Аз имтиёзҳои гумрукӣ то реэкспорт

№114 (4064) 24.09.2019

Мусоҳиба бо сардори Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе Азизулло Давлатов

- Зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки «роҳбарияти Хадамоти гумрукро зарур аст, имкониятҳои мақомот­ро дар ошкор кардани қонунвайронкуниҳои гумрукӣ, пешгирӣ намудани қочоқи мол ва дигар қонунвайронкуниҳо тақвият бахшанд». Дар робита ба ин масъала дар шаҳри Душанбе чӣ чораҳо андешида шуд?

- Ба шарофати тадбирандешии бетаъхир нимсолаи аввали соли равон гардиши тиҷорати хориҷӣ дар минтақаи фаъолияти раёсат 590,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,0 млн. доллари ИМА зиёд мебошад. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 содирот 147,2 млн. доллари ИМА ва воридот 443,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Мутаносибан воридот нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 7,5 млн. ва содирот 107,5 млн. доллари ИМА зиёд шуд.

Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷие, ки дар минтақаи фаъолияти раёсат амал менамоянд, бо 93 давлати хориҷӣ тиҷоратро ба роҳ монданд. Ҳамин тариқ, гардиши мол бо Швейтсария — 84,1 фоиз, Туркия — 4,6, Ҷумҳурии Исломии Эрон — 4,8, Федератсияи Россия — 1,4, Ӯзбекис­тон — 1,1 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба буҷети давлатӣ 555,7 млн. сомонӣ пардохти гумрукӣ ворид гардид, ки 102,2 фоизро ташкил дода, нисбат ба нақша 11,8 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 79,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Сабаби асосии иҷрои барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ин давра, пеш аз ҳама, татбиқи қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ воридшуда, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукии молҳои ниёзи мардум, тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Илова бар ин, ба рақамикунонии пардохтҳои гумрукӣ бо истифода аз низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, назорати фосилавии фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, иттилоотонии пешакӣ ва монанди инҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Зеро амалӣ гардидани тадбирҳои мазкур ба самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ низ мусоидат менамояд.

- Раванди бархӯрдорӣ аз андоз­ҳои гумрукӣ дар кадом сатҳ аст?

- Ҳаҷми умумии воридот дар нимсолаи аввали соли равон 657,1 млн. доллари ИМА — ро ташкил дод, ки аз он 517,4 млн. доллари ИМА (78,7 фоиз) аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод мебошад. Аз он 175,1 млн. доллари ИМА воридоти асъори миллӣ ва хориҷӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳамин давраи соли 2018 ҳаҷми умумии воридот 742,9 млн. доллари ИМА — ро ташкил дода, аз ин 489,2 млн. доллари ИМА (65,8 фоиз) аз супоридани пардохт­ҳои гумрукӣ озод буданд.

- Аз ҷониби Агентии «Тоҷик­стандарт» молу маҳсулоте, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нест, барои реэкспорт ба мақомоти гумрук пешниҳод мегардад. Барои мисол, дар нишасти матбуотии ин ниҳод зикр шуд, ки «дар шаш моҳи соли ҷорӣ 18 тонна чойи сиёҳ (истеҳсоли Ҳиндустон), 219 тонна гӯшти мурғ (истеҳсоли Туркия), 130,733 тонна равғани нахл (истеҳсоли Малайзия) ва 106, 9 тонна меваи хурмои хушк (истеҳсоли Ироқ ва Туркия) ғайристандартӣ эътироф шуда, барои аз ҷумҳурӣ берун баровардан тибқи низоми «Реэкспорт» ба Хадамоти гумрук пешниҳод шуд. Дар робита ба ин масъала мехостам маълумот диҳед.

- Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки ба ин масъала боби 27 — уми Кодекси гумрук бахшида шуда, тибқи муқаррароти моддаи 239, реэкспорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин ҳудуд бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешавад.

Моддаи 240 — уми кодекс муқаррар кардааст, ки таҳти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартҳои зайл — баровардани молҳое, ки дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, то ҷойгиркунии онҳо таҳти низоми муайяни гумрукӣ, баровардани моли қаблан барасмиятдаровардашуда таҳти низоми гумрукии иҷозати мол барои муомилоти озод, содироти молҳои хориҷӣ, ки таҳти амалиёти коркард қарор нагирифтаанд, қаблан таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ва коркарди мол барои муомилоти озод ҷойгир карда шудаанд, содироти молҳои хориҷӣ, ки қаблан таҳти низомҳои гумрукии анбори гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, воридоти муваққатӣ ва савдои бебоҷ қарор дода шудаанд, ҷойгир карда мешавад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шартҳои иловагии ҷойгир намудани молро таҳти низоми гумрукии реэкспорт муқаррар намоянд.

- Дар ошкор кардани қонунвайронкуниҳои гумрукӣ ва пешгирӣ намудани қочоқи мол кадом корҳо ба анҷом расиданд?

- Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар воҳидҳои тобеъи раёсат 305 ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин нишондиҳанда 10 ҳолатро парвандаҳои ҷиноятӣ ташкил медиҳанд.

Аз 295 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии бақайдгирифташуда 277 адади он аз тарафи воҳидҳои сохтории раёсат баррасӣ карда шуда, боқимонда аз рӯи тобеият барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.

Инчунин, 290 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки аз ин 222 шахси воқеӣ, 4 шахси мансабдор ва 64 нафар ашхоси ҳуқуқӣ мебошанд. Ҷаримаҳои ситонидашуда 697390,97 сомониро ташкил медиҳанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 106274,38 сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни баррасии парвандаҳои маъмурӣ пардохтҳои гумрукии ситонидашуда 7 361 460,81 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 614 507,95 сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷаи вусъат бахшидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар нимсолаи аввали соли 2019 аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии раёсат пардохтҳои гумрукии камситонидашуда 4 381 299,08 сомонӣ ошкор гардида, ба пуррагӣ барқарор карда шуд. Дар маҷмӯъ, 4 443 724,08 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор гардид.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»