Амнияти озуқаворӣ ва тағйирёбии иқлим

№27 (3012) 05.03.2013

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 13 октябри соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ»-ро қабул кард. Баъдан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми августи соли 2011 Шӯрои амнияти озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Аз 23 марти соли 2011 инҷониб лоиҳаи «Дастгирии тақвияти системаи миллии ахборот оид ба амнияти озуқавӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад. Фаъолияти ин лоиҳа ба тақвияти иқтидори институтсионалии системаи иттилоотӣ оид ба амнияти озуқаворӣ тариқи пурзӯр намудани ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, мусоидат ба таъсис ва ба роҳ мондани сохтор барои системаи иттилоотии мутобиқкардашуда равона гардидааст.

Гурӯҳи коршиносони дараҷаи баланд оиди амнияти озуқаворӣ ва ғизо (ГКДБ) дар натиҷаи омӯзиши масъалаи амнияти озуқаворӣ ва тағйирёбии иқлим ба хулоса омад, ки дар даҳсолаҳои наздик хатари ноамниятии озуқаворӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим на танҳо ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, балки ба кулли инсоният таҳдид мекунад. Ин маънӣ дар баромади гурӯҳи мазкур, ки моҳи июни соли 2012 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз ҷониби Кумитаи Умумиҷаҳонии Амнияти Озуқаворӣ (КУАО) тасдиқ шудааст, зикр гаштааст.

Дурнамои он ки ҳамаи давлатҳои дунё нишондиҳандаи мақсадноки маҳдудкунии афзуншавии ҳарорати миёнаи ҳаворо, ки дар гуфтушуниди Чаҳорчӯбаи Конвенсияи Тағйирёбии Иқлим (ЧКТИ) СММ дар Канкун дар ҳадди 2°С бояд бошад, риоя мекунанд, эҳтимолияти кам дорад. Дар ҳолати ба нокомӣ дучор шудани гуфтушунид оиди сиёсати глобалии иқлимӣ, аз рӯйи баҳодиҳии пешакӣ, то охири аср, то ба 4°С баландшавии ҳарорат аз эҳтимолият дур нест.

Паҳлуи дигари ноамниятии озуқаворӣ ин афзуншавии аҳолӣ бо сурати баланд мебошад, ки то солҳои 2050 дар шароити шаҳригардӣ идома меёбад. Ин тағйирот дар навбати авввал дар мамлакатҳои ҳозираи рӯ ба тараққӣ мушоҳида мешавад.

Мақсади гузаронидани тадқиқот нисбати амнияти озуқаворӣ ва тағйирёбии иқлим, баррасии вазъи ҳозира ва фаъолияти оянда вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқаворӣ ва озуқа, диққати махсус додан ба манотиқ ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, инчунин алоқамандии тағйирёбии иқлим ва маҳсулнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ, фароҳам овардани шароити таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо мебошад.

Соли 1996 дар Саммити умумиҷаҳонии озуқаворӣ мафҳуми «амнияти озуқаворӣ» чунин муайян шудааст: «Амнияти озуқаворӣ дар он ҳолат вуҷуд дошта метавонад, ки ҳама одамон ҳамеша дастрасии физикӣ ва иқтисодӣ ба миқдори кофии озуқаи бехатар, серғизо ва зарурӣ дошта бошанд». Ин ҷо чаҳор сутуни амнияти озуқаворӣ таъкид шудааст: вуҷудият, дастрасӣ, истеъмол ва устуворӣ.

Дар давраи аз соли 1990 то 2015 татбиқи чунин вазифа, ки дар декларатсияи ҳазорсола оварда шудааст, инконнопазир аст. Аз соли 1990 то соли 2000 суръати ғизохӯрии нокифояи аҳолии манотиқи рӯ ба тарраққӣ аз 20 фоиз то ба 16 фоиз кам шудааст ва ҳоло ҳам дар ҳамин сатҳ қарор дорад. Дар соли 2010 нуфузи ашхоси нимгурусна 925 миллион нафарро ташкил дод.

Натиҷаҳои асосии маърӯзаи гурӯҳи коршиносони дараҷаи баланд (ГКДБ) аз нуктаҳои зер иборатанд:

1. Коҳиш дар нақшаи амнияти озуқаворӣ аз таъсири баъдинаи биофизикӣ ба зироат, ҳайвонот ва низоми сатҳи хоҷагӣ сар мешавад. Ин таъсири баъдина бевосита воситаҳои ҳаётиро дар ноҳияҳои кишоварзӣ, инчунин шаҳрҳоро низ фаро мегирад. Бозорҳои ҷаҳонӣ, чун механизмҳои гузаронандаи таъсири баъдинаи тағйирёбӣ аз рӯйи занҷираи молистеҳсолкунандагон инчунин метавонанд ба амнияти озуқаворӣ дар сатҳи маҳаллӣ, ҳам ба самти мусбӣ ва ҳам ба самти манфӣ хизмат карда, нархи дохилии маводи барои ҳаёт заруриро тагйир диҳанд.

