июни соли 2016, № 37 (78), «Молодежь Дагестана» (26 августи соли 2016 (30), «Тоҷикони Россия» (15 июли соли 2016, № 13), «Азия плюс» (21 апрели соли 2016, №30 (1115), «Менора» — нашрияи Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни Бухоро» (14 июли соли 2016, № 748), «Вести»- ҳафтаномаи бисёрсаҳифагии Давлати Исроил ба забони русӣ (14-15 июли соли 2016, № 5855), рӯзномаи ноҳиявии «Зафар» (21 марти соли 2016, №6 (1706), рӯзномаи вилоятии «Кулябская правда» (15 апрели соли 2016, № 11 (5778), рӯзномаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ғайраро дидан мумкин аст.

Махсусан, мақолаи Мордехай Кимёгаров бо номи «Пешком к миру, или салом из Таджикистана», ки дар саҳифаи якуми ҳафтаномаи бисёрсаҳифагии Давлати Исроил — «Вести» бо забони русӣ чоп шудааст, хеле ҷолибу хонданист.

- Нақшаи наздиктарини ман пиёда тай кардани даври кураи замин мебошад, ки 40 ҳазор километрро дар бар мегирад. Агар ин ниятам амалӣ шавад, онро чун туҳфа ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебахшам.

Ман бояд ҳамеша дар сафар бошам. Зеро Абулфараҷи Саноӣ фармудааст:

Қадри мардум сафар падид орад,

Хонаи хеш мардро банд аст.

Чун ба санг андарун бувад гавҳар,

Кас надонад, ки қиматаш чанд аст.

 Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин Исоев