Проблема ва мулоҳиза

Эҳёи навъи аноре, ки дар борааш «Огонёк» матлаб чоп кардааст

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

ывааДар ноҳияи Қубодиён Бошқалъа ном деҳа аст. Он дар деҳоти ба номи Ӯ. Назаров ҷойгир буда, бо анори болаззат машҳур аст. Дар «Анҷир ва анор» ном китоб, ки  соли 1940 чоп шудааст, дар бораи анори Бошқалъа чунин навиштаанд: «Соли 1934 як дона анори дар ҳавлии Қулбобо ном деҳқони ҳамин деҳа парваришёфта аз ду кило зиёд баромад, ки онро дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи  ИҶШС  ба маъраз гузоштанд. Мардуми таҳҷоӣ мегӯянд, ки дар деҳа анорҳои то сесад сол умрдида низ будааст. Маълум мешавад, ки таърихи анори Бошқалъа хеле қадим буда, мардуми ин деҳа асрҳо ба парвариши  он машғул  будаанд».

Солҳои сиюми асри ХХ   анори Бош­қалъа аз ҷониби Институти илмӣ — тадқиқотии субтропикии ИҶШС дар минтақаи санҷиши Микоянобод (Қубодиёни ҳозира) беҳтарин эътироф шуда, ба шароити қисмати ҷануби мамлакат навъи мусоид дониста шуд. Олимон Б. М. Крейдик ва В. С. Розанов дар ин хусус тадқиқот  гузаронида, зиёд намудани ин навъро тавсия доданд.

Дар давраҳои солҳои охири ҳукумати Шӯравӣ навъи шуҳратёфта бо сабабҳои гуногун аз байн рафт.

Бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибат ба боғдорӣ, аз ҷумла, парвариши анор, ки султони меваҳо ба ҳисоб меравад, дигар шуд. Ҳоло анори Бошқалъа  мавқеи пешинаро пайдо кардааст.

Абдусалом Юлдошев — агрономи собиқадор, аз нав барқарор шудани анори Бошқалъаро, ки бинобар намудаш дилкаш, сершарбат, ширин будан ва таърифаш то хориҷи кишвар  расидааст, дида, ба куртааш намеғунҷад.  Кӯдаки чизи гумкардаашро ёфтагӣ  барин шодӣ мекард.

- Як вақтҳо ин намуди анор ифтихори мардум, файзу баракати деҳа буд. Қадами тоҷирон аз ин ҷо канда намешуд. Одамони деҳа аз ҳисоби ин анор, ки дар назди ҳавлияшон парвариш мешуд, рӯзгорашонро пеш мебурданд, — мегӯяд ӯ.

- Рост мегӯяд, — ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Нурмуҳаммад Юсупов – раиси ҷамоати деҳоти ба номи  Ӯ. Назаров. — Акнун вақти он расидааст, ки  заминамонро «табобат» кунем. Дар рӯзномаи  «Садои мардум» 16 марти соли ҷорӣ дар ин  бора «Аз гаронии нархи нурӣ менолему…» ном мақола нашр шудааст. Хонда хурсанд шудам. Ба воситаи зиёд намудани кирми лойхӯрак баланд бардоштани ҳосили заминҳою рӯёнидани маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ   мумкин будааст.  Япония, Хитой ва мамолики аврупоӣ  барои ҳалли мушкилоти коркарди партовҳои кишоварзӣ, беҳтар кардани ҳолати замин ва парвариши маҳсулоти барои саломатӣ  безарар аз  ҳамин усул истифода мебурдаанд. Чанде пеш дар шаҳри Хонободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба зиёд кардани кирми лойхӯрак маҷлис баргузор шуда, ташкилоти ба ин кор масъул таъсис  ёфтааст, — суханашро давом дод раис.

- Анори Бошқалъа хусусияти аҷиб дорад, — гуфт Абдусалом — агроном. — То ним сол рангашро  гум намекунад. Шарбаташ аз 50 фоиз кам нест. Парда ва деворҳояш ғафс, пӯчоқаш вазнин. Ҳар  як бех то 50-60 кило ҳосил медиҳад. Вазни як донааш  500-600 грамм аст.

Агрономи куҳансол дер боз дар бораи меваҳои машҳури деҳаи Бошқалъа андеша мекард. Суҳбати онрӯза ба ӯ неру бахшиду дилашро, ба қавле, холӣ кард…

- Дар даврони шӯравӣ таваҷҷуҳ ба боғдорӣ то андозае кам буд. Ҷойи меваҷотро пахта «забт» намуд.

- Дуруст мегӯед, — гуфта лаҷоми суханро ба даст гирифт духтур Темур Тошев, таърифи харбузаи амирии мо то гӯши амири Бухоро расида буд. Меваҳои хушк — туршак, мавиз, шафтолуқоқ, зардолуқоқ, ҷигда низ. Акнун ҷои онҳоро қандчой гирифтааст. Шиннӣ, кулчаҳои аз харбуза тайёршуда ва дигар неъматҳои табиӣ, ки зеби дастурхон буданд, аз байн рафтаанд.

- Дар ин хусус бо роҳбарони хоҷагӣ борҳо суҳбат кардам, вале худашонро ба карӣ меандохтанд.  Ғайр аз пахта дар бораи дигар чиз шунидан намехостанд. Боғҳоро вайрон карда, пахта кишт карданд, — ёдовар шуд агроном.

 Дар лаби дарёи Кофарниҳон боғи обод буд, ки дар он хониши булбулҳо канда намешуд. Шояд барои ҳамин он гӯшаро «Булбул» номида буданд. Биҳии дар он ҷо рӯида  ҳандалак барин калон буду рангаш зард, мисли тилло ҷило  медод. Шохи чормағзҳои худрӯй ҳосилро бардошта натавониста, ба замин хам мешуд. Аз ҳама зиёд ба олуяш дилам месӯзад. Ҳар як донааш ба кӯзаи заррини дарунаш пури шарбат монанд буд. Инъоми бузурги саховати табиат  будаанд он меваҳо. Маҳз ҳамон боғҳоро вайрон намуда, пахта  коштанд. Ниҳолҳояшонро ба дигар ҷо кӯчонидем. Вале шуҳрати пешинаашро эҳё карда натавонистем. Барои он ки ҳар як ниҳол низ Ватан дорад. Барои мисол, нони Самарқандро ба  минтақаи дигар   кӯчонданӣ шуданд, вале нашуд.

Шарбати анор аз витаминҳо ғанӣ буда, онро зимни сустшавии организм, камхунӣ,  атеросколероз, инфексияҳои роҳҳои нафаскашӣ, астма, ангина, заҳролудшавӣ аз нури радиоактивӣ истифода мебаранд. Шарбати аз навъҳои ширини анор гирифташуда баъд аз ҷарроҳӣ, бемории гурда ва вайроншавии меъдаю рӯда муфид аст. Шарбати аз навъҳои  нордон гирифташуда бошад, барои касалии диабет фоидаи зиёд дорад. Дамламаи аз пӯчоқи меваи анор тайёркардашуда дар ҳолати газак гирифтани рӯдаю меъда, дизентерия (исҳоли хунин) ва геморрой (бавосир) даво мебахшад. Оби анор, ки дар таркибаш ба миқдори зиёд витамини С дорад, организмро мустаҳкам намуда, барои пешгирии касалиҳои вирусӣ аз шарбатҳои меваҳои ситрусӣ  камӣ надорад. Илова бар ин, анор иштиҳоро мекушояд, мушакҳои дилро мустаҳкам месозад, — гуфт ҷарроҳ Панҷиддин  Юсупов.

- Баъди ба истиқлолият расидан таваҷҷуҳ ба боғдорӣ тағйир ёфт, — афзуд раиси деҳот Нурмуҳаммад Юсупов. Раҳмат ба Президенти мамлакат, ки сокинони ҷумҳуриро барои рушд намудани боғпарварӣ ҷалб намуданд. Вале боғҳои бешафқатона вайроншударо барқарор кардан, нисбатан мушкил аст. Ба ҳар ҳол, аз нав барқарор шудани анори навъи Бошқалъа хурсандибахш мебошад.

- Дар намоиши маҳсулоти меваю  сабзавот, ки дар шаҳри Бохтар доир шуд, ман низ бо анори Бошқалъа, ки дар ҳавлиям парвариш кардам, иштирок намудам. Вақти аз назар гузаронидани намоиш Пешвои миллат аз таърихи анор пурсон шуданд. Баъд «анор хосияти шифобахшии зиёд дорад, анорзорҳо бунёд кунед, боғдорӣ  ояндадор аст. Дар оянда ин соҳаи муҳимро боз ҳам равнақ медиҳем», — гуфтанд. Дилам  аз шодӣ лабрез гашт. Ба анори Бошқалъа мароқ зоҳир намудани Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ман бисёр фараҳбахш буд. Таваҷҷуҳи Роҳбари мамлакат ба ман неру бахшид. Бо ҳамин таассуроти фаромӯшнашаванда  ба деҳа омадаму бо фаъолони деҳа суҳбат кардам. Мардуми деҳа хабари хушро шунида, аз чашмашон ашки шодӣ рехт. Дар ҳаққи Пешвои миллат дуои нек карданд.

Дере нагузашта,  шахсан, аз дасти Пешвои миллат медали «Хизмати шоиста»-ро гирифтам. Бошқалъагиҳо баъд аз ин вохӯрӣ саросар ба шинонидани ниҳолҳои  анор шурӯъ карданд.

Фарзанди боғбон ҳастам. Бобокалонамро Бердиёр-боғбон мегуфтанд.  Он касро яке аз шахсони солҳои сиюми асри гузашта шуҳрати анори  Бошқалъаро ба олам паҳнкардагон гӯям, хато  намекунам. Дар хотир дорам, ки як дона анори дар назди ҳавлӣ парваришёфтаро ба тоқии падарам ғунҷонида натавонистем. Тоҷирон аз  Душанбею Ҳисор, Суғду Панҷакент ин меваро яклухт мебурданд. Дар ёд дорам, украинзанро, ки рӯзноманигор буд, анорҳои дар назди ҳавлиамон парвариш­ёфтаро дида дар ҳайрат монд. Баъдтар дар  маҷаллаи «Огонёк» дар бораи анори Бошқалъа мақолаи калон навишт.

Баъд аз вафоти бобокалонам ба боғ бобоям Ҳасан  Юсупов, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд, соҳиб шуд. Писарашон, яъне падари  ман  Бобохон он вақт дар Шарқи Дур дар  хизмати ҳарбӣ буд. Бобоям ба падарам «анори Бошқалъаро ёд кардагист» — гӯён анори тару тозаро мефиристод. Ба гуфти  падарам, командирҳои қисми ҳарбӣ анори Бошқалъаро дида, дар ҳайрат мондаанд. Онҳо дар умрашон анорҳои хушрӯю болаззатро  надида будаанд.  Таърифи  анор аз қисм ба қисм гузашта, ҳаводорони бисёр пайдо кардааст. Баъди марги бобоям боғи анор ба падарам мерос монд. Падарам низ вафот карду нигоҳубини боғ ба зиммаи ман вогузор шуд. Дар навбати худ муваззафам, ки шуҳрати пешинаашро барқарор карда, ба фарзанду набераҳоям мерос гузорам, — гуфт раиси ҷамоат.

Эътироф бояд кард, ки ҳоло дар ин соҳа камбудиҳо зиёданд. Дар ҷумҳурӣ  шумораи  хоҷагиҳои калони анорпарварӣ кам аст. Ҳол он ки дар кишвар, алалхусус, вилояти Хатлон барои зиёд кардани зироатҳои субтропикӣ имкониятҳо зиёданд. Агар анорзор бисёр шавад, дар оянда онро содирот кардан  мумкин аст. Зиёд кардани меваи анор аз бисёр ҷиҳат ба ниҳолпарварӣ вобаста аст. Ин дар навбати худ фаъол будани хоҷагиҳои ниҳолпарварро  тақозо мекунад. Пайдо кардани навъҳои беҳтарини анору дигар меваҳо ба олимону мутахассисони соҳа низ  вобаста аст. Агар Институти боғпарварии ҷумҳурӣ, мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар робита ба ин проблема пешниҳодот баён кунанд, хуб мешуд.

Талошҳои раиси деҳоти ба номи Ӯ. Назаров барои эҳёи шуҳрати анори  навъи Бошқалъа арзандаи ситоиш аст. Шубҳае нест, ки  солҳои наздик  дар минтақаҳои дигари кишвар низ ин мева мавқеъ пайдо мекунад. Тавре дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, «…боғпарварӣ дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас дорад».

Мардуми деҳаи Бошқалъаи ноҳияи Қубодиён талаботи замонро ба ҳисоб гирифта, барои эҳёи шуҳрати боғпарварӣ чораҳои бетаъхир андешида истодаанд. Эҳёи анори навъи Бошқалъа  ба ин гувоҳ аст…

Сулаймон ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон