Бозгашт ба мавзӯъ

Аз гаронии нархи нурӣ менолему…

№34 (4296) 16.03.2021

Ё чаро хоҷагидорон ташаббускор нестанд?

4-min-14Тибқи иттилои  сомонаи «Подробно. уз», чанде пеш дар шаҳри Хонободи вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҷлиси муассисони Ассотсиатсияи парваришкунандагони кирми лойхӯрак баргузор гардид. Вазифаи асосии ташкилоти нав расонидани кумаки  молиявӣ, илмӣ ва таҷрибавӣ  ба парваришкунандагони кирми лойхӯрак ва ба ин восита баланд бардоштани ҳосили заминҳою рӯёнидани маҳсулоти  аз лиҳози  экологӣ тозаи кишоварзӣ мебошад. Ҳамчунин, муассисон мақсад  доранд, ки содироти  биогумусро ба дигар кишварҳо ба роҳ монанд.

Парвариши кирми лойхӯрак (вермокултура) маблағгузории зиёдро талаб накарда, технологияи он хеле одӣ мебошад. Аз истифодаи кирми лойхӯрак ҳосилнокии зироат  баланд шуда, ҳолати замин беҳ мегардад. Алҳол дар Япония, Хитой ва мамолики аврупоӣ ба воситаи парвариши ин ҷонваракон мушкилоти коркарди партовҳои  кишоварзӣ, беҳтар кардани ҳолати замин ва парвариши маҳсулоти барои саломатӣ безарарро ҳал мекунанд.

Дар Федератсияи Россия 30 истеҳсолкунандаи бузурги кирми лойхӯрак ва биогумус фаъолиятро самаранок пеш мебаранд.

Рӯзномаи «Садои мардум» вобаста ба ин мавзӯъ 13 апрели соли 2019 таҳти унвони «Чаро парвариши бузургтарин манбаи истеҳсоли сафеда ба роҳ монда намешавад?» мақолаи проблемавӣ ба табъ расонида буд. Директори Институти хокшиносии Академияи илм­ҳои кишоварзии Тоҷикистон Ш. Хоҷаев ва директори Институти чорводорӣ, доктори илмҳои биологӣ Ф. Амиршоев ваҷҳҳои мақолаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошта буданд, ки омодаанд дар ин ҷода бо хоҷагидорон ҳамкорӣ намоянд.

Мутаассифона, аксар хоҷагидорони мамлакат аз ин моҳият ва муҳимияти мавзӯъ огоҳӣ надоранд. Агар онҳо ду сол пеш, баъди чопи мақолаи зикршуда ба масъала таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд, аз ҷиҳати иқтисодӣ фоида медиданду ба харидорон маҳсулоти  камнитрат пешкаш менамуданд.

Ҳоло бисёр хоҷагидорон зимни фурӯши маҳсулот баҳона пеш меоранд, ки нархи нурии минералӣ гарон аст. Ҳол он ки дар гирду атрофашон нурии органикии арзон, яъне пору фаровон буда, онро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо зиёдшавии  кирми лойхӯрак дар замини кишт моддаҳои барои  рустаниҳо муҳим — нитроген (азот), фосфор ва калий зиёд мешавад. Олимони Институти хокшиносии  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зимни таҳқиқот муайян карданд, ки кирми лойхӯрак аз як тонна пору 600 килограмм гумусро коркард менамояд.

Кирми лойхӯракро дар як гӯшаи ҳавлӣ ё киштзор  метавон парвариш кард. Барои ин поруи ҳайвонотро дар чуқурие рехта, болояшро бо лойқаи ҷӯйбор пӯшонидан лозим. Дар  лойи ҷӯйбор кирми лойхӯрак зиёд буда, дар 3-4 моҳ шумораи он хеле зиёд мешавад. Ба болои пору метавон баргу пояи  нолозими зироатҳо, коҳу пахоли нимпӯсидаю нолозимро низ ҳамроҳ кард. Намнокии порутӯдаро таъмин кардан лозим аст. Ҳар моҳ чунин порутӯдаҳоро метавонед нав кунед. Порутӯдаҳои қаб­лиро баъди 3-4 моҳ барои ғизодиҳии зироатҳо истифода бурдан  мумкин аст. Кирми лойхӯракро дар моҳипарварӣ ва парандапарварӣ низ самаранок истифода бурдан имкон дорад.

Хуб мешуд, ки шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо аз ҳамтоёни ӯзбекистонӣ ибрат гирифта, ба хоҷагидорон бо ҷалби олимони соҳа дар хусуси парвариши кирми лойхӯрак ҷамъомад баргузор кунанд. Бисёр идеяҳои хуб дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамсоякишварҳо пештар пешниҳод мешаванду мутаассифона, дар амалисозии онҳо ақиб мемонем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»