2. Тағйирёбии иқлим ба растаниҳо, ҳайвонот ва дигар мавҷудот таъсири ҳаматарафа мерасонад. Тағйирёбии реҷаи ҳарорат ва реҷаи боришот метавонад ба маҳсулнокии кишоварзӣ таъсири назаррас расонад. Натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳашароти зараррасон ва омилҳои гирифторшавӣ ба касалиҳои зироат, чорво ва моҳӣ метавонад назаррас бошад. Дар даҳсолаи наздик тағйирёбии иқлим ба пайдо шудани таъсир ба ҳайвонот ва растаниҳо дар системаҳои акватикии кишоварзӣ сабабгор шуда метавонад. Номафҳумии зиёд оиди ҷӯршавии ин таъсирҳо вуҷуд дорад.

3. Омӯхтани самти коҳиши иҷтимоӣ, бо мақсади фаҳмидани он ки барои чӣ баъзе қисмати аҳолӣ, хоҷагӣ ва гурӯҳҳо, ки дар як минтақаи географӣ қарор доранд ва бо хавфҳои гуногуни амнияти озуқаворӣ дучор омадаанд, бисёр муҳим аст. Дар натиҷаи таъсири омилҳои аллакай муайяншудаи тағйирёбии иқлим ба камбизоатон, ҳолатҳои иҷтимоию – иқтисодӣ ва агроэкологӣ метавонад боз ҳам ҷиддӣ шавад.

4. Аҳолии камбизоат ба хавфи ноамнии озуқаворӣ аз тағйирёбии иқлим бисёртар гирифторанд. Киҳоро камбизоат мегӯянд? Инҳо одамони камбағалеанд, ки имкониятҳои даромадашон маҳдуд мебошад. Ба ҷумлаи онҳо ашхоси камзамин ва безамин, аҳолии манотиқи кишоварзӣ, гурӯҳҳои этникӣ дохил мешаванд. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ, қисмати кулли ин табақаҳо дар ду манотиқ: Африқо ба тарафи ҷануби Сахара ва дар Осиёи Ҷанубӣ, ки тағйирёбии иқлим мумкин аст назаррас бошад, мавҷуданд. Бо вуҷуди ин маълумот дар бораи набудани амнияти озуқаворӣ ҳатто дар давлатҳои бойтарин ҳам кофӣ нест ва эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки раванди тараққӣ ба боз ҳам нобаробарии амиқ, ба эътибор нагирифтани гурӯҳҳои азияткашида ва таназзулёбии муҳити атроф боис мегардад. Хусусан фермерони камзамин ва муздурони безамин, ки захираҳояшон маҳдуд аст, ба таъсири баъдинаи иҷтимоию иқтисодии тағйирёбии иқлим гирифтор мешаванд, агар афзудани ноустувории иқлим бо беҳгардонии системаи ҳимояи иҷтимоӣ роҳандозӣ нашавад.

Дар манотиқи хушк ва нимхушк, ки кишоварзӣ ғайри истифодаи сӯзишворӣ сурат мегирад, 40 фоизи аҳолии ҷаҳон ва зиёда аз 650 миллион нафар аҳолии камбизоат аз ноамнии озуқаворӣ бештар азият мекашанд ва ба хавфу хатари вобаста бо тағйирёбии иқлим, хусусан хушксолӣ, гирифторанд.

5. Мувофиқакунонии силсилаи озуқаворӣ тағйирпазирии маҷмуи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва биофизикии истеҳсол, коркард ва истеъмоли озуқаро талаб мекунад. Маълум мешавад, ки ин дигаргуниҳо барои манотиқи камбизоат ва коҳида ниҳоят душвор аст. Ба ғайр аз ин, моделсозии тағйирёбии иқлим нишон медиҳад, ки таъсири баъдинаи ҷиддӣ дар манотиқи тропикӣ имконпазир аст. Алалхусус минбаъд ҳам камшавии миқдори боришот дар манотиқи хушки тропикӣ аз эҳтимол дур нест. Бисёре аз мамлакатҳои камбағал дар ин манотиқ ҷойгир шудаанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки давлатҳое, ки қобилияти мутобиқшавӣ надоранд, аз ҳама зиёд дучори азият мегарданд. Ҳамин тавр умедвориҳо барои дастрас шудан ба Мақсадҳои Тараққиёти Ҳазорсола (МТҲ), ки камбизоатӣ ва гуруснагиро мадди назар дорад, дар ҳолати мутобиқшавии давлатҳои нисбатан сусттараққӣ метавонад амалӣ шавад, лекин бо гузаштани муҳлат ҳамаи давлатҳо бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

