Дурустии воситаи ченак ва рушди истеҳсолот

№135 (4718) 13.11.2023

img_929Мусоҳиба бо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода

- Таҳия, қабул ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ба кадом омилҳо вобаста аст?

- Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шавам, ки санади меъёрии ҳуқуқии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим, Неъматулло Холбойзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Комрон Исмоилиён ва Баҳриддин Зиёӣ бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи метрология, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

 Вобаста ба саволи пешниҳодшуда бояд гӯям, ки таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» аз 15 — уми майи соли 1997 нишон дод, ки гарчанде ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуда бошанд ҳам, аммо муқаррароти он на ҳама паҳлуҳои танзими соҳаро дар бар гирифтааст. Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва давлатҳое, ки дар соҳаи метрология ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, чунин иқдом гирифта шуд.

- Дар қиёс ба қонуни қаблӣ кадом навгониҳоро метавон номбар кард?

- Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи таъмини ченаки ягона бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ва иқтисодиёти мамлакат ба натиҷаҳои воқеӣ, боэътимод ва муқоисашавандаи ченак, ҳифзи саломатии аҳолӣ, муҳити зист, таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амният муайян менамояд.

 Таваҷҷуҳи асосӣ ба он зоҳир гардид, ки дар қонун муқаррароти стандартҳои байналмилалӣ мадди назар бошад. Қобили зикр аст, ки дар қонун таҷрибаи нав дар соҳаи метрология — андозагирии воситаи ченак, аттестатсияи воситаҳои ченкунӣ ва санҷиш, пайвастшавии метрологӣ, намунаҳои стандартии хосияти мавод меҳвар аст, зеро омилҳои асосии эътирофи байналмилалии соҳа маҳз онҳо мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки дар бисёр кишварҳо низоми пешрафтаи ченак яке аз василаҳои таҳрикбахши соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, дар рушди истеҳсолот дурустии воситаи ченак мавқеи асосӣ дорад.

- Дар бораи воситаҳои ченак маълумоти пешниҳодмегардида аксар ҳолат моҳияти маҷмӯӣ дорад. Агар мушаххас шарҳ диҳем, воситаҳои ченак ва ченаки ягона, яъне — чӣ?

- Воситаҳои ченак — воситаҳои техникие, ки барои ченкунӣ пешбинӣ гардида, дорои тавсифҳои муқарраргардидаи метрологӣ мебошанд. Бояд мадди назар дошт, ки воситаҳои ченак барои муайян намудани бузургие истифода мешаванд, ки ба татбиқи воҳидҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст ва бояд ба шароити истифода ва талаботи муқарраргардида мувофиқ бошанд. Дар ин қонун ченаки ягона — ҳолати ченаке, ки натиҷаи он дар воҳидҳои эътироф­гардидаи бузургӣ ифода ёфта, нишондиҳандаҳои дақиқи ченак аз доираи меъёрҳои муайянгардида берун намеоянд, тафсир шудааст.

- Меъёрҳои мансуб донис­тани воситаҳои техникӣ, дастгоҳҳо ва мавод ба воситаҳои ченак кадомҳоанд?

- Меъёрҳои мавриди назари шумо аз мавҷудияти хосиятҳои ба меъёр даровардашудаи мет­рологӣ ва тавсифҳои техникие, ки дар муҳлати муайян бетағйир дониста мешавад, қобилияти таъмини натиҷаҳои ченкунӣ дар воҳидҳои қонунигардонидашуда бо дақиқияти муқарраргардида, инчунин, саҳеҳии натиҷаҳои санҷиш ва фаъолият аз рӯи принсипҳои механикӣ, барқӣ, оптикӣ, физикӣ-химиявӣ ва электронӣ таркиб ёфтаанд. Чунин воситаҳо дар ҳолати доштани рисолати индикаторӣ, баҳодиҳии пешакӣ, ки натиҷаи он ченкунӣ ба ҳисоб намеравад, интиқоли маълумот дар бораи натиҷаи ченкунӣ воситаҳои ченак ё воситаҳои санҷиш эътироф намешаванд.

- Тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дилҳоҳ мафҳум ба принсипҳо асос меёбад. Вобаста ба масъалаи мавриди назар кадом принсипҳо афзалият доранд?

- Истифодаи воситаҳои ченаки барасмиятдаровардашуда таҷдиди воситаҳои ченак бо ёрии маҳак (эталон) — ҳои давлатӣ, афзалияти истифодаи воҳидҳои ченкунии низоми байналмилалӣ, риояи ҳатмии фосилаи байнисанҷишии воситаҳои ченак, таъмини дақиқияти ченкунӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Истифодаи натиҷаҳои ченкунӣ дар асоси арзёбии иштибоҳ бо эҳтимолияти додашуда, назорати риояи қоидаву меъёрҳои метрологӣ, ошкоро ва дастрас будани маълумот дар соҳаи таъмини ченаки ягона, ба истиснои маълумоти дастрасиашон маҳдуд, идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад.

- Усулҳои иҷрои ченкунӣ мафҳуме мебошад, ки дар моддаи 13 — уми қонун муқаррар гардидааст. Манзур чӣ аст?

- Пеш аз ҳама, мебояд ин мафҳумро мухтасар шарҳ диҳем. Усулҳои иҷрои ченкунӣ маҷмӯи амалиёт ва қоидаҳоеанд, ки иҷрои ченкунӣ ва ба даст овардани натиҷаи онҳоро бо нишондодҳои муқарраргардидаи дақиқӣ таъмин менамоянд. Муқаррароти мазкур ба он хотир пешбинӣ шудааст, ки ченкунӣ бояд тибқи усулҳое, ки бо тартиби муқарраргардида аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тавсия шудаанд, анҷом дода шавад.

Илова бар ин, усулҳои иҷрои ченкунӣ бояд баҳодиҳии нишондиҳандаҳои дақиқияти натиҷаҳои ченкуниро дар бар гирифта, саҳеҳии муқарраршударо дар шароити воқеии гузарондани ченкунӣ таъмин намоянд.

- Аз мазмуну моҳияти қонуни мазкур метавон хулоса баровард, ки доираи фарогирии назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ хеле васеъ аст…

- Дуруст гуфтед. Масъалаи мазкурро моддаи 15-уми қонун танзим карда, дар навбати аввал ин намуди назорат ба соҳаҳои тандурустӣ, байторӣ, ҳифзи муҳити зист, амалиёти тиҷоратӣ, баҳисобгирии арзишҳои моддӣ ва захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, баҳисобгирии давлатӣ, мудофиаи давлат, бехатарии саноатӣ, ядроӣ, радиатсионӣ, меҳнат ва ҳаракати нақлиёт рабт дорад.

Иҷрои корҳои геодезӣ, картографӣ ва гидрометеорологӣ, амалиёти андозӣ, гумрукӣ, бонкӣ, почта ва телекоммуникатсионӣ, ҳифзи аҳолӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногени­дошта, таъмини бехатарии оташнишонӣ, санҷиш ва назорати сифати маҳсулот бо мақсади муайян кардани мутобиқати он ба регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, муайян кардани бехатарӣ ва сифати маҳсулоти сертификатсияшуда ҷузъи ин раванд ба ҳисоб мераванд.

Далели дигари бениҳоят гус­турда будани доираи фарогирии ин намуди фаъолият дар он зоҳир мегардад, ки он зимни гузаронидани санҷишҳои давлатӣ, санҷишҳои эътимоднокӣ, андозагирӣ, таъмир ва аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак, истихроҷи маъданҳои фоиданок, амалиёт бо арзишҳои фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии рекордҳои варзишии миллӣ ва байналмилалӣ ва корҳое, ки бо супориши мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти дигари давлатӣ ҳатмӣ аст.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои дигари фаъолият низ таҳти назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ қарор гирифта метавонанд.

- Фаъолияти метрологӣ ва назорати метрологӣ ҷавҳару меҳвари ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд. Моҳияти онҳо дар чӣ зоҳир мегардад?

- Фаъолияти метрологӣ ба таъмини ченаки ягона, тарзу воситаҳои ченкунӣ, инчунин, роҳҳои ноил шудан ба дақиқияти зарурӣ алоқаманд мебошад. Вобаста ба назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ: ин амалҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади санҷиши риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба таъмини ченаки ягона анҷом медиҳад.

Назорати метрологӣ санҷиш бо мақсади тасдиқи навъи воситаҳои ченак, андозагирии воситаҳои ченак, аз ҷумла маҳак (эталон) — ҳо, аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак ва усулҳои иҷрои ченкунӣ ва аттестатсияи воситаҳои санҷишро дар бар мегирад.

Назорати давлатии метрологӣ бошад, барои истеҳсол, таъмир, ба киро додан, фурӯш, истифодаи воситаҳои ченак, риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардидаи метрологӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ шудани намудҳои дигари назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ низ имконпазир аст.

- Вобаста ба ин масъала дар нимсолаи якуми соли 2023 чӣ тадбир андешида шуд?

- Дар озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки агентӣ 177405 воситаҳои ченак аз санҷиши эътимоднокӣ гузаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12886 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 123427 ададро воситаҳои ченаке ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар давраи мавриди назар 2245 сутунчаи тақсимоти сӯзишвории нефтӣ, 1100 сутунчаҳои гази моеъ, 106 автосистерна ва 52 махзани нигоҳдории сӯзишвории нефтӣ (резервуарҳо) аз санҷиши мутобиқат ва андозагирӣ гузаронида шуданд. Ҳамчунин, аз тарафи мутахассисони агентӣ 29977 ҳисобкунаки обӣ таҳти санҷиш қарор гирифт.

Дар ин давра, баъд аз гузаронидани озмоиш ва таҳлили метрологии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ 61 навъи воситаи ченаки истеҳсоли мамлакатҳои хориҷи дур ва ИДМ тасдиқ гардида, ба феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори сифат дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» ва дар асоси Созишномаи ҳамкориҳои техникӣ байни «Тоҷикстандарт» ва Пажӯҳишгоҳи физикию техникии Олмон омодагиҳо ба аккредитатсияи ду озмоишгоҳи метрологӣ дар сатҳи байналмилалӣ бомаром идома дорад.

- Дар баъзе маврид шаҳрвандон аз нишондоди ҳисобкунакҳои барқӣ нигаронанд…

- Дар якҷоягӣ бо ҶСК «Барқи Тоҷик» нақша-ҷадвали санҷиши давлатии ҳисобкунакҳои барқӣ барои соли 2023 таҳия, тасдиқ ва мувофиқа гардида, фаъолияти озмоишгоҳҳои санҷишӣ пурра дар асоси нақшаи мазкур ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, нимсолаи якуми соли 2023 ба ҷои 72774 ҳисобкунаки барқии банақшагирифташуда 89947 адад аз санҷиш гузаронида шуд, ки 123 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади дастгирии «Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ» тасмим гирифта шуд, ки аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқӣ ба роҳ монда шавад. Ба ғайр аз ин, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии ҳисобкунакҳои энергияи барқии электронии якфазагӣ ва сефазагии навъи IMOD (шартҳои техникӣ, тасвири навъ, тарзи санҷиш, барномаи санҷиш, шиноснома ва ғайра)-ро таҳия ва ба қайд гирифтанд.

Ҳамзамон, тибқи тартиби муқарраргардида, намунаи ҳисобкунакҳои барқии истеҳсолшаванда баъд аз гузаронидани таҳлилҳои метрологии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва ташхис, тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ва ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии ПР 50.2-009 «Тартиби гузаронидани санҷиш ва тасдиқи навъи воситаҳои ченкунӣ» навъи онҳо тасдиқ ва дар феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардид.

- Доир ба фарогирии ин намуди фаъолият аз қаробати он ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шудед…

- Соҳаи мазкур аз ҳама лиҳоз афзалиятнок ба ҳисоб рафта, нимсолаи якуми соли 2023 дар озмоишгоҳҳои метрологии агентӣ 13986 воситаи ченаки муқаррароташон тиббӣ, аз қабили 3213 ҳароратсанҷ, 3249 фишорченкунаки тиббӣ, 325 ареометр, 347 тарозуи лабораторӣ, 1398 тарозуи тиббӣ, 483 дозатори тиббӣ, 56 фотоколориметр, 39 рефрактометр, 1605 мановакуумметру фишорченкунакҳои оксигенӣ ва ғайра таҳти санҷиш ва андозагирӣ қарор гирифтанд.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»