Дар мавзӯи муҳим

Баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ омили рушд аст

№143-144 (3128-3129) 12.11.2013

Мо аз ин ҳаққи хеш бояд истифода намоем

- Айни замон дар ҷаҳон 45 ҳазор неругоҳи саддӣ бо баландии аз 15 метр зиёд мавҷуд аст, ки барои таъмини сокинони сайёра  бо барқ, об, обёрии заминҳо ва муҳофизат ҳангоми баландшавии сатҳи оби дарёҳо  хизмат мекунанд, — гуфт зимни суҳбат корманди шуъбаи илмӣ – техникии КВДҶ ПЛ «Нурофар» Абдулфайз Эшонҷонов. — Қисмати зиёди чунин неругоҳҳо дар қитъаҳои Осиё  ва Америкаи Шимолӣ  сохта шудаанд. Аз он ҷумла, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой 22 ҳазор, ИМА 6,6 ҳазор, Ҳиндустон 4,3 ҳазор ва Ҷумҳурии Япония 2,7 ҳазор ин гуна неругоҳҳо мавриди истифода қарор доранд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, то соли 2000 аз ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 30 фоизаш  истифода мешуду халос. Ҳоло бошад, дар тамоми неругоҳҳои барқи обии ҷаҳон наздики 2,650 трлн.кВт соат барқ истеҳсол карда мешавад.

Аз  суҳбат бо А.Эшонҷонов маълум гардид, ки миёни 18 мамлакати кураи замин, ки дорои иқтидори гидроэнегетикии аз  115 млн.кВт соат то 1,920 млрд.кВт соат дар як сол ҳастанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми шашум қарор дорад.

Табиист, ки  бо афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон талабот ба неруи барқ низ зиёд мешавад. Мувофиқи пешгӯйиҳои мутахассисон, то соли 2015 талабот ба неруи барқ  то ба 20 трлн. кВт соат меафзояд.

Дар посухи суоли инҷониб, бобати калонтарин неругоҳҳои барқи обии олам, ҳамсуҳбатам зикр кард, ки  бузургтарин НБО-ҳои амалкунанда бо иқтидори млн.кВт- Ипайту  (Бразилия-Парагвай)-12,6, Такуру (Бразилия)-8,2, Гренд Кули (ИМА)-6,5, Саяно-Шушенск 6,4 ва Красноярский ( Федератсияи Россия)-6, Черчилл-Форс-5,4,  Ла Гранде (Канада)-5,3 ва НБО-и «Норак» бо иқтидори -2,8 маҳсуб меёбанд.  Айни замон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёди неругоҳи иқтидораш баробар ба 18,2  млн.кВт бо номи «Се дара» ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои барқарорсозӣ дар  НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3,6 млн.кВт идома доранд. Агар раванди истифодаи захираҳои гидроэнергетикиро дар кишварҳои олам дар қиболи ҳаҷми умумии он мавриди қиёс қарор диҳем, пас ин нишондиҳанда  дар ИМА ва  Канада – 65 фоиз, Япония -90 фоиз, Италия, Франсия ва Швейтсария –98 фоиз, Ҷумҳурии Федеративии  Германия– 86 фоиз,  Финландия -74 фоиз, Федератсияи Россия – 26 фоизро ташкил медиҳад. Нуктаи муҳим он аст, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳанда ҳамагӣ 6 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти дастрасшуда,дар давлатҳои  Аврупои Ғарбӣ ҳаҷми истифодаи неруи барқ ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол аз 6000 то 27000 кВт соат, дар давлатҳои қитъаи Осиё (Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой) аз 390 то 820 кВт соат ва қитъаи Африка (Бенин ва Малавӣ) аз 50 то 100 кВт соатро ташкил медиҳад. Дар ҳамин радиф, лозим ба ёдоварист, ки дар олам 2 миллиард нафар аз истифодаи  барқ пурра маҳруманд.

Агар ин равандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳем, маълум мешавад, ки то соли 1991 ҳамасола зиёда аз 17,5 млрд.кВт соат неруи барқ истеҳсол мегаштааст, ки ба ҳар сари аҳолӣ тахминан 3500 кВт соат рост меомад. Ҳоло дар ҳама неругоҳҳои амалкунандаи ҷумҳуриамон мувофиқи тавоноии муқарраршуда истеҳсоли барқ ба 17,35 млрд.кВт баробар аст. Аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи  ШСХК «Барқи Тоҷик» соли 2012 истеҳсоли барқ 14,42 млрд.кВт соатро ташкил намудааст, ки  ба ҳар нафар 2060  кВт соат рост меояд. Овардани ин ҳама рақам ба он хотир аст, ки ҳамагон бояд дарк намоянд, ки  ҳама масъалаҳои экологӣ, тавозуни об ва таҳдидҳои эҳтимолии фоҷиаи техногенӣ зимни бунёди иншооти гидроэнергетикии барои давлати мо муҳиму сарнавиштсоз, аз ҷумла  Неругоҳи барқи обии «Роғун»  пурра ба назар гирифта шудаанд ва сохтмони чунин неругоҳ мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳаққи пурра ва мустақили ҳар як давлат мебошад.

Ҳамсуҳбатам доир ба афзалиятҳои НБО-ҳои хурд изҳори назар намуда, минҷумла гуфт, ки дар баробари дигар бартариҳо, муҳлати сохтмони онҳо нисбатан кӯтоҳ буда, дар мавзеъҳои наздик ба истифодабарандагон сохта мешаванд ва ба муҳити атроф зарар намерасонанд. Бо назардошти ин омил, зарур аст, ки барои паст намудани шиддати норасойии неруи барқ корхонаҳои азими саноатии кишварамон, ба монанди КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Анзоб» ва дигар корхонаҳои тобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромадҳояшон  барои сохта ба истифода додани НБО-ҳои хурд саҳм гузоранд.

-Дар раванди омӯзиш мо аз рӯйи имкониятҳои техникӣ, бо назардошти ҷоришавии об дар дарёҳои Зарафшон ва Кофарниҳон бо шохобҳояшон, маводи аввалияро барои оғози корҳои лоиҳавии чунин неругоҳҳо омода намудаем. Дар ҳолати амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо то пурра сохта ба истифода додани иншоотҳои  бузург, дар фасли зимистон маҳалҳои дурдасти кишварамон бо неруи барқ таъмин хоҳанд гашт,- гуфт дар фарҷоми суҳбат А.Эшонҷонов.

Таҳияи Далер Мерганов, «Садои мардум»