Қатли қаҳрамони тоҷик амали наҳзатиҳо буд

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

ASDASDҶанги шаҳрвандӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри XX дар кишвар дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ иттифоқ афтод, яке аз мусибатҳои гӯшношуниди чанд садаи охир ба ҳисоб меравад. Дар миёни ҷангу даргириҳои асрӣ, ки тайи таърихи миллӣ рух дода, ҷони ҳазорон нафарро рабуда, боиси бадбахтиҳо гардида буданд, кашмакашу низоъҳои хашини охири садаи XX, ки дар манобеи таҳқиқию таҳлилӣ ва умуман, забони мардум ба унвони ҷанги шаҳрвандӣ  ёд мешавад, ҷойгоҳи махсус дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Аммо кишвар аз назари муҳити динӣ-мазҳабӣ ва таъсири он ба ҷомеа, дар таносуб бо дигар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, сироятпазиртар буд, чунки дар минтақа нуфузи бебаркаши рӯҳониёни наҳзатӣ ба чашм мерасид. Рӯҳониёни наҳзатӣ, ки он замон нисбатан ҷавон буданд, худро ислоҳотгари динӣ-исломӣ вонамуд карда, ба арсаи сиёсат ворид гардиданд. Аз муҳтавои мавъизот ва ба истилоҳ, амри маъруфҳои рӯҳониёни муслиҳ, ки дар минбари масҷидҳои вақт (охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои навадуми асри гузашта) чарбзабонӣ ва фазлфурӯшӣ мекарданд, бармеояд, ки онҳо барои қабзаи султа ва ғасби ҳокимият омодаанд ва дар ин роҳ аз ҳама имконоту васила истифода мебаранд. Аммо афкору аъмоли ин иддаи рӯҳониёни муҳофизакор, консерватив, фурсатталаб, бехабар, ноогоҳ, ки тору пудашонро хурофоту таассуби асримиёнагӣ ташкил медод, дар он замон, ки аллакай пояҳои империяи шӯравӣ заиф шуда, дар ҷараёни шикастан қарор дошт, таҳти заррабини ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор дошт ва ҳар қадамашон назорат мешуд. Ба ифодаи дигар, созмони сиёсии динӣ бо номи Наҳзати исломӣ дар охири солҳои ҳаштодум ба як созмони муташаккили динӣ табдил ёфта, ба самти муқовимат ва мубориза бо режими коммунистӣ ҳадафмандона ҳаракат намуд.

Дар натиҷа, низоъҳои дохилӣ, ки асосан, байни қишри рӯҳонияти наҳзатӣ ва дунявиён сурат гирифт, тадриҷан ба авҷи аъло расида, минтақаҳои дигари ҷумҳуриро фаро гирифт ва кишварро дар вартаи ҳалокатбор қарор дод. Гурӯҳҳои наҳзатӣ пас аз пирӯзии майдоннишинон дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, махсусан водии Вахш, фаъол гардида, фишорро болои мақомоти расмӣ-давлатӣ афзуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт ва оғози онро метавон 5 майи соли 1992 тахмин зад. Акнун ТТЭ ҲНИ ва саркардагони он ҳамчун пешгомони сиёсати давлатӣ ва мақомоти интизомӣ дар ҳар гӯшаву канори мамлакат аз худ дарак медоданд ва дастгоҳҳои боқимондаи давлатиро дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фишор меоварданд, то ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд. Дар раванди кашмакашу низоъҳо сиёсатмадорон, зиёиёну донишмандоне, ки ботину зоҳири наҳзатро мешинохтанд, мавриди таҳқиру такфир қарор мегирифтанд ва такфиру таҳқир ба сифати мероси вақти наҳзатӣ имрӯз ҳам дар симои наҳзатмаслакони дохилӣ ва берунӣ ҳувайдост. Мубориза бар зидди қишри пешқадами аҳолӣ, ки ҳамчун шахсиятҳои калидӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ нуфуз доштанд, ба ҳадафи стратегии наҳзатӣ табдил ёфт. Қатлу куштори қишри пешқадами аҳолӣ тарсро дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва тарси наҳзатӣ як навъ террори фикрию равониеро мемонд, ки саропои ҷомеаро фаро гирифт. Ин тарс ва террор оташи ҷангу даргириҳоро дар ҷануб ва маркази Тоҷикистон доман зад. Аз ин ҷост, ки ТТЭ ҲНИ ба унвони ташаббускору муҳаррики асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад, ҳарчанд ки роҳбарияти қаблӣ ва имрӯзии наҳзатӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ худро заррае муқассир намедонанд. Вале таърихро наметавон бозсозӣ кард ва аз нав навишт. Дар ҳар варақи китоби таърихи миллӣ дар садаи бистум табоҳкориҳои наҳзатӣ дарҷ ёфтааст ва онро наметавон бо музахрафоте чанд таҳриф кард.

Барои хушкандешони мазҳабӣ ва муддаиёни курсии давлатдорӣ чун рӯзи рӯшан маълум буд, ки бо қатлу куштори қишри пешқадам ва тараққихоҳ тарсу ҳарос дар ҷомеа ҳукмфармо мегардад ва тардиде барои пирӯзӣ намемонад. Бо ин нияти шум онҳо муборизаи беамонро бар зидди ин қишри тавонманд тақвият бахшиданд ва ба таври расмӣ ба таҳқири онҳо пардохтанд. Ҳатто баъди суқути салтанати кӯтоҳи ТТЭ ҲНИ дар минтақа ва ба кишвари ҳамсояи Афғонистон паноҳ бурдани роҳбарияти наҳзатӣ қатлу куштори насли фарҳангиёни миллӣ поён наёфт. Методикаи тарсонидан ва афкандани даҳшат бо тарсонидани муаллим дар низомҳои динӣ-теократӣ, ки ТТЭ ҲНИ хостори билофосилаи он аст, шурӯъ мешавад. Дар ин радиф, ба қатл расонидани чеҳраҳои бузурги сиёсату фарҳанги замони шӯравӣ аз ҳадафҳои асосии тарсафкании мазҳабӣ ба шумор мерафт. Яке аз чунин шахсиятҳои бонуфузи сиёсии даврони шӯравӣ, ки дар сохтмони ҷомеаи дунявии вақт саҳми босазо гузошта, сазовори унвони баланди давлатӣ гардида, зидди хурофоту таассуби наҳзатӣ муборизаи беамон бурда буд, Ҳайдар  Қосимов ба шумор меравад.

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов аз ҷумлаи он фидоиёни миллати тоҷик буд, ки дар душвортарин ва ҳассостарин замони таърихӣ алайҳи фашизм ба мубориза бархост, мусибати Ҷанги Бузурги Ватаниро пушти сар кард ва шуҷоатмандию далерӣ нишон дод. Албатта, фидокориҳое, ки ӯ дар ҷабҳаҳои ҷанг ва меҳнати софдилонааш боис гардиданд, ки Давлати Шӯравӣ олитарин унвони даврон – Қаҳрамони Иттифоқи Советиро барояш арзанда донад. Аз таърихи давлатдории шӯравӣ медонем, ки аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон кам касонеро метавон ном бурд, ки ин унвони олии даврро соҳиб шуда бошанд. Унвони мазкур барои фидокорӣ, қаҳрамонӣ, шуҷоату далерии бемислу монанд ба ангуштшумор нафарон дода мешуд. Шахсиятҳое мисли Ҳайдар Қосимов, ки дар ҷабаҳоти мубориза ба таври бесобиқа фидокорӣ кардаанд, чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ имрӯз аз эҳтироми вижа бархӯрдоранд. Хидматҳои онҳо ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум ва миллати тоҷик зудуда намешаванд.

Вале баҳси мо дар ин матлаб сари куштори ваҳшиёнаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов меравад, ки ибтидои соли 1993 дар ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) аз ҷониби шӯрапуштони хунхори наҳзатӣ ба амал омад. Тибқи мусоҳибаи зиёда аз як сол қабл интишорёфтаи наздикони равоншод Ҳайдар Қосимов (мусоҳиба дар рӯзномаи «Хатлон» таҳти унвони «Герой Советского Союза — воевавший против фашистов, убит террористами ТЭО ПИВТ», 23.11.2017 интишор ёфтааст) маълум мегардад, ки ӯро гурӯҳи қотили наҳзатӣ бо дӯғу даранг аз хона бурда, ба қатл расонидаанд. Мувофиқи нақли мусоҳибон, Қаноатшо Абдуллоев ва Қобилҷон Зулматов (манзур ҳамон мусоҳибаи рӯзномаи «Хатлон» аст), ки аз шиносони наздики марҳум ба ҳисоб мерафтанд, ҷисми беҷони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимовро баъди се моҳи  ҷустуҷӯ пайдо намудаанд. Ваҷҳи аслии қатли ӯ алайҳи гурӯҳҳои ҷиноии наҳзатӣ шӯридан будааст. Албатта, Ҳайдар Қосимов бо обрӯю нуфузе, ки дар ҷомеаи вақти шӯравӣ дошт, наметавонист дар баробари ҷаҳолати гурӯҳҳои фурсатталаб, иғвогар ва тавтеасоз сукут варзад. Бинобар ин, ба муқобили онҳо, ки тарафдори вусъат ёфтани майдони ҷангу даргириҳо дар кишвар ва тафриқа андохтан миёни маҳалҳо буданд, мубориза бурда, дар ин роҳ ҷон дод. Ҳамин тариқ, пушти қатли Ҳайдар Қосимов гурӯҳҳои наҳзатӣ қарор доштанд. Хотираи неки фарзанди қаҳрамони тоҷик – Ҳайдар Қосимов дар дилу дидаи мардум абадӣ боқӣ мемонад.

Фаридун Ориёӣтаҳлилгар