6. Дар бораи он ки иқлим чӣ тавр тағйир меёбад, як қатор омилҳои номуайян вуҷуд доранд, ки ба таври илова дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ душворӣ пеш меоранд. Аз ин лиҳоз, мутобиқшавиро дар мазмуни васеи ташаккулёбии нисбатан устувори ба таъсири омилҳои беруна ба силсилаи озуқаворӣ вобаста дида баромадан лозим аст. Яке аз хатарҳои асосӣ, ки қавияти ин силсиларо вайрон месозад, ин дараҷаи нокофии устуворӣ ва аз ҷиҳати экологӣ ҳамҷоягардии истеҳсоли маҳсулот аст. Ин масъала бояд бо роҳи ҳалли он, ки мо чӣ тавр маҳсулот истеҳсол мекунем, бо роҳи муътадил гардонидани талабот ба маҳсулоте, ки аз ҳайвоноти кавшакунанда, ки парваришашон ба партофтани миқдори зиёди газҳои парникӣ, инчунин аз ҳисоби тағйир додани механизмҳои умумии идоракунии низоми миллӣ ва байналмилалӣ вобаста аст, ҳалли худро ёбад. Муайянсозии усулҳои самараноки истифодаи захираҳои аз омили берунаи экологӣ кам вобастаи истеҳсолот, тақсими маҳсулоти озуқаворӣ ва дастгирии истеъмол бояд аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок бошад.

7. Тадбирҳои беҳ гардонидани истифодабарии обро ҳамчун намунаи дурнамои мутобиқшавӣ дар сатҳи ҷамоатҳо овардан мумкин аст: сохтмони силсилаи инфрасохтори ирригатсионии босамар ва иншоотҳои на чандон бузург барои ҷамъ овардан, нигоҳ доштан ва истифода кардани об; татбиқи тадбирҳое, ки барои нигоҳ доштани об, маводи органикӣ ва ғизоии дар хок буда равона шудаанд, дар асоси истифода аз зироатҳои давраи нашъунамояшон кӯтоҳ; созмон додани бонкҳои ҷамоатии тухмӣ ва ғалла. Фермерон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти озуқа мустақилона ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шуда наметавонанд. Ба онҳо дастгирӣ аз ҷониби Ҳукумат ва сектори хусусӣ, инчунин ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст.

8. Кишоварзӣ яке аз омилҳои пураҳамияти тағйирёбии иқлим аст. Ба зиммаи растанипарварӣ ва чорводории ҷаҳонӣ қариб 15 фоизи партов рост меояд. Партовҳои бевоситаи газҳои парникӣ дар амалияи кишоварзӣ бар асари обзеркунии палҳои шолӣ ва парвариши чорво, оксиди нитроген (N2О) аз ҳисоби истифодаи нуриҳои органикӣ ва минералӣ, дуоксиди карбон (СО2) аз ҳисоби гум шудани маводи органикии нитрогендори хок дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои кишоварзӣ дар заминҳои корам ва дар чарогоҳҳо ҳангоми ба таври шадид чаронидан ба ҳаво партофта мешаванд. Кишоварзӣ сабабгори партофтани партови дигар соҳаҳо низ мебошад (истеҳсолот, нақлиёт, таъмини неру ва ғайра).

9. Дар дурнамо интизорӣ меравад, ки ҳаҷми калони ифлосшавии газҳои парникӣ аз ҳисоби кишоварзӣ дар манотиқе, ки истеҳсоли маводи кишоварзӣ ва чорводорӣ зиёд мешаванд, ба зиёдшавии ба ҳаво партофтани СН4 ва N2О оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, муҳимияти асосиро сиёсат ва барномаи маҳдудкунии самараноки партофтани СН4 ва N2О мегирад.

10. Барои муқоиса кардани чорабиниҳо ва системаҳо лозим аст, ки ҳам партовҳои бевосита ва бавосита дида баромада шаванд. Зарур аст, ки фавран корҳои баҳодиҳии системаи гуногуни раванди кишоварзӣ, бо назардошти партовҳои бевосита ва бавосита, беҳ карда шаванд.

11. Истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар асоси сарчашмаҳои растанигӣ ва дигар хӯрокаҳо бо ҷараёни биологии бо он алоқаманди талабот ва талафоти неру вобастагӣ дорад. Ин нишон медиҳад, ки барои истеҳсоли як калория маҳсулоти чорводорӣ дар давраи аввали раванди исеҳсолот зиёда аз як калория пайдоиши растанигидошта ба шакли хӯрока талаб карда мешавад. Барои ҳамин ҳам ҳиссаи маҳсулоти чорводорӣ дар вояи хӯрокӣ омили асосии муайянкунандаи газхориҷкунии ин сектор мебошад. Суст кардани суръати истеъмоли умумиҷаҳонии маҳсулоти чорводорӣ сабабгори кам кардани газхориҷшавии сектори кишоварзӣ ва озуқаворӣ мегардад, аммо таъмини ғизои бисёриҳо бо чорво алоқаманд аст. Чорвои кавшакунанда метавонад ғоз ва партовҳои кишоварзиро ҳазм кунад. Ба ғайр аз ин, дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, ки таърихан вояи хӯрокаашон аз истифодаи сафедаи аз чорво бавуҷудомада, сафедаи баландсифати маҳсулоти чорводорӣ (шир, гӯшт ва тухм) вобаста аст, барои беҳ кардани сифати ғизо ёрӣ мерасонад.

12. Паст кардани талафот ва партовҳои маҳсулоти озуқаворӣ метавонад ба пешгирии газхориҷкунии парникӣ мусоидат кунад.

13. Дар даҳсолаҳои охир, ба таври назаррас, васеъ шудани масоҳати зироатҳои барои биосӯзишворӣ истифодашаванда, ба монанди этанол ва биодизел, ба амал омадааст. Ин ҳолат метавонад ба баландшавии нархи маҳсулоти озуқа оварда расонад ва боиси зиёд шудани газхориҷшавӣ гардад. Барои беҳдошти амнияти озуқаворӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим сармоягузории бештар маслиҳат дода мешавад. Сармоягузорӣ ба объектҳои инфрасохторие, ки алоқаи истеҳсолкунандагон, бозор, дастрас кардани озуқа ба ноҳияҳои калони урбанизатсияшударо таъмин мекунанд, хеле муҳим аст. Сармоягузорӣ барои беҳ кардани инфрасохтори ҳамлу нақл ва фурӯш низ зарур аст.

Дар бисёр давлатҳо иқтидори маводӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва кадрӣ барои муқобилат ба талаботи тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ ғайрикифоя аст. Инчунин маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ, алалхусус ба зерсохтори маориф, тандурустӣ низ аҳамияти калон дорад.

Баҳодиҳии таъсири минбаъдаи тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо:

Баҳодиҳии таъсири минбаъдаи тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо дар оянда бо якчанд сенария амалӣ мешавад:

-минтақаҳои хушки мамлакатҳои рӯ ба тарақкӣ тақрибан 41 фоизи масоҳати хушки сатҳи кураи Замин ва зиёда аз сеяки аҳолиро дар бар мегирад. Тақрибан 16 фоизи ин аҳолӣ дар шароити нимгурусна умр ба сар мебаранд;

-ба системаи нисбатан коҳида системаи хоҷагиҳои чарогоҳ ва камзамин дар ноҳияҳои хушк бо дараҷаи баланди азхудкунидошта тааллуқ доранд, ки гумон меравад дар оянда бо тағйирёбии иқлим боз ҳам қоҳидатар мегарданд. Ба экосистемаҳои наздисоҳилӣ, ки дар он ҷойҳо тахминан 40 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад, хавфи баландшавии сатҳи оби баҳрҳо ва зери об мондан таҳдид мекунад. Минбаъд дар ноҳияҳои нисбатан коҳида дар масоҳати 14,2 млн. гектар давомнокии муҳлати нашъунамо метавонад ба таври назаррас тағйир ёбад, ки ин ба 401 млн. одам таъсир мерасонад;

-дар ҳолати тағйирёбии иқлим аз рӯйи сенарияи афзоиши пасти аҳолӣ бо зиёдшавии Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) зиёдшавии миқдори кӯдакони нимгурусна 9,8 фоиз ва аз рӯйи сенарияи зиёдшавии тези аҳолӣ ва тараққиёти пасти ММД 8,7 фоизро ташкил медиҳад.

Бо баёни нукта ва хулосаҳо оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим чанд пешниҳод ироа мегардад:

-Парвариши навъ ё намудҳои дигари зироат, зоти чорво ва моҳиро ба роҳ мондан лозим аст. Дар ин замина навъ ё зотҳоеро, ки барои шароити экологии дигар мукаммал шудаанд ва ё устувории экологии бешро дороянд, бояд истифода бурд. Ба зироат ва зотҳои фаромӯшшудаю нодир аҳамият додан лозим мебошад.

