Дар партави Паёми Президент

Паём — роҳнамои фаъолияти ҳаррӯза

№37 (3338) 13.03.2015

Ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳадафҳое мебошад, ки ҳанӯз аз замони расидан ба Истиқлолияти давлатӣ зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ, дар муддати на чандон зиёд якчанд лоиҳаҳои энергетикӣ амалӣ шуд, ки дар натиҷа, низоми ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд омад.  Бо сохта ба истифода додани иншооти дигари энергетикӣ, аз қабили НБО-и «Роғун», хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА — 1000 талаботи Тоҷикистон бо қувваи барқ пурра таъмин гардида, кишвар ба давлати содиркунандаи қувваи барқ мубаддал мешавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин соҳаи муҳим  дастурҳои мушаххас дода шуд. Дар ҳошияи Паёми Президент бо сардори Сарраёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимов суҳбат оростем, ки фишурдааш пешкаши хонандагон мегардад.        

-Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи энергетика низ ҳамаҷониба таҳлил гардид. Назари шумо ҳамчун мутахассиси соҳа ва шахси масъули Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз чӣ гуна аст?

-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест, ки барои фаъолияти ҳаррӯза роҳнамо ба ҳисоб меравад.

Аз Паёми соли 2014 то Паёми соли 2015 дар соҳаи энергетика корҳои назаррас иҷро шуданд. Ба вуҷуд овардани ҳар як мегават иқтидори нав дастовард ҳисоб меёбад. Соли 2014 бо ба кор даровардани агрегати дуюми НБО-и «Сангтӯда-2» ва навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2»  иқтидори энергетикии кишвар дар маҷмӯъ 210 МВт зиёд гардид. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, дар маҷмӯъ зиёда аз 1020 МВт иқтидорҳои нав бунёд гардиданд. Сарфи назар аз ин, бо дарназардошти беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум талабот ба неруи барқ  якчанд баробар афзудааст.  Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки се омили асосӣ дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ мавҷуд аст. Якум, зиёд намудани иқтидори энергетикии кишвар бо сохтмони неругоҳҳои нав ва  таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои мавҷуда. Дуюм, муборизаи ҷиддӣ бо талафоти неруи барқ, ки тибқи маълумот айни замон 17 фоизро ташкил медиҳад. Бо зиёд шудани иқтидори истеҳсолӣ  талафот низ зиёд мешавад ва ин раванд бояд таври ҷиддӣ таҷдиди назар ва омилҳои асосиаш муайян шаванд. Бо ҳамин мақсад дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд амалӣ шуда истодааст. Дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб низ чунин лоиҳаҳо татбиқ мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки баҳисобгирӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Инчунин бо Бонки Рушди  Осиё лоиҳаи махсуси ҷорӣ намудани низоми ҳисоби яклухти неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои барқро татбиқ намуда истодаем. Тибқи ин лоиҳа дар ҳамаи зеристгоҳҳои 500, 220 ва 110 кВт ҳисобкунакҳои барқии молиявӣ насб мегарданд. Дар оянда низ чунин иқдомҳоро идома медиҳем, то ки талафоти техникии неруи барқро то даҳ фоиз бирасонем. Зикр кардан бамаврид аст, ки қисми зиёди талафот талафоти техникӣ буда, бинобар фарсуда гардидани инфрасохтори энергетикӣ ба миён меояд.

Нуктаи дигаре, ки дар Паём зикр гардид, ташкил намудани бозори минтақавии неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ, ба татбиқи лоиҳаи хатти интиқолии  баландшиддати барқи КАСА-1000 аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардид. Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки танҳо дар фасли тобистон аз ҳисоби содироти неруи барқ зиёда аз 100 миллион доллари ИМА аз ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Покистон ворид гардад.

-Зикр намудед, ки соли 2014 иқтидори энергетикии кишвар 210 МВт зиёд шуд. Оё соли равон низ иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд мегарданд?

-Мо сохтмони якчанд неругоҳҳои барқи обии хурдро ба нақша гирифтаем. Солҳои 2016-2017 навбати дувуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 300 МВт ба истифода дода мешавад. Тибқи нақша сохтмони неругоҳҳои барқи ҳароратии «Фон-Яғноб»  ва «Шӯроб» шояд имсол оғоз гардида, асосноккунии техникӣ ва татбиқи якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқи обии «Нуробод-1», «Нуробод-2»,  «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод» ва «Себзор» ба итмом расонида мешавад.

Доир ба сохтмони неругоҳҳои хурд айни замон нақшаи махсус таҳия гардидааст ва ба он танҳо неругоҳҳое ворид гардидаанд, ки аз нуқтаи назари техникӣ ва иқтисодӣ асоснок шудаанд, зеро то ин вақт зиёда аз 300 неругоҳҳои барқи обии  хурд бунёд гардидаанд, ки қисми зиёдашон танҳо фасли сармо фаъолият доранд.

-Шумо оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи ҳароратӣ сухан кардед. Иқтидори ин неругоҳҳо чӣ қадар аст ва аниқ гуфта метавонед, ки сохтмони онҳо кай шурӯъ мешавад?

-Мувофиқи лоиҳаи пешакӣ бояд иқтидори неругоҳҳои барқи ҳароратии «Фон-Яғноб» на кам аз 600 МВт ва «Шӯроб» на кам аз 300 МВт бошад. Тибқи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хос Интернешнл» (Малайзия), ки вобаста ба бунёди Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» ба имзо расидааст, дар навбати аввал ширкат уҳдадор аст, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодии онро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Доир ба сохтмони неругоҳҳои мазкур бояд гуфт, ки вобаста ба «Шӯроб» имкони сармоягузории мустақими хориҷӣ аст,  оид ба «Фон-Яғноб» бошад, чанд усул айни замон муҳокима гардида, шояд бо сармоягузории мустақим ва ҷалби қарзи беруна сохта шавад.

Барои сохтмони неругоҳи барқи ҳароратии «Фон-Яғноб» ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳавасманданд.

- Чанде пеш воситаҳои ахбори омма  оид ба эҳтимоли дар соли равон аз камобӣ азият кашидани минтақаҳои ҳавзаи канали калони Фарғона, аз ҷумла шаҳри Конибодом мавод нашр карданд. Оё воқеан чунин аст? 

-Идоракунии ҳавзаи дарёҳо дар вилояти Суғд хеле мушкил аст, зеро сарчашмаи дарёҳо дар як давлат асту аз як давлат ба давлати дигар ҷорӣ мегардад. Аз ин рӯ, дар таъмини об каме  мушкилот ба мушоҳида мерасад. Лекин бисёр вақт норасоии об вобаста ба мавсим ва кам будани захираи обӣ  аст. Мутаассифона, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷҷате нест, ки давлатҳои минтақа аз рӯйи он амал кунанд. Бо ташаббуси Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мо ҳанӯз даҳ сол пеш ба ислоҳот дар соҳаи об шурӯъ карда будем. Айни замон низ ислоҳоти мазкур идома дошта, шакли гузаштан ба  идоракунии ҳавзавии об аз ҳамон ҷумла аст.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»