Андеша

Чаро инсонҳо душмани якдигар мешаванд?

№25 (3975) 05.03.2019

Дунёи имрӯз, раванди воқеаю ҳодисот дар ин ё он кишвари олам ҳар як фарди солимфикрро ба андеша водор месозад, зеро Замин яктост ва Худованд барои инсонҳо дар ин ё он гӯша ҷойи зисту фаъолиятро муқаррар кардааст ва фармудааст, ки бо якдигар дӯстӣ ва ҳамкорӣ кунед, на душманӣ. Ҳақ ба ҷониби шайх Саъдист, ки мефармояд:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Аммо чаро инсонҳо ба якдигар душман мешаванд ва ҳақиқати одиро фаромӯш мекунанд?

Дарвоқеъ, захми фоҷиаҳои дардноки солҳои охир дар Ироқ, Сурия, Яман, Фаластин, Афғонистон ҳанӯз шифо наёфта, захм­ҳои нав ба нав ба ҷисми инсон зада мешавад. Ва боз аз ҷониби инсон…

Алҳол ба кишварҳои ноороми сайёра Венесуэла ҳамроҳ аст. 23 январ Спикери парлумон (Ассамблеяи миллии Венесуэла) Хуан Гуайдо, ки мухолифи давлат аст, худро муваққатан Сарвари давлат эълон кард ва ӯро ИМА, Канада, баъзе аз давлатҳои Америкаи Лотинӣ эътироф намуданд. Россия ва боз чанд давлати дигар Президенти феълии Венесуэла Николас Мадуроро ҳақ мешуморанд. Кремл амали давлатҳои Амрико ва Аврупоро ҳамчун дахолат ба корҳои дохилии Венесуэла арзёбӣ кард. Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҷереми Хант иброз дошт, ки Мадуро талаби кишварҳои Аврупоро дар бораи интихоботи навбатии Президент иҷро накард. Парламенти Аврупо низ дар резолютсияи қабулкардааш сарвари парламент Хуан Гуайдоро «Президенти қонунии муваққатии Венесуэла» эълон намуд. Акнун одамон дар ин кишвар ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, якдигарро таҳдид мекунанд.

Тарафдорони ҳар ду гурӯҳ як миллат, сокини як кишваранд, ки дар Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир аст ва беш аз 30 миллион нафар аҳолӣ дорад. Қисме аз давлатҳои абарқудрат бошанд, ба ҷойи ёфтани роҳи ҳалли мусолиматомези масъалаи бамиёномада гурӯҳҳоро миёни ҳам мешӯронанд ва ин корро ғамхорӣ, ҳимоя аз демократия маънидод мекунанд. Баъзе давлатҳо як гурӯҳро қисмате гурӯҳи муқобилро дастгирию ҳавасманд менамоянд. Ҳол он ки ҳеҷ кадоме аз ин кишварҳо дӯст намедоранд, ки ба масъалаҳои дохилии давлати онҳо касе дахолат кунад ва ё ба қавле, «пишакашонро пишт» гӯянд. Вале ин амали ғайриинсониро ба дигарон раво мебинанд. Фитнаҳои ҷаҳонхоҳон ва амалҳои дастпарваронашон — гурӯҳҳои даҳшатафкани террористӣ боиси қурбонии садҳо ҳазор инсон дар кишварҳои гуногуни олам мегардад ва, албатта, рафта-рафта нокомии зиёдро ба бор хоҳанд овард.

Кор то ба ҷое расида, ки айни ҳол таҳдидҳо бар зидди инсон, анҷоми амалҳои террористӣ боз ҳам авҷ гирифта истодааст ва бесуботию нооромии сайёра боиси ташвиши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз намуданд: «…кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд.

Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террорис­тиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин неруҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад.» Дар ин замина, Сарвари давлат таъкид карданд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд».

Воқеан ҳам бо гуманизми олӣ ва дарки воқеии ҳодисоти дар ҷаҳон баамаломада муборизаю талошҳои давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир самаровар хоҳад буд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»