-Мутобиқ ба тағйирёбии назарраси боду ҳаво, имконияти диверсификатсиякунонии зироатҳои кишоварзӣ барои пешгирии ҳолати беҳосилии баъзе зироатҳо мадди назар бояд бошад.

-Муҳлати кишти зироатҳои кишоварзӣ, дигаргун сохтани усулҳои корҳои мавсимии чорводориро, бо мақсади мутобиқкунӣ ба тағйирёбии шароити боду ҳаво метавон тағйир дод.

-Дигаргун сохтани усулҳои корҳои ирригатсионӣ; дар бисёр ноҳияҳо ҳолатҳои тағйирёбии иқлим бо сабабҳои гуногун паст шудани дастрасӣ ба об, инчунин камшавии миқдори боришот, зиёдшавии боришот дар реҷаи фавқулоддаи ҳодисаҳои боду ҳаво, ки мушкилии ҷамъ кардани обро пеш меорад, тағйирёбии сарфи об дар дарё бо сабаби камшавии пиряхҳо, инчунин тезу тунд шудани муносибат барои об дар шароити иқлими нисбатан гармро талаб мекунад. Ин ҳолатҳо метавонанд дар баъзе минтақаҳои дунё, ки аз онҳо амнияти озуқавории қисми зиёди аҳолӣ вобаста аст, таъсири ҷиддӣ дошта бошанд. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти озуқа бояд воситаҳои иловагии обэҳтиёткунӣ, ба корбарии сарчашмаҳои дуввуминдараҷаи ҷамъкунӣ ва захираи оби боришотро истифода баранд. Дар баъзе минтақаҳо зиёдшавии миқдори боришот имкон медиҳад кишоварзии беобмонии иловагӣ амалӣ шавад.

-Тадбирҳои агротехникиро такмил дода, аз ҷумла истифодаи нуриҳои органикӣ ва компостро, ки миқдори маводи органикии хокро зиёд карда, ба нигоҳдории намӣ мусоидат мекунад, ба роҳ бояд монд. Бо назардошти тағйирёбии шароити экологӣ, ҳамчунин мутобиқ гардонидаи вояи хӯроки чорво ва фишороварӣ ба чарогоҳҳо зарур аст

-Бояд ба зуд-зуд такрор шудани ҳодисаҳои фавқулодда омода буд. Тадбирҳои умумии нигоҳдории об, бахусус дар давраи хушксолӣ аҳамияти калон доранд. Фермерони наздисоҳилӣ ба зуд-зуд зери об мондани қитъаҳояшон, дар ноҳияҳои хушк бошад, ба сӯхторҳои табиӣ бояд мутобиқ шаванд.

-Мутобиқгардонии раванди мубориза бо зараррасонҳои кишоварзӣ, алафҳои бегона ва касалиҳои зироатҳои гуногун ва зоти чорво ба таври гуногун ба тағйирёбии иқлим эътино мекунад, ки на ҳама вақт ба таври манфӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти озуқа таъсир мерасонад. Фермерон донишу малакаи кофии идоракунии мубориза алайҳи зараррасонҳо ва касалиҳо ва душманони табиии онҳо доранд, лекин тағйирёбии иқлим метавонад ин мутаносибиро вайрон сохта, мушкилоти нав эҷод созад.

-Усулҳои коркарди пас аз ғунучини ҳосил, ба монанди дараҷаи хушккунии ғалла барои нигоҳдорӣ дар амборро тағйир додан лозим аст.

-Омӯзиши васеъгардонии суғуртакунӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, таъсири шароити нави боду ҳаво ба саломатӣ ва ҳолати умумии кишоварзон ва мубодилаи таҷриба бо дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти озуқаро бо мақсади пурқувват кардани чораҳои мувофиқгардонӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ба роҳ мондан лозим мебошад.

Раҳмон Шукуров,

мушовири миллӣ оид ба таҳлили амнияти озуқавории Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ

 

Маводи мазкур дар асоси Баромади Гурӯҳи коршиносони дараҷаи баланд (ГКДБ) оид ба амнияти озуқаворӣ ва ғизо — «Амнияти озуқаворӣ ва тағйирёбии иқлим» (http://typo3.fao.org/fileadmin/user_upload/hlpe/hlpe_documents/HLPE_Reports/HLPE-Report-3-Climate_Change-Russian-June_2012.pdf) таҳия ва ба чоп омода шудааст.