Чашмае, ки таъмаш хатлониёнро рӯҳ мебахшад

№77(3378) 06.06.2015

Дастрасӣ ба оби ин чашма барои сокинони шаҳраки Восеъ орзуи деринтизор аст

Top_002Дар қисмати шимолии маркази ноҳияи Восеъ бо номи Қайнар чашмае дар ҷӯшу хурӯш аст, ки бо таъми худ, на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он низ беҳамтост. Ин ҷо бо ифтихор ёдовар мешавем, ки гузаштагонамон, яъне сокинони маркази Хатлони қарни IХ-ХI шаҳри тараққикардаи Ҳулбук, бо бунёди хати лӯлаи сафолини 10-12 километра баҳри ҳифзи тансиҳатии хеш аз оби тозаю мусаффои он истифода мебурданд. Донандагони таърихи ин маҳал дар бораи бузургии чашма ва маънии вожаи он бисёр гуфтаанду навиштаанд.

Аксар  ашхосе, ки то имрӯз  ба ин ноҳияи сернуфуз сарвар таъин гаштаанд, ба сокинони маркази он ваъда медоданд, ки оби  чашмаро ба шаҳраки Восеъ интиқол медиҳанд. Шаҳраке, ки сарфи назар аз амалӣ кардани чанд лоиҳа, ҳоло ба камбудии оби тозаи ошомиданӣ мувоҷеҳ аст. Мутаассифона, ин амали хайр, на танҳо амалӣ нашуд, балки  шабакаҳои обтаъминкунии мавҷуда низ вайрону корношоям шуданд. Насли солҳои 80 — уми асри гузаштаи ноҳия хуб дар хотир доранд, ки аввалин шахсе, ки ба маркази ноҳия кашидани хати оби чашмаи мазкурро дар солҳои 1984-1985 тарҳрезиву эълон карда буд, котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳия Ҳабибулло Табаров мебошад. Аз ин роҳбари воқеан ҳам созандаю ташаббускор хотираҳои зиёди нек мондаанд. Ташаббускориҳояш ӯро ба курсии баландтари вазифа бурду бо ҳамин сабаб масъалаи кашидани  хати оби чашмаи Қайнар иҷро нашуд. Аз ҳамон вақт бунёди хати мазкур барои сокинони шаҳрак ба орзуи деринтизор табдил ёфт.

Чашма  нисбат ба маркази ноҳия дар баландии 50 — 60 метр қарор дорад. Ин тарзи ҷойгиршавӣ имкон медиҳад, ки оби чашма бе ягон истгоҳи барқии обкашӣ ва харҷи зиёд ба маркази ноҳия интиқол ёбад. Кӯҳистониҳо одате доранд, ки  ҳангоми аз деҳаҳои бобоии хеш хотирнишон шуданашон сараввал тавсифро аз лаззати оби чашмаҳои он оғоз мекунанд. Дар ин маврид дубайтии машҳури халқиамон ба хотир мерасад:

Чархи фалако, маро ба чарх овардӣ,

Кӯлобӣ будам, маро ба Балх овардӣ.

Кӯлобӣ будам, оби ширин мехӯрдам,

Саргашта маро ба оби талх овардӣ.

Ба назикӣ олиме сари вожаи Қайнар андешаронӣ карда, бо далелҳо исбот намуд, ки ин вожа шакли шикастаю тағйирёфтаи вожаи Кайнаҳр буда, кай — бузургу калон ва наҳр — чашмаю ҷӯй аст.

-Ин чашма дар баробари бузургию хуштаъмӣ, бо доштани ривоятҳои бисёри афсонамонанд, асрори нокушодаи таърихро низ дар худ ниҳон дорад. Дар ин радиф, аксар муаррихони муосир  бар он назар ҳастанд, ки шаҳри Ҳулбуки асрҳои зикршуда, маҳз дар атрофи ҳамин чашма қарор доштааст. Мутаассифона, то ҳол дар ин мавзеъ ковишҳои бостоншиносӣ сурат нагирифтаанд, вале мардуми дар атрофи чашма сукунатдошта нигораҳои нодиреро аз рӯи ҳавлиҳои хешу қабристони деҳа, амсоли ду ҳайкалчаи зарҳалини Искандари Мақдунӣ, пайдо карда буданд.  Он вақт  камогоҳии мардуми маҳал аз таъриху гузаштаи хеш боиси аз даст рафтани ин бозёфтҳои нодир шуданд, — бо таассуф арзи андеша кард омӯзгори фанни таърих Саидшоҳ Латифов, ки 60 сол боз дар канори ин чашмаи мусаффо умр ба сар мебарад.

Саволе пайдо мешавад, ки бо чунин имконоти дар ихтиёрдоштаамон чаро дар истифодаи оби ҷонбахши ин чашма оҷизу камҳунар ҳастем? Ба андешаи банда, ба  камҳунарию оҷизии мо дар ҳалли ин масъала баҳонаи куҳнаи забонзадаи дигаре, ба монанди дар қисмати ғарбии чашма қарор доштани гӯристони деҳа зам мегардад, ки ба андешаи кулли мардум ин омил барои масъулон танҳо як баҳона ҳасту халос…

Имрӯз маркази  ноҳия тавассути соҳибкорони баору номус симои дилкашу замонавӣ мегирад ва он рӯз ҳам дур нест, ки бо ғайрату талоши онҳо оби чашмаи Қайнар ва ё худ Кайнаҳр ба маркази ноҳияи Восеъ меояду орзуи деринтизори сокинони он ҷомаи амал мепӯшад.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»