Қонун ва иҷрои он

Чаро иддае гирифтани қарзро «воҷиб»-у баргардониданашро «макрӯҳ» медонанд?

№17 (3811) 08.02.2018

Дар таҷрибаи қонунгузорӣ, бо дарназардошти муҳимият, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шудани лоиҳаи қонун роиҷ буда, он борҳо аз ҷониби парлумони кишвар истифода шудааст.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» аз ҷумлаи ин қонунҳо буда, декабри соли 2008 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қироати аввал қабул ва бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рӯзномаи «Садои мардум» ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Ба ғайр аз ин, лоиҳаи қонун дар Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳокима гардид. Умуман, баррасии он панҷ сол идома дошт. Бояд зикр намуд, ки таҳияи лоиҳаи қонуни зикршуда дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 25 апрели соли 2008) ба амал омадааст.

Чун ба таърихи қабули он назар кардем, маълум гардид, ки лоиҳаи он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби собиқ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равоншод Сафар Сафаров, вакилони даъвати қаблии Маҷлиси намояндагон Саймуддин Ризоев ва марҳум Исмоил Талбаков пешниҳод гаштааст. Дар шароити кунунӣ, ки як идда гирифтани қарзро «воҷиб» ва баргардониданро «макрӯҳ» медонанд, муҳимияти қонун баръало аст, зеро мавҷудияти мушкилоти зиёд дар робита ба гирифтану баргардонидани қарз аз бонк ва ташкилоти хурди қарзӣ боис шуд, ки ба низоми бонкии кишвар латма ворид гардад. Ҳолатҳое зиёданд, ки ин ё он шахс, бидуни доштани имкони баргардонидани қарз, ба гирифтан иқдом намудааст. Ба ғайр аз ин, истифодаи ғайримақсадноки қарз низ дар ҷомеа маъмул буда, маҳз ҳамин омил заминаи асосии пайдоиши қарзҳои мушкилситон гардидааст. Таассуфовар аст, ки баъзе қарзгирифтагон дӯстони наздики хешро кафил гузаронида, бо саркашӣ намудан аз пардохти қарз ­масъулияти баргардонидани онро ба зиммаи рафиқи раҳмдил «вогузор намудаанд». Маҳз ин гуна омилҳо зарурати такмили қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»-ро ба миён овард.

Қабл аз шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», ки чанде пеш қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифт, бамаврид аст дар бораи Бюрои таърихи қарз, ки дар заминаи қонуни мавриди назар таъсис ёфтааст, маълумот диҳем. Зеро мушоҳида мегардад, ки бисёриҳо дар бораи зарурати он ва таъсиси Бюрои таърихи қарз маълумот надоранд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки ҳалли мушкилот вобаста ба коҳиши хавфи қарздиҳӣ танҳо бо ёрии Бюрои таърихи қарз амалӣ гашта, ҳадафи асосии таъсиси он ҷорӣ намудани мубодилаи маълумот доир ба қарзгирандагон ва қарздиҳандагон аст. Аз шиносоӣ бо таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба хулоса омадан мумкин аст, ки қабули қонуни мазкур ва ташкили Бюрои таърихи қарз имконият фароҳам меорад, ки нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло равад. Муҳимтар аз ҳама, Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа ягона мамлакатест, ки қонуни мазкурро қабул намудааст. Ин амри хеле муҳим буда, далели он аст, ки Тоҷикистон дар роҳи рушд собитқадам аст.

Бюрои таърихи қарз дар бозори хизматрасонии бонкӣ ҳамчун миёнарави ахборотӣ фаъолиятро роҳандозӣ намуда, ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва тақсимоти маълумоте, ки ба таърихи қарзи шахсони алоҳида ва ҳуқуқӣ, бақияи қарз ё муҳлати қарз, таърихи гузаронидани пардохт, напардохтани он ва муфлисшавӣ алоқаманд мебошад, машғул аст. Дар сурати муназзам фаъолият намудани бюрои зикршуда хароҷоти бонкҳо дар самти пешниҳоди қарзҳо камтар мегардад, ки дар шароити кунунӣ хеле муҳим аст. Тавассути он сатҳи маълумотгирии қарздиҳандаву қарзгир, пешбинии баргардонии қарз, масъулияти тарафҳо, пасттар намудани арзиши захираҳои қарзӣ ва раванди иштироки бонкҳо дар истеҳсолот ва тиҷорат ба марҳилаи нав ворид хоҳад гашт. Илова бар ин, бюрои мазкур гирифтани қарзро хеле беҳбудӣ бахшида, дараҷаи хавфро бамаротиб кам менамояд. Коршиносон ба он назаранд, ки хавфҳо дар бисёр маврид ба номукаммалии маълумот дар бораи иқтидор ва фаъолияти қарзгир вобастагии зич дорад. Бо сабаби он ки айни замон қарздиҳанда наметавонад ба фоида ва хавфи қарзи додааш баҳои ҳаққонӣ диҳад, барои қарзгирандагон меъёри фоизи ягонаро муқаррар намудааст. Табиист, ки ин тарзи кор барои тарафҳо чандон манфиатовар нест. Фаъолияти Бюрои таърихи қарз шароит фароҳам меорад, ки шумораи қарзгирандагони бемасъулият, яъне онҳое, ки аз дигар бонкҳо қарз гирифта барнагардонидаанд ва ашхосе, ки бо мақсадҳои номуайян қарз гирифтанианд, бамаротиб кам гашта, билохира пурра аз байн равад. Зеро маълумот доир ба гузаштаи шахси қарзгир дар бюро мавҷуд аст ва табиист, ки ягон бонк ба шахсе, ки аз дигар бонк қарз гирифта, барнагардонидааст, қарз намедиҳад.

Эътироф бояд кард, ки баъзе ашхос, бо вуҷуди аз дигар бонкҳо ба миқдори зиёд қарздор будан, кӯшиши дафъаи дигар низ дастрас намудани қарзро намуда, аксаран ба он комёб мегарданд. Табиист, ки чунин ҳолатҳо дар бисёр маврид аз мавҷуд набудани маълумоти кофӣ доир ба шахси қарзгиранда шакл мегиранд. Тибқи моддаҳои 18, 21, 22, 24 қонуни пешина, нигоҳдории маълумот доир ба мизоҷ дар бюро танҳо дар сурати розигӣ додани ӯ амалӣ мегардид. Раванди пешниҳоди мавод ба дигар сохторҳо, аз ҷумла мақомоти прокуратура ва суд, дар доираи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ амалӣ гашта, ба дигар мақомот ва шахсони алоҳида, ҳатто дар сурати розӣ будани шахс низ Бюрои таърихи қарз ҳуқуқ надошт, ки маълумот пешниҳод намояд.

Амали қонуни мазкур нишон дод, ки ба Бюрои таърихи қарз дар асоси розигии пешакии қарзгиранда пешниҳод намудани маълумот дар бораи ӯ монеаи ҷиддӣ буда, боиси амалӣ шудани мақсади қонун ва таъмин нагардидани шаффофияти бозори қарзҳои бонкӣ мебошад. Бинобар ҳатмӣ будани чунин розигии пешакӣ, маълумот нисбат ба қарзҳои бонкӣ ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намегардад. Дар натиҷа, низоми мукаммали ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз ташаккул наёфта, бинобар набудани маълумот дар бораи қарздорон, теъдоди қарзҳои мушкилситон дар низоми бонкӣ зиёд гардидааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ворид шуданд, ба ташаккулёбии манбаи маълумот дар бораи қарзгирандагон ва қарздорони низоми бонкӣ мусоидат менамояд. Мувофиқи тағйироту иловаҳо, таъминкунандагони иттилоот, аз ҷумла ташкилоти қарзӣ, ба Бюрои таърихи қарз маълумотро дар бораи субъекти таърихи қарз бидуни розигии ӯ, тавассути огоҳкунии пешакӣ ирсол менамояд. Ҳисоботи таърихи қарз бошад, аз ҷониби Бюрои таърихи қарз ба истифодабарандагони он, чун пештара, дар асоси розигии пешакии субъекти таърихи қарз пешниҳод карда мешавад. Бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои баёнгардида ва танзими ҳуқуқии онҳо, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 7, 16, 18, 21, 22, 24, 25, 26-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ворид гардид.

Бояд мадди назар дошт, ки тағйиру иловаҳои воридшуда манфиатҳои субъекти таърихи қарзро поймол намекунанд ва муқаррароти асосии қонунро оид ба махфӣ нигоҳ доштани иттилоот ва ­таъмини ҳифзи он тағйир намедиҳанд. Дар баробари дигар тағйиру иловаҳо, бо мақсади дақиқ намудани салоҳияти мақоми ваколатдор дар самти қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз ба моддаи 7 қонуни амалкунанда барои мушаххас намудани доираи шахсоне, ки ҳуқуқи аз Бюрои таърихи қарз талаб намудани ҳисоботи қарзро доранд, ба моддаҳои 19 ва 28-уми қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Мутобиқи тағйиру иловаи мазкур, суд ва дигар мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз номгӯйи истифодабарандагони ҳисоботи қарзе, ки дар моддаи 19-уми қонуни мазкур муқаррар шудааст, хориҷ мешаванд, зеро мақомоти номбурда тибқи маъно ва мафҳуми истилоҳоти дар ҳамин қонун пешбинишуда истифодабарандагони ҳисоботи қарз намебошанд. Ҳамчунин, ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ пешниҳод намудани маълумот дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 192) муқаррар мегардад.

ҳамин тариқ, бо қабул ва ҷонибдории қонуни мазкур бори дигар собит гардид, ки «вакилони мардумӣ ба зиндагӣ бо чашми сокинони одии кишвар назар меандозанд. Кӯшиш менамоянд, ки рӯҳия ва табиати қонунҳо ба фалсафаи ҳаёт, урфу одат ва анъанаҳои халқамон ҷавобгӯ бошанд, аз зиндагии мардум зуҳур кунанд ва ба рафъи мушкилиҳои зиндагии эшон мусоидат намоянд» (иқтибос аз суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров).

 Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»