Дар мавзӯи муҳим

Чаро нархи нефт поён рафту арзиши бензин не?

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

ГазпромБа шарофати тадбирандешиҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фаъолияти пурмаҳсули ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ давоми чанд соли охир сатҳу сифати таъминот бо  ин намуди мавод беҳбудӣ ёфта, сарфи назар аз таъсири омилҳои гуногун, ки буҳрони ҷаҳонии молиявӣ яке аз онҳост, нарх ҷавобгӯйи талабот аст.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, талаботи солона ба маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ як миллиону 890 ҳазор тонна, аз ҷумла  400000 тонна бензин, 680000 тонна сӯзишвории дизелӣ, 250000 тонна гази моеъ мебошад. Айни замон ба воридоти маводи  сӯзишворӣ 204 ширкати хурду бузург ва соҳибкорони инфиродӣ  машғул мебошанд.  Ашхоси огоҳ иттилоъ доранд, ки вақтҳои охир арзиши нефт  дар бозори ҷаҳонӣ хеле коҳиш ёфтааст. Сарфи назар аз ин ҳолат, дар миқёси олам паст шудани нархи маҳсулоти нефтӣ, аз ҷумла бензин ба вуқӯъ напайваст, баръакс, ҳатто дар кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи ин намуди маҳсулот, аз ҷумла Федератсияи Россия болоравии арзиши он ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  кулли эҳтиёҷоти хешро бо маҳсулоти нефтӣ аз ҳисоби воридот қонеъ менамояд, эътироф бояд кард, ки шиддати болоравии нархи  ин намуди маҳсулот дар ҷумҳурӣ бамаротиб камтар аст.

Мутаассифона, баъзеҳо, ки аз воқеияти масъала, сабабу омилҳои он огоҳии комил надоранд, таври муттасил паст шудани арзиши нефт ва дар ин самт бидуни тағйир мондани  нархи маҳсулоти нефтиро нодуруст ва аз ҳақиқати воқеӣ дур арзёбӣ менамоянд. Ба назари ин гурӯҳ, ҳамин, ки нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт, бояд филфавр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нархи бензин  паст шавад. Ин андеша билкул хато буда, аҳли ҷомеаро то андозае гумроҳ намуда, самаранокии иқдомоти Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои марбута ва ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтиро зери суол мебарад. Биноан, тасмим гирифтем, ки ин масъаларо мавриди пайгирӣ ва пажӯҳиш қарор диҳем, то  дар ин замина ба аҳли ҷомеа иттилои асоснок ва боэътимод пешниҳод  гардад. Ҳамагон бояд дуруст дарк намоем, ки нефт ашёи хом аст, ки дар заминаи истифодаи неруи зиёди корӣ ва техникаву технология аз он маҳсулот истеҳсол мегардад. Дар баробари коркарди нефт интиқол, барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидан аз назорати сохторҳои марбутаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ низ аз ҷумлаи хароҷоти иловагӣ маҳсуб ёфта, танҳо баъд аз анҷоми ин муқаррарот бензин ба муштариён пешниҳод мегардад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки сарфи назар аз нисбатан паст шудани арзиши нефт дар бозори ҷаҳонӣ, ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷот барои интиқоли он бетағйир мондааст.

Дар маҷмӯъ, тибқи ҳисоби мутахассисон, зиёда аз 40 фоизи нархи бензин ба арзиши аслии нефт умуман рабт надошта, ба нукоти дар боло зикршуда (коркард, интиқол, барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидан аз назорати сохторҳои марбутаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ) вобаста аст.  Албатта, анҷоми муқаррароти зикршуда хароҷоти зиёдро ба дунбол дорад, ки ба афзоиши нархи маҳсулоти нефтӣ сабаб мегардад. Аз ин бармеояд, ки  ба ҳеҷ ваҷҳ поёнравии нархи нефт наметавонад асос барои коҳишёбии арзиши бензин ва дигар маҳсулоти нефтӣ гардад. Дар ҳоле ки нархи маҳсулоти нефтӣ дар кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи он таври муназзам  боло рафта истодааст, иддао, бобати он ки ба кишвари мо ин қабил маҳсулот бо нархи пасттар ворид гардад, мутлақо нодуруст аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки маҳз дар заминаи муносибати дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин пардохти боҷи гумрукӣ зимни воридоти маҳсулоти нефтӣ ба кишвар паст гардида, барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани арзиши ин намуди маҳсулот мусоидат менамояд. Аз далелу рақамҳои мавҷуда бармеояд, ки айни замон  қисмати зиёди маҳсулоти нефтӣ маҳз аз Федератсияи Россия  ба мамлакат ворид шуда истодааст. Баъзан андешаҳое садо медиҳанд, ки  чаро масъулин барои ба роҳ мондани воридоти ин намуди маҳсулот аз кишварҳои дигар, ба мисли Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва Ҷумҳурии Туркманистон иқдом наменамоянд? Пайгирии масъалаи мавриди назар собит намуд, ки дар шароити кунунӣ анҷоми ин амал қариб, ки ғайриимкон аст. Аввалан, дар кишварҳои зикршуда бо вуҷуди доштани захираҳои зиёди нефт,  коркарди он ба андозае нест, ки онро тавонанд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ҷумҳурии мо содирот кунанд. Барои мисол, Ҷумҳурии Туркманистон қисми зиёдатии маҳсулоти истеҳсолнамудаашро бо дарназардошти зиёдтар манфиатовар буданаш, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот менамояд. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қариб тамоми воситаҳои нақлиёт ба воситаи гази табиӣ ҳаракат мекунанд ва ин омил гувоҳи он аст, ки ин кишвар низ имкони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот намудани маҳсулоти нефтиро надорад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо вуҷуди зиёд будани захираҳои нефт коркарди он то ҳадди ниҳоӣ таври густурда ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки кишвари мазкур ҳамасола аз Федератсияи Россия бензин ворид менамояд. Аз далелу рақамҳои мавҷуда бармеояд, ки танҳо соли гузашта ин нишондиҳанда (бензини аз Федератсияи  Россия ба Ҷумҳурии Қазоқистон воридгардида) ду миллион тоннаро ташкил додааст.

Дар раванди пайгирии ин масъала ба сабабҳои болоравии мавсимии нархи маҳсулоти нефтӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Маълум гардид, ки болоравии арзиши маҳсулоти мавриди назар  асосан ба фасли тобистон хос аст, зеро дар ин мавсим корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи ин намуди маҳсулот бинобар гузаронидани  корҳои профилактикӣ фаъолияташонро як муддат қатъ менамоянд ва бо ин сабаб камчинии маҳсулот ба миён меояд. Мушкили дигаре, ки ҳоло ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ ба он мувоҷеҳанд, ин номуътадилӣ ва мунтазам болоравии қурби доллари ИМА маҳсуб меёбад. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки бинобар таъсири омилҳои беруна давоми чанд вақти охир ин раванд дар мамлакат ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти он ки дар  гардиши савдои хориҷӣ доллари ИМА асъори асосӣ мебошад,  афзоиши бесобиқаи қурби он ба фаъолияти ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ таъсири манфӣ расонидааст. Ин ҷо месазад аз фаъолияти ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ, ки сарфи назар аз омили мазкур арзиши маҳсулотро боло набурдаанд, ситоиш намоем.

Тибқи таҳлили мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкунандаи асосии маҳсулоти нефтӣ ба ҷумҳурӣ ҶММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» буда, 40 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти воридшуда ба ин ширкат рост меояд. Ширкати мазкур айни замон ба сифати яке аз воридкунандагони асосии маҳсулоти нефтӣ ба ҷумҳурӣ дар фаровонии ин намуди маҳсулот саҳми босазо дорад. Тибқи маълумоти аз ширкати мазкур дастрасшуда, роҳбарияти ширкат бо вазорату идораҳои марбута ҳамкориҳоро дар сатҳи хуб ва сифати баланд роҳандозӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нарх аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодааст. Вале талаботи бозор махсусиятҳои хоси худро дорад ва дар аксари маврид ба инобат гирифтани онҳо зарур ва ногузир аст. Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисон, бо дарназардошти ин омилҳо, айни замон нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории марбут ба  ҶММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» набояд аз 6,14 дирам камтар бошад. Вале ширкат бо  дарки вазъи иҷтимоии мардум ва ҳамовозӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст, ки баландшавии якбораи нарх ба вуҷуд наояд. Дар ҳамин ҳол масъулини ширкат муътақиданд, ки пешгирии сунъии болоравии нарх пайомадҳои хуб надорад. Дар навбати аввал, ин иқдом соҳибкорони инфиродиро ба мушкил мувоҷеҳ месозад, зеро дар чунин ҳолат, ки баъзан зарурати бар зарари худ фаъолият намудан низ пеш меояд, танҳо ширкатҳои бузург ва қавӣ имкони истодагарӣ  доранд. Ҳарчанд чунин тарзи кор мавқеи  «Газпромнефт-Тоҷикистон»-ро ба сифати монополист қавитар менамояд, вале масъулини ширкат ба он ҳавасманд ва аз пайомадҳояш хушбин нестанд. Ҳамчунин омили зикршуда ба кам шудани ҳаҷми воридоти бензин аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боис мегардад.  Барои мисол, соли равон Федератсияи Россия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони ворид намудани 260000 тонна бензин, 310000 тонна сӯзишвории дизелӣ, 160000 тонна гази моеъ, 40000 тонна авиакеросин ва 40000 тонна битумро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ фароҳам сохта буд. Дар сурати пурра истифода нашудани меъёри мазкур соли оянда Федератсияи Россия ба кишвари мо тибқи ҳаҷми воқеии воридшуда меъёр пешбинӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҶММ «Газпромнефт — Тоҷикистон» фаъолияти худро дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2007 оғоз намудааст ва ҳоло дар он зиёда аз 730  нафар фаъолият мекунанд. Аз ҷониби ширкат маҳсулоти нефтии Заводи коркарди нефти шаҳри Омск ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ба саристгоҳҳои «Душанбе-2», истгоҳи Хуҷанд, истгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ва шаҳри Кӯлоб расонида мешаванд. ҶММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» феълан дар ихтиёри худ 17 нуқтаи фурӯши сӯзишвории шахсӣ ва 11 нуқтаи фурӯши иҷоравӣ дорад, ки пурмаҳсул фаъолият доранд.

Дар давраи фаъолияти худ ширкат ба ҷумҳурӣ 1588540 тонна маҳсулоти нефтӣ ворид намудааст. Пардохти андоз дар давраи фаъолияти ширкат ба буҷети Тоҷикистон 1764328134 сомониро ташкил додаст. Зимни пайгирии масъалаи мавриди назар мушоҳида намудем, ки ҳеҷ як НФС дар Тоҷикистон чунин тартиботеро надорад, ки нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҶММ «Газпромнефт — Тоҷикистон» доранд. Хизматрасонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин ширкат дар сатҳи олӣ пешниҳод гардида, дар онҳо ба мизоҷон имкони баҳравар шудан аз дигар хизматрасониҳо низ фароҳам оварда шудааст. Дар ҳама ҳолат  мошинҳои назорати хазинавӣ фаъол буда, ба харидорон ҳатман чек медиҳанд. Шояд ин омил барои баъзеҳо ҷузъӣ ба назар расад, вале бояд мадди назар дошт, ки  вақте ширкат таври шаффоф кор мекунад, ҳама намуди андозҳоро месупорад ин маблағ ба Буҷети давлат  ворид гардида, аз буҷет боз ба мардум бармегардад.

Коршиносон ба он назаранд, ки пурмаҳсул фаъолият доштани  ширкати мазкур далели возеҳи фароҳам будани шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сатҳи баланди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аст. Сониян, ривоҷи фаъолияти ширкат замина фароҳам меорад, ки ба воситаи он вуруди сармояи хориҷӣ ба мамлакат зиёдтар гардад. Омили дигари муҳим ва ҷолиб он аст, ки айни замон роҳбарии ширкатро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дошта, 99 фоизи кормандонашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

ҶММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» ягона ширкатест, ки соҳиби ташхисгоҳи сайёри маҳсулоти нефтӣ мебошад. Харидории ин ташхисгоҳи гаронарзиш аз ҷониби ширкат  гӯёи он аст, ки ба масъалаи таъмини сифати маҳсулоти пешниҳодшуда аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Ҳамарӯза тавассути он сифати маҳсулоти нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории мутааллиқи ширкат  санҷида мешавад ва шумораи чунин санҷишҳо моҳе зиёда аз 2000 маротибаро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, ба хулосае омадан мумкин аст, ки сарфи назар аз монеа ва мушкилоти мавҷуда таъминоти аҳолии кишвар бо маҳсулоти нефтӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардида истодааст. Ҳамватанони азизро мебояд, ки ба каме  болоравии  арзиши ин қабил маҳсулот, ки вобаста ба талаботи бозор ба вуҷуд меояд, бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ ва дарки моҳияти он муносибат намоянд.

Д. МЕРГАНОВ, «Садои мардум»