Дар Сариқамиш нефту газ ҳаст

№6 (3486) 13.01.2016

захираи онҳо муайян ва барои идомаи корҳо тасмим гирифта мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад ва нефту газ аз ҷумлаи онҳост. Ҳукумати мамлакат баҳри мавриди баҳрабардории мардум қарор додани ин соҳаи басо пурманфиат ва дар баробари ин серхароҷот тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо дарназардошти он ки нефт ва газ дар ҷумҳурии мо дар умқи хеле зиёди замин ҷойгиранд ва иқтидорҳои мавҷуда имкон намедиҳанд, ки бо қувваи худӣ истихроҷи он ба роҳ монда шавад, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо як қатор кишварҳое, ки дар ин соҳа таҷрибаи зиёд ҳосил кардаанд, ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Яке аз онҳо Федератсияи Россия мебошад.

Хабарнигори рӯзнома ба муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслзода Эмомиддин Муҳриддин бо савол бобати ҳолати феълии татбиқи созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром» муроҷиат карда, чунин посух гирифт:

- Соҳаи нефту газ барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии аҳолии кишвар аҳамияти калон дорад. Бинобар ин, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Давоми солҳои охир барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бо мақсади рушди ин соҳа корҳои назаррас ба анҷом расидааст. Тибқи шартҳои созишнома оид ба принсипҳои умумии гузаронидани омӯзиши геологии қаъри замин дар майдонҳои нефту газдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 июни соли 2008 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром» ба имзо расида буд, чунин  корҳо иҷро шуданд:

Корҳои таҳқиқоти геофизикӣ, геологӣ — сейсмоиктишофӣ дар майдонҳои Сариқамиш, Саргазон ва Рангон аз аввали лоиҳа то имрӯз бо усули «Инъикоси мавҷҳои жарфӣ»-2Д дар ҳаҷми 193,80 км тӯлонӣ, бо усули 3Д дар ҳаҷми 339,0 километри мураббаъ  ва гравиметрикӣ дар ҳаҷми  806,0 километри мураббаъ гузаронида шудааст.

ҶСК «Газпром» шурӯъ аз нимсолаи дуюми соли 2008 то охирҳои соли 2010 дар ҳудуди ин майдонҳо як қатор корҳои геологӣ — сейсмоиктишофӣ, магнитометрӣ ва гравиметриро анҷом дод ва ба хулоса омад, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи  майдонҳои Рангон ва Саргазон аз лиҳози техникӣ хеле душвор  ва маблағталаб мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҶСК «Газпром» расман аз омӯзиши  ин ду майдон даст кашид.

Дар асоси таҳлили маводи  омӯзиши геологӣ — сейсмоиктишофии ҷамъоваришуда, санаи 7 декабри соли 2010 корҳои пармакунӣ дар чоҳи ҷустуҷӯии № 1п Шаҳринави майдони Сариқамиш бо чуқурии лоиҳавии 6300 метр оғоз гардида, дар моҳи июни соли 2013 то умқи 6450 метр ба охир расонида шуд. Пас аз анҷоми корҳои пармакунӣ дар дохили чоҳ мавҷудияти 8 қабати маҳсулдор тахмин карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои пармакунӣ ва озмоиши қабатҳои маҳсулдор таркиби сохтори майдони мазкур муайян гардид. Аз он ҷумла аломатҳои дақиқи мавҷудияти нефту газ муайян карда шуд ва таҳлили маводи бадастомада барои фаъолияти минбаъда замина хоҳад гардид.

Тибқи қарори Протоколи илмӣ-техникии ҶСК «Газпром», намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2015, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, корҳои зайл ба нақша гирифта шудааст:

Бо мақсади муайян намудани захираҳои нефт ва газ натиҷаи маводи дар рафти корҳои геологӣ — сейсмоиктишофӣ ва пармакунии чоҳи №1п Шаҳринав ҷамъоваришуда ба итмом расонида, хулосаи мушаххас бобати идома додани корҳои ҷустуҷӯӣ ва пармакунӣ дар майдони Сариқамиш изҳори назар карда мешавад;

Барномаи гузаронидани корҳои геологӣ — сейсмоиктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ дар майдони Шоҳамбарии Ғарбӣ якҷо бо мутахассисони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ ва мувофиқа хоҳад шуд.

Бинобар ин, баъд аз натиҷагирии корҳои таҳқиқоти геофизикӣ, геологӣ-сейсмоиктишофӣ ва пармакунии гузаронидашуда, маълумоти дақиқ ва нақшаю чорабиниҳо барои идома додани корҳои ҷустуҷӯӣ — иктишофӣ дар майдони Сариқамиш аз ҷониби ҶСК «Газпром» пешниҳод хоҳад гардид.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»