Нишасти матбуотӣ

Ҳафтоду ду нафар «Дипломи аъло» гирифт

№ 14.07.2016

1404198362_66263255-f575-48ee-b4e4-c810ac115e5c_w640_r1_s Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ  аз вазъи имрӯзаи кору таҳсил ва натиҷаҳои бадастовардаи устодону донишҷӯён ҳарф зада, аз ҷумла изҳор дошт, ки сафи донишҷӯён давоми солҳои охир афзуда, ҳоло ба 9571 нафар расидааст, ки назар ба соли гузашта 153 нафар зиёд мебошад. Дар донишгоҳ фазои таълимӣ бо забони русӣ  нигоҳ дошта, миқдори  гурӯҳҳои бо ин забон таҳсилкунанда 60,5 фоизи шумораи умумии гурӯҳҳоро ташкил медиҳад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги  донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатро муайян намуд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо доштани заминаи хуби моддию техникӣ, ҳайати мукаммали профессорон ва дигар  устодони  баландпоя дар зинаи дуюми рейтингии донишгоҳу данишкадаҳои кишвар  қарор гирифт.

- Яке аз ҳадафҳои асосии  фаъолияти бахши таълимии донишгоҳ баланд бардоштани  сифати таълим аст,- таъкид намуд ректор ва иброз дошт, ки 39,8 фоизи донишҷӯён имтиҳонҳои сессияро бо баҳоҳои «аъло» ва «хубу аъло» супориданд, ки назар ба сессияи гузашта қариб панҷ фоиз зиёд аст. Ин аз беҳтар гардидани ҷараёни таълим дар донишгоҳ ва фаъолияти  кафедраҳо гувоҳӣ медиҳад. Аз 1206 нафар хонандагони имсола 72 нафар соҳиби «Дипломи аъло» шуданд.

Устодони донишгоҳ ба кӯмаки  ташхисию табобатӣ низ машғуланд ва тӯли нимсолаи аввал онҳо ба 27165 бемор кӯмаки табобатию машваратӣ ва ташхисӣ расониданд. Кафедраҳои тахассусии  ҷарроҳӣ 6084 амали ҷарроҳӣ анҷом доданд.

Соли ҷорӣ ба донишгоҳ 400 нафар зиёд донишҷӯй қабул карда мешавад. Бинобар ин, ҳоло бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони  Маҷмааи нави таълимии донишгоҳ дар  Қарияи боло  босуръат идома дорад ва то оғози соли нави таҳсил мавриди  истифода қарор хоҳад гирифт.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»