Бонуи сандуқсоз

№35 (3672) 01.04.2017

PHOT0162.JPGСандуқсозӣ дар қатори дигар ҳунарҳои мардумӣ равнақ меёбад. Устоҳои моҳир маҳсули дасташонро бо кандакориву гулкорӣ ороиш дода, пешкаши муштариён мегардонанд.

Ин пеша аслан мардона аст, зеро усто бояд ҷисман бақувват, чусту чолок ва эҳтиёткор бошад. Вале вақте зан ба ҳунари сандуқсозӣ машғул мегардаду ҳамчун бонуи ҳунар ном мебарорад, шояд ба назар аҷибу ҳайратовар намояд.

Бонуе, ки дар борааш қисса мекунем,аз ҳамин қабил занҳост.

Саодат Чақалова аз ҷумлаи бонувони одиву хоксор аст, ки касби сандуқсозиро интихоб кардааст. Ӯ зодаи деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ буда, аз овони мактабхонӣ ба сандуқсозии падараш Юнус Чақалов ва бародараш Амрулло Чақалов таваҷҷуҳ дошт. Ҳар чӣ медид, онро дар болои қоғазпора ё тахтачаҳо ба тасвир мекашиду бо олоти чӯбтарошӣ шакл медод.

- Ин кор бароям ниҳоят мушкил буд, — мегӯяд ӯ. — Дар як рӯз чанд тахтачаро корношоям мегардонидам. Ҳатто падарам корҳоямро медиду мегуфт, ки духтарам барои аз худ кардани касби сандуқсозӣ вақту муҳлати зиёд лозим аст. Ту рӯҳафтода нашав. Ҳамин тавр, бо дастгирии падару бародарам касбро аз худ кардам.

Ҳар як сандуқу сандуқчаҳои бо дас­тони Саодат Чақалова сохташуда диққати муштариёнро зуд ба худ ҷалб месозад. Албатта, тайёр кардани сандуқ заҳмати зиёдро талаб мекунад. Тахтаҳоро аз дарахти сӯзанбарг ва сафедор омода месозанд, ки онро аз Федератсияи Россия дастрас мекунанд.

- Пеш аз сохтани сандуқ аввал тахтаҳоро омода карда, онро дар офтоб хушк мекунем. Баъди сохтан ва гулкорӣ онро бо рангҳои мувофиқ оро дода, ба офтоб мегузорем, ки об ё намӣ расад ҳам, намудаш дигар намешавад, — изҳор дошт бонуи ҳунарманд.

Ба гуфти Саодатбону, дар ҳолати тайёр будани маҳсулот дар як рӯз то 2-3 дона сандуқ сохтан имконпазир аст.

Саодат Чақалова аз дастгириҳои роҳбарияти ноҳия ва ҷамоати деҳоти «Зайнабобод» ҷиҳати рушд додани ин ҳунари мардумӣ ва шароит муҳайё сохтан дар намоишгоҳҳо изҳори миннатдорӣ карда, афзуд, ки дар оянда низ ҳунарашро рушд дода, маҳсули заҳматашро дар намоишгоҳҳо ба маъраз мегузорад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»