Дучарха арзону безарар, вале аз мадди назар дур

№40 (4460) 29.03.2022

Без имени-1Мавзӯи ин нигошта шояд барои бархе камарзиш намояд, зеро ғолибан дар кишвар дучархаро ҳамчун бозичаи кӯдакону наврасон қабул менамоянд. Ҳол он ки дар аксар кишварҳои тараққикардаи олам ба дучарха муносибат хеле ҷиддӣ буда, он воситаи нақлиёти дастрас, каммасраф ва барои саломатии инсон манфиатнок эътироф гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 500 миллион дучархасавор ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз сеяки аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд. Дар Ҷопон — кишвари автомобилҳои машҳуру хушсифат теъдоди дучархасаворон ба 72 миллиону 540 ҳазор ё  56,9 фоизи аҳолии кишвар баробар аст. Дар Олмон дучархасаворон 75,8 фоизи сокинонро ташкил медиҳанд. Дар Дания ва Нидерландия ин нишондиҳанда мутаносибан ба 80 ва 99 фоиз баробар аст. ҳамин аст, ки Нидерландияро кишвари дучархасаворон ном мебаранд.

Ҳолландиҳо барои нигоҳдорӣ ва таъмири дучархаҳояшон дар як сол қариб 1 миллиард евро сарф менамоянд. Сабаб ҳамин аст, ки Амстердам яке аз шаҳрҳои аз ҷиҳати экологӣ тозатарини олам эътироф гардидааст. Дар ин шаҳр 400 километр роҳҳои дучархаронӣ мавҷуд буда, дучархасаворӣ 40 фоизи ҳаракат дар роҳро ташкил медиҳад. Аҷиб он низ ҳаст, ки ягон дучархарон кулоҳи муҳофизатӣ намепӯшад.

Дар бисёр кишварҳои олам истеҳсоли дучархаҳо ба роҳ монда шудааст, вале дар ин самт Туркия пешсаф мебошад. Тибқи маълумоти Иттифоқи содиркунандагони минтақаи Эгейи ин мамлакат, соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли дучархаҳо беш аз 48 фоиз афзуда, ба 136 миллиону 745 ҳазор доллари ИМА баробар шуд. Истеҳсолкунандагон маҳсулотро ба 110 кишвари олам содир намудаанд. Харидорони асосӣ кишварҳои Аврупо буда, танҳо Нидерландия (Ҳолландия) ба маблағи 22 миллиону 898 ҳазор доллар дучарха воридот намудааст.  Дар ҷои дуюм Олмон қарор дошта, ба маблағи 17 млн. 299 ҳазор доллар ворид кардааст. Маблағи воридоти дучархаҳо дар Фаронса – 17 млн. 205 ҳазор, Финляндия – 17 млн. 43 ҳазор ва Бритониё 13 млн. 388 ҳазор долларро ташкил намудааст.

 Корхонаҳои бузургтарини истеҳсоли дучархаҳо дар минтақаи Манисаи Туркия ҷойгир буда, аз рӯи ҳаҷми содироти дучархаҳо шаҳрҳои Истанбул ва Измир пешсафанд, ки мутаносибан ба маблағи 33 млн. 132 ҳазор ва 18 млн. 173 ҳазор доллар дучарха содирот кардаанд.

Айни ҳол дар Олмон беш аз 75 миллион дучарха мавҷуд аст. Дар шаҳру деҳот, канори роҳҳои мошингард роҳи махсус барои дучархаҳо ва сайрхатҳои сайёҳӣ барои дучархасаворон ташкил шудаанд. Тибқи маълумоти Иттиҳодияи сайёҳии федералӣ, дарозии сайрхатҳои сайёҳӣ 75 ҳазор километрро ташкил менамояд.

Аз 25 марти соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии «Осиё-2022» бо иштироки варзишгарони 25 кишвари қитъа ҷараён дорад, ки нахустин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар навъи варзиши дучархаронӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Итминони комил дорем, ки дучархасаворон ва дигар ҷавонони кишвар интизори чунин сабқат буданд. Гарчанд теъдоди дучархаҳо зиёд нест, майлу таваҷҷуҳи ҷавонон ба дучарха бениҳоят зиёд мегардад. Замоне сокинони пойтахт ва баъзе аз ноҳияҳои кишвар гоҳ-гоҳ имкон доштанд, шоҳиди тамринҳои дучархасаворони беҳтарини ИҶШС гарданд. Сарварони дастаи мунтахаби дучархасаворони ИҶШС иқлими гарм ва қариб 300 рӯзи офтобии кишвари моро писандида дар фасли гармо барои тамрин ба ин ҷо меомаданд.

Хушбахтона, чанд соли охир теъдоди дучархасаворон дар кишвар низ меафзояд ва далели он ифтитоҳи чанд мағозаи фурӯш ва устохонаҳои таъмири дучархаҳост, ки дар маркази пойтахт, гирду атрофи он ва шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат ташкил шудаанд. Дучархаҳо дар бозорҳои хурду бузург низ фурӯхта мешаванд.  Вале теъдоди аниқи онҳо маълум нест, зеро аксар дучархаҳо аз даврони шӯравӣ боқӣ монда, роҳҳои воридшавии онҳо ба кишвар хеле гуногунанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло замоне фаро расидааст, ки мо низ дар мамлакат дар бораи ояндаи ин навъи нақлиёт ва таъмини шароит барои рушди он тадбир андешем.

Азбаски дар қисматҳои гуногуни роҳҳои автомобилии пойтахт тамбашавӣ ба вуҷуд омада, нархи сӯзишворӣ рӯз то рӯз баланд мегардад, мо низ бояд мисли сокинони Барселона бигӯем: «Ба мо ғурриши мошинҳо, газҳои онҳо ва тамбаҳо аз автомобилҳо лозим нестанд!»

Сайру саёҳат тавассути дучарха  дар водиҳои кишвар, истифодаи он ҳамчун воситаи нақлиёт дар деҳот хеле мувофиқ аст, мо низ мисли олмониҳо барои дучархасаворон бояд роҳҳои алоҳида, инфрасохтор — таваққуфгоҳҳо, хизматрасонии шерингӣ, сайрхатҳои сайёҳӣ ва дар донишгоҳҳои техникӣ кафедраҳои дучархаҳо ташкил намоем. Оид ба паҳлуҳои мусбату манфии навъҳои гуногуни нақлиёт дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондан ва теъдоди дучархаҳои барқӣ ва боркашро зиёд намудан лозим аст. Минбаъд, беҳтар аст, ки ҳангоми таъмиру васеъкунии роҳҳои автомобилгард дучархасаворон низ ба назар гирифта шаванд.

Итминон дорем, ки минбаъд ба дучарха ва дучархасаворӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, он миёни қишрҳои ҷомеа маъмултар мегардад. Албатта, барои ин маблағ, такмили қонунҳо ва ба вуҷуд овардани фарҳанги дучархасаворӣ зарур аст.

Н. Ҷумъаев,

«Садои мардум»