Китобиёт

Афсонаҳои иқтисодӣ ва ҳақиқати зиндагӣ

№32 (3178) 01.04.2014

«Бо вуҷуди ҳолати ноустувори иқтисодиёти ҷаҳони муосир, заиф гардидани механизмҳои идоракунии низоми молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини суботи иқтисодӣ ва дар ҳамин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва афзоиши табақаи дорои даромади миёнаи аҳолӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоем.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки дар ҳаллу масоили вобаста ба таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида бояд ҳар як фарди кишвар саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013).

Илми иқтисодиёт фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсон аст. Таҳлилу хулосаҳои воқеии иқтисодӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани низоми иқтисодӣ боиси пешрафти зиндагӣ, муносибатҳои самараовару рушди пайваста мегардад. Вале баръакси ин, агар ин пажӯҳишҳо ва таҳлилу баррасиҳо барои манфиатҳои доираҳои маҳдуди сиёсӣ, минтақавӣ ва давлатҳои алоҳида сурат гирад, оқибат ба нокомиҳои умумӣ оварда мерасонад. Буҳрони охири ҷаҳонӣ, ки бисёр давлатҳоро ба ташвиш овардааст ва акнун роҳҳои раҳоӣ аз онро меҷӯянд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

«Назарияҳои мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии ҷомеаи ҷаҳон ба равандҳои мураккаби инкишофи ҷаҳон ҷавоб гуфта наметавонад, зеро онҳо афсонаҳое беш нестанд. Одамон наметавонанд ҳама чизро таҳлил кунанд ва донанд. Вале дар бештар маврид таваккал интихоб мекунанд (фарқ надорад моли нав, ҳамсар ё вакили парлумонро) ва бо ин амали худ тақдири худ, инсонҳо ва ҷомеаҳоро муайян мекунанд». Ин иқтибосро аз китоби директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Олим Бобоев «Афсонаҳои иқтисодӣ ва ҳақиқати зиндагӣ» гирифтем. Дар ин китоб, ки ба таври илмӣ ва оммавӣ таҳия шудааст, баъзе масъалаҳои назариявии иқтисод вобаста ба мазмуни воқеии онҳо таҳлил ёфта, тавсифи афсонавӣ доштани баъзе аз мафҳумҳои иқтисодӣ собит карда шудаанд. Муаллиф, ки олими барҷаста ва варзидаи соҳа мебошад, ба вазъи ҷаҳони имрӯза баҳо дода, тамоюлҳои номатлуби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳони муосирро нишон додааст. Баёни фасеҳи олимона ва дар навбати худ содаю оммавӣ ба хонанда, агар ӯ донишманд, илмҷӯ, донишомӯз ва ё шахси босаводи одӣ бошад ҳам, имкон медиҳад, ки ба асли мақсад сарфаҳм равад ва нисбати вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва ҳаёти хеш тасаввуроти дуруст пайдо кунад.

Дар оғози китоб нуқтаи назари як нафар олими машҳури иқтисоддони амрикоӣ Ҷон Кеннет Гэлбрейт оварда шудааст, ки хеле ҷолиб аст. Вай дар китоби хеш «Экономика невинного обмана. Правда нашего времени» (соли 2009) тасдиқ кардааст, ки илми иқтисод ё васеътар, системаи иқтисодӣ ва сиёсии сармоядорӣ арзишҳои худашро зери таъсири омилҳои моддӣ созмон додааст, ки онҳо ба воқеияти иқтисодӣ созгор нестанд. Ӯ менависад: «капитализм ин на фақат талош варзидан ба истисмор, аз он зиёдтар худвайроншавӣ мебошад».

Ҳамин тавр, бо овардани далелҳои муътамад ва андешаҳои зиёди олимони соҳа ва таҳлили вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон муаллифи китоби «Афсонаҳои иқтисодӣ ва ҳақиқати зиндагӣ» афсонаҳои низоми сармоядориро шарҳу тавзеҳ додааст. Дар ин замина ӯ таъкид сохтааст: «Низоми сармоядорӣ дар он шакле, ки дар китобҳои дарсӣ тафсир карда мешавад, дар амал вуҷуд надорад ва ҳамаи ин афсонае беш нест».

Китоб дар се боб- «Вазъи фоҷиабори ҷаҳони имрӯза маҳсули афсонаҳои иқтисодист»; «Афсонаҳои иқтисодӣ»; «Ҳақиқати зиндагӣ ва зарурияти имрӯзикунонӣ ва илмикунонии ҷомеа» бо дарбаргирии мавзӯъҳои гуногуну ҷолиб мураттаб шудааст.

Ахиран боз як китоби ҷолиби устод Олимҷон Бобоев бо номи «Таҳлили қиёсии низомҳои иқтисодӣ» аз чоп баромад, ки идомабахши мавзӯи дар боло зикргардида мебошад. Дар ин рисола ду низоми иқтисодӣ — низоми иқтисодии сармоядории капитализм ва низоми иқтисодии сармоядории ислом, ки ҳар ду низом моликияти хусусӣ, озодии иқтисодӣ, бозор ва рақобати озоди иқтисодиро эътироф доранд, қиёсан таҳлил шудааст. Зимни баррасии ин масъалаи муҳим донишманд чунин иброз доштааст: «…дар ҷаҳони муосир ду низоми рушду тавсеа, яъне сармоядорӣ ва сотсиалистӣ афзалият ва бартарӣ пайдо намудааст. Низоми сотсиалистӣ нотавонии худро собит намуда, тағйири шакл намуд. Яъне, кишварҳои дар ин низоми рушд фаъолиятдошта, бо таносубҳои гуногун ба низоми сармоядорӣ гузариш доранд. Дар навбати худ низоми сармоядорӣ ҳам дар назди мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаҳо нотавон будани худро собит намудааст».

Ин нуктаҳо бо далелҳои мушаххас таҳлил ва хулосабарорӣ шудааст, ки аз дид ва назари амиқу холисонаи муаллиф дарак медиҳад. Ҳамзамон вай дар навбати худ бо мисолу далелҳои мушаххас бартарии низоми иқтисодии исломиро баён намудааст, ки тавсеа ва рушди он хушбахтӣ, саодат ва некуаҳволии тамоми қишрҳои ҷомеаро таъмин месозад. Дар ин замина муаллифи китоб бо таассуф гуфтааст, ки низоми иқтисодии исломӣ ё низоми сармоядории исломӣ дар сатҳи назарияи рушди ҷомеаи ҷаҳон кам таҳқиқу баррасӣ шудааст ва вобаста ба ин меафзояд: «Ба тарзи система, ба унвони як низоми муассир дидан ва баррасӣ намудани низоми сармоядории Ислом имконият медиҳад, ки асосҳои ҳақиқии илмӣ ва ахлоқии низоми сармоядории капитализм ва паёмадҳои ногувори ин низом тавассути низоми исломӣ-ҳанифизм муайян карда шавад.».

Дар ин робита муаллифи китоб бо истифода аз таълимоти китобҳои муқаддаси илоҳӣ –Таврот, Забур, Инҷил ва Қуръони маҷид асосҳои илмии низоми иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонро баррасӣ намуда, мазмун, мақом, манзалат ва нақши иқтисодро дар зиндагии башарият мушаххас ва қонуниятҳои воқеии рушди иқтисодии кишварҳоро муайян кардааст.  Дар ин китоб низ мавзӯи муҳими ҳаётӣ ба таври олимона ва равшану возеҳу оммафаҳм баён ёфтааст.

Хуб мебуд, дигар муҳаққиқони муҳтарам, мутахассисону масъулони соҳаи иқтисод, илмҷӯёну донишҷӯён китобҳои директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Олим Бобоев «Афсонаҳои иқтисодӣ ва ҳақиқати зиндагӣ» ва «Таҳлили қиёсии низомҳои иқтисодӣ»-ро дастрас карда, бихонанду баҳраманд гарданд ва дар пешрафти соҳаи ҳаётан муҳим саҳми бештаре ҳамроҳ намоянд.

Дар поёни ин навишта як чизро мехоҳам таъкид намоям, ки бо вуҷуди мазмуну мундариҷа ва таҳлили ҷолибу аҳамиятнокӣ, ҳар ду китоби зикршуда ба шакли бисёр одӣ рӯйи чоп омадааст. Хуб мебуд, чунин китобҳои воқеан олимона ва пураҳамият бо муқоваи мустаҳкам, чопу ороишоти баланд ва теъдоди зиёд чоп шаванд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»