Аз бунёди роҳ то метро

№65 (4648) 17.05.2023

Мусоҳиба бо муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода

photo_2023-03-18_11-32-01- Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки дар панҷ соли охир 13 лоиҳа ба маб­лағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, 250 километр роҳи мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд шудаанд. Лутфан, доир ба он лоиҳаҳо маълумот диҳед.

- Дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5 миллиарду 238,7 миллион сомонӣ (513,1 миллион доллари ИМА) амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои автомобилгард, 42 пул, 4 долони зиддитармавӣ, 2 эстакадаи дусатҳа, 2 сесатҳа бунёд шуда, 296 техникаю таҷҳизот барои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо харидорӣ гардид.

Дар доираи лоиҳаҳои номбурда таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (ба маблағи 82,3 миллион доллари ИМА ва бо дарозии 6,4 километр роҳ ва ду эстакада), таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Исфара, барқарорсозии қитъаи 347-ум километри роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз, таҷдиди роҳи автомобилгарди Кангурт — Балҷувон — Ховалинг, сохтмони 4 долони зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар (марҳилаи 1), таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар (марҳилаи 2), сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаи Хумб, қитъаҳои А ва Ф, сохтмони 17 пул дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи «Барномаи мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим барои таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ», харидории таҷҳизот ва техникаҳои нигоҳдории роҳ бо харҷи 5,2 миллион доллари ИМА ва хариди таҷҳизоту техникаҳо барои нигоҳдории роҳҳо бо омӯзиши мутахассисон барои вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба маблағи 18,8 миллион доллари ИМА амалӣ шуд.

То якуми феврали соли 2023 тат­биқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ки фармоишгари онҳо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад, ба маблағи 10,7 миллиард сомонӣ ҷараён дорад. Дар доираи онҳо роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар, марҳилаҳои 1 ва 2 ва сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаи Хумб, ки корҳои сохт­монӣ дар ҳар се лоиҳа ба итмом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд, таҷдид мешаванд. Таҷдиди роҳҳои автмобилгарди Обигарм-Нуробод (марҳилаҳои 1 ва 2), Ҳулбук — Темурмалик ва Данғара — Оқмазор дар доираи барномаи «Устувории шабакаи роҳҳо», сохтмони 17 пул дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим барои таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ», ки дар марҳилаи кафолатӣ қарор дорад, сохтмони 52 километр роҳ дар доираи «Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар вилояти Суғд, сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон, татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтидорнокӣ оид ба идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар ва сохтмони нақби «Истиқлол» (марҳилаи 2) дар марҳилаи татбиқшавианд.

- Айни замон дар тавозуни Вазорати нақлиёт чӣ қадар роҳ (роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта) мавҷуд аст?

- Ба тавозуни вазорат дар маҷмӯъ 14308 километр роҳ шомил буда, аз он 3340,5 километр роҳи аҳамияти байналмилалидош­та, 2109 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 8859 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд. Онҳо тавассути 64 Муассисаи давлатии «Нигоҳдори роҳҳои автомобилгард» ва 6 Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои минтақаҳо» нигоҳдорӣ мешаванд.

- Оё дар вазорат мониторинги ҳолати роҳҳо мавҷуд аст?

- Дар ҷаласаи назоратии Вазорати нақлиёт, мунтазам ҳолати роҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба камбудиву норасоӣ ба масъулин дастур дода мешавад. Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисони соҳа дар роҳҳои дар мувозинати вазорат қарордошта, пайваста санҷиш гузаронида мешаванд.

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохт­мони роҳҳо онҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Роҳҳои таҷдиду навсозишуда ҳангоми ба истифода додан аз санҷиши комиссияҳои корӣ ва давлатӣ мегузаранд.

- Аз масоҳати умумии роҳҳо дар замони соҳибистиқлолӣ чӣ қадар таъмиру навсозӣ шудаанд?

- Таҳти роҳбарӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли охир ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард доллари ИМА 57 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа, амалӣ гардид. Дар доираи онҳо сохт­мон, таҷдид ва таъмири 2465,2 километр роҳ, 225 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 6 нақби мошингузар, 3,8 километр долони зиддитармавӣ, инчунин, 219 километр роҳи оҳан бо 5 пул ва 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 751 техникаю таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ шуданд.

- Пас аз анҷоми лоиҳаҳои зикршуда амалисозии кадом нақшаҳо дар назар аст?

- Дар ояндаи наздик татбиқи 19 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 770,1 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Бохтар — Ҷалолиддини Балхӣ — Қубодиён — Шаҳритус — Айваҷ, Гулистон — Фархор — Панҷ — Дӯстӣ, Данғара — Гулистон, Душанбе — Рӯдакӣ — Ёвон — Абдураҳмони Ҷомӣ — Сарбанд, сохтмони роҳи мошингарди Ховалинг — Сангвор, Гулистон — Кӯлоб, сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Панҷи Поён, роҳҳои мошингарди Муъминобод — Чилдухтарон, Чашмасор — Лангар, асосноккунии техникӣ — иқтисодии роҳи мошингарди Тугарак — Саричашма, барқарорсозии роҳи мошингарди Бохтар — Данғара — Кӯлоб, қитъаи Бохтар — Оқмазор, Балҷувон — Сари Пулак, барқарорсозии 4 пули шаҳри Кӯлоб, ки аз офати табиии соли 2010 зарар дидаанд, роҳи мошингарди Гулдара — Сари Хосор, Хуҷанд — Ашт ва Айнӣ — Мастчоҳи Кӯҳӣ амалӣ мегардад.

- Барои беҳбуд бахшидани ҳолати роҳи оҳани ҷумҳурӣ чӣ нақша доред?

- Барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ва аз ин ҳисоб коҳиш додани сатҳи партовҳои газӣ ба муҳити зист ташаббуси бунёди метрои рӯизаминӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин хусус дархости молиявӣ тибқи тартиби муайянгардида ба Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея ирсол гардида, 14 — уми марти соли 2022 «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва истифодаи технологияҳои муосири Ҷумҳурии Корея дар самти нақлиёти метро» ба имзо расид.

Шарту талабот, арзиши лоиҳаи мазкур ва шароити масири эҳтимолии сохтмони роҳи оҳани шаҳри Душанберо, ки тибқи нақшаи генералӣ аз дарвозаи Ҷанубӣ то Сирки давлатӣ ба масофаи 10,5 километр тӯл мекашад, ба назар гирифта, истифодаи нақлиёти роҳи оҳани шаҳрии LRT (системаи метрои сабук) мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Инчунин, бо мақсади ҷалби сармоя барои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддин Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён» дархости молиявӣ тавассути Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҷониби Институти байналмилалии молиявии «КОЙКА» пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, корбарӣ бо ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» барои таҳия кардани дархости молиявӣ оид ба маблағгузории асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи «Сохтмони хати роҳи оҳан то минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб» идома дошта, дар сурати ба имзо расидани лоиҳаи «Созишномаи байниҳукуматии қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея» дархости мазкур фавран ба институти молиявии дахлдори кишвари Корея пешниҳод мешавад.

Мусоҳиб